Архив рубрики: Хабарҳо

САҲА аз лағви моддаҳои тӯҳмату таҳқир истиқбол кард

[b]Дуня Миятович аз ҳазфи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон истиқбол намуд.[/b]

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз лағви моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар қонунгузории Тоҷикистон истиқбол кардааст. Дар баёнияе, ки дар сомонаи САҲА аз қавли Дуня Миятович, масъули озодии баён ва воситаҳои ахбори умуми ин созмон нашр шудааст, таъкид мешавад, ки ҳазфи моддаҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» рушди озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

Ҳазфи моддаҳои вобаста ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар пайи ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иттифоқ афтод. Маҳофили хабарӣ ва рӯзноманигорони тоҷик низ аз ислоҳоти мазкур ба қонуни ҷиноии кишвар истиқбол карданд. Зеро аз чанд сол ба ин сӯ маҳз хабарнигорон буданд, ки дархости ҳазфи ин бандҳоро аз қонунгузории кишвар дар миён мегузоштанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=198]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=198[/url]

Источник:

Пажӯҳишҳои журналистӣ сармоя мехоҳад, иттилоот ҳам

[b]Бо вуҷуди теъдоди зиёди нашрияҳо ва расонаҳои ахбори умум, суолҳои зиёди шаҳрвандон беҷавоб ва асрори рӯйдоду падидаҳои гуногун дар паси парда боқӣ мемонанд.[/b]

Ин ақидаи ҷомеъашинос Санавбар Шерова аст, ки мегӯяд, барои бардоштани парда аз асрорҳо ва пайдо кардани посух ба садҳо суоли беҷавоб, журналистон бояд мавзӯъҳои ҳассосро мушикофона баррасӣ намоянд.

Ин ақидаро, ки асроркушоӣ аз падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ пажӯҳиш ва тадқиқро мехоҳад, бисёре аз журналистон низ ҳимоят мекунанд. Журналисти тоҷик Ёқуби Саид мегӯяд, агар барои журналистони тоҷик шароити мусоид фароҳам оварда шавад, онҳо аз ӯҳдаи пажӯҳишҳои нодир мебароянд: “Ҳоло агар мо нашрияҳоро варақ занем, кам андар кам пажӯҳишҳоеро мебинем, ки рӯйи чоп омадаанд. Дар ҳоле, ки онҳо бояд гузаронида шаванд ”

Дар Тоҷикистон 7 сол аст, ки Маркази тадқиқоти журналистӣ амал мекунад. Ин марказ маъмулан ба ташкил ва гузаронидани пажӯҳишҳои журналистӣ машғул буда, дорои се нашрия — «Фараж”, “Самак” ва “Ману ту” аст. Маъмулан маводи пажӯҳишии ин созмон дар нашрияҳои мазкур рӯйи чоп меоянд ва ахиран ин Марказ маҷмӯи пажӯҳишҳои тӯли ҳафт сол анҷом додаи хабарнигорони тоҷикро зери унвони “Тӯмори андӯҳ” ба табъ расонид.

Дилшоди Абдулмаҷид, корманди Маркази тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, онҳо одатан масъалаҳои марбут ба баҳсҳои додгоҳиро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳанд: “Мушкил дар дастрас кардани маълумот аз идораҳо аст. Бисёр баҳонаҳо пеш меоранд, ки бо таври хаттӣ муроҷиат кунед. Агар расман муроҷиат кунем, хеле дер посух медиҳанд.”

Саҳми Созмони байнулмилалии дастгирии ВАО-и мустақар дар Дания, дар рушди журналистикаи пажӯҳишӣ дар Тоҷикистон муҳим шумурда мешавад. “Фарзандхонӣ дар Тоҷикистон”, “Харидории шаҳодатномаи ронандагӣ”, “Қимати саломатӣ” аз мавзӯҳоеанд, ки ин созмон аз миёни 20 мавзӯи пажӯҳишии журналистони тоҷик, интихоб ва маблағгузорӣ мекунад. Созмони мазкур барномаи шабакаи журналистони пажӯҳишгар ё SCOOP-ро барои нахустин бор дар Тоҷикистон бо эълони озмуни беҳтарин пажӯҳиши журналистӣ, роҳандозӣ кард.

Муҳайё Нозимова, раҳбари барномаи мазкур дар Тоҷикистон мегӯяд, барномаҳои пажӯҳишии журналистони ҷавон ба маблағи 4 ҳазор евро маблағгузорӣ мешавад: “Вақте ки мо маводҳои тарҷума кардаи журналистонро мегирем, мо ҳатман ба ҳуқуқшинос онро месупорем то ин ки аз назари ҳуқуқӣ онро таҳрир намоянд. Баъдан он ба забони англисӣ тарҷума шуда дар нашрияҳои байнулмилалӣ бо забони англисӣ ва дар нашрияҳои дохилӣ бо забони тоҷикӣ нашр мешавад.”

Вазъи таваллудхонаҳо дар деҳоти кишвар, қочоқи инсон, хариду фурӯши дорувории башардӯстона, вазъи собиқ маҳбусон баъд аз расидан ба озодӣ ва амсоли инҳо, аз мавзӯъҳое буданд, ки хабарнигорон барои таҳқиқот пешниҳод намуданд ва аммо маблағгузории онҳо барои оянда вогузор шудааст. Муҳайё Нозимова мегӯяд, созмони байналмилалии дастгирии ВАО, баъд аз боварӣ ҳосил намудан ба малакаҳои пажӯҳишии хабарнигорони тоҷик, лоиҳаҳои бештарро маблағгузорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Муҳайё Нозимова, минбаъд ташаббусҳои журналистон дар роҳандозии пажӯҳишҳои ҷолиб дастгирӣ шуда ҳузури онҳоро дар конфронсҳои байнулмилалӣ таъмин мекунад: “Тадқиқоти журналистӣ на танҳо вақт, балки маблағи муайянро талаб мекунад. Аммо расонаҳои хабарии мо чунин имкониятро надоранд. Ва аз ин рӯ онҳо бояд аз ин имкониятҳо истифода бикунанд.”

Дар ҳамин ҳол як гурӯҳ аз журналистони касбӣ изҳор медоранд, ки ҳатто аз ҳисоби худ омодаанд пажӯҳишҳои зиёди журналистӣ баргузор кунанд, аммо эҷоди мушкил дар баъзе аз сохторҳои зиддахл ва монеаҳои бюрократӣ барои ба даст овардани иттиллоъ, онҳоро дилсард ва пажӯҳишҳоро нотамом мегузорад.

Холиқназар Ҷумъаев, хабарнигори пажӯҳишгар мегӯяд, аксари масъалаҳои тадқиқотие, ки дар рӯзномаҳои тоҷик нашр мешаванд, бе ҷавоб боқӣ мемонанд. Дар ҳоле ки президекнти кишвар бо судури як фармон афроди масъулро вазифадор кардааст, ки ба ин матолиб посухи расмӣ бидиҳанд: “Аз як ҷиҳат ин пажӯҳишҳо хуб ҳастанд. Мавриди санҷиш қарор нагиранд ҳам мавзӯро мекушоянд.”

Бо ин вуҷуд Холиқназар Ҷумъаев меафзояд, пажӯҳишҳои журналистӣ бо ҳар роҳе набошанд, бояд гузаронида шуда ба табъ расанд.Зеро онҳо ба хонанда умед мебахшанд ва ҳарчанд натиҷаи ҳамонзамонӣ намедиҳанд, дар дарозмуддат ба вазъ таъсир хоҳанд кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24595648.html

Хабарнигори «Сафина» гуфт, ҳоло аробакашӣ мекунад

[b]Далер Шарифов мегӯяд, ӯро аз ҷои кораш барои ду моҳ рухсатӣ додаанд ва ӯ ночор ба аробакашӣ машғул аст.[/b]

Телевизиони «Сафина» хабарнигор Далер Шарифовро, ки чанде пештар аз сӯи афроди номаълум лату кӯб шуда буд, барои ду моҳ рухсатӣ додааст. Моҳлиқо Шарифова, масъули идораи барномаҳои ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиши телевизиони «Сафина», дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарияти шабака чунин тасмимро ба хотири комилан беҳбуд ёфтани вазъи сиҳати Далер Шарифов гирифтааст.

Аммо худи Далер, ки аз чунин иқдоми раҳбарияти «Сафина» дар тааҷҷуб афтодааст, гуфт, ӯ ҳоло сиҳат шудааст ва метавонад ба кори телевизион баргардад. Вай илова кард, агар то ду моҳи дигар фаъолияташ дар телевизиони «Сафина» барқарор нашавад, аз хабарнигорӣ дар як муассисаи давлатӣ даст кашида, ба ҳайси хабарнигори расонаҳои мустақил ба фаъолият хоҳад пардохт.

Далер Шарифов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар яке аз бозорҳои пойтахт ба аробакашӣ машғул аст, зеро ба ҳангоми дар бемористон буданаш ҳудуди дуним (2,5) ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Ӯ афзуд, маблағи табобатро худаш пардохт кардааст ва то имрӯз танҳо аз ҷониби созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ҳамагӣ 300 доллар кӯмак дарёфт кардааст.

Бо ин вуҷуд, Далер аз сӯи ду шабакаи телевизионии форсизабон, воқеъ дар Дубай, даъвати ҳамкорӣ дарёфт кардааст. Вале мегӯяд ӯ, то ду моҳи дигар мунтазири бозгашт ба «Сафина» хоҳад монд ва баъд аз он тасмими ниҳоияшро хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, Далер Шарифов, хабарнигори шабакаи «Сафина» ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам» шоми 7-уми май дар наздикии бинои сафорати Русия, дар маҳаллаи 82-юми Душанбе, аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Ин хабарнигори ҷавон аз соли 2005 бо шабакаи «Сафина» ҳамкорӣ дошта, бо ток-шоуи «Муошират» ва ҳамчунин барномаи «Қатрае аз баҳр» дар байни тамошобинони маъруф аст. Дар айни замон ӯ донишҷӯи соли панҷуми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24595736.html

Семинари омӯзишӣ барои муҳаррирони ҷавони тоҷик

[b]Аз 24 то 26-уми май дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи «Дастрасии иттилоот барои сармуҳаррирони нашрияҳои ВАО-и Осиёи Миёна» семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он муҳаррирони ҷавони нашрияҳову хабаргузориҳо ширкат намуданд.[/b]

Ин семинар бо ташаббуси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Фонди байналмилалии ҳимояи озодии сухан «Адил Соз»-и Қазоқистон ва дастгирии молиявии ЮНЕСКО доир гардид.

Ҳадафи баргузории семинари мазкур баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии журналистони ҷавон ва роҳҳои гуногуни дастрасӣ ба иттилоот мебошад.

Дар семинар мавзӯҳои афзалиятҳои имконпазир ва маҳдуд будани озодии иттилоот, принсипҳои асосии озодии иттилоот дар асоси қонунгузориҳои кишвар, стандартҳои байналхалқии дастарсӣ ба иттилоот,принсипҳои асосии қонунгузорӣ дар бораи озодии иттилоот, меъёрҳои байналхалқӣ ва мақсади дастрасӣ ба иттилоот, қонуни намунавии озодии матбуот, ки онро созмони байналмилалии «Артикль 19» таҳия намудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорони семинар — муҳаррирони ҷавони расонаҳои хабарии шаҳри Душанбе бо роҳу усулҳои дастрасӣ ба иттилооти сирри давлатидошта ошно шуданд.

Раҳима АЪЗАМ

Источник: http://www.faraj.tj/index.php?newsid=652

AI Тоҷикистонро барои шиканҷа ва хушунат танқид кард

[b]Афви Байналмилалӣ дар гузориши солонаи худ ба шиканҷа, озодии баён ва хушунати занон дар Тоҷикистон таъкид кардааст.[/b]

Созмони Афви байналмилалӣ дар бахши Тоҷикистони гузориши солонааш, ки рӯзи 24-уми май нашр шуд, навишт, дар соли 2011 дар ин кишвар замонати роҳ надодан ба шиканҷа, ки дар қонунгузориаш дарҷ шудааст, на ҳамеша муроот мешуд. Ҳамчунин, ба навиштаи ин созмон, маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён боқӣ мондааст ва мақомот натавонистанд ҷилавгирии муассир аз мавридҳои хушунат алайҳи занон ва кумак ба қурбониёни чунин хушунатҳоро таъмин кунанд.

Афви Байналмилалӣ мегӯяд, бо вуҷуди ислоҳи қонун дар соли 2010, мақомоти милиса ва ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон ҳамчунон бидуни муҷозот ба истифода аз шиканҷа ва шеваҳои дигари бадрафторӣ идома медоданд.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ба ҳамин далели вуҷуди мавридҳои саросарии шиканҷа талаб мекард, ки муҷримонро ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Гузориш қазияи пурсарусадои Сафаралӣ Санговро мисол овардааст, ки бар асари латукӯб дар боздошт ҷон бохт, вале афсарони муҷрим дар ҳалокати Сангов танҳо бо ҷурми “хунукназарӣ” маҳкум шуданд.

Мисоли дигари Афви байналмилалӣ аз Илҳом Усмонов аст, ки ҳамроҳ бо 52 тани дигар бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон ба додгоҳи вилояти Суғд эҳзор шуд. Усмонов ва шариконаш дар додгоҳ аз шиканҷа шикоят карданд, вале қозӣ ба ин арзи онҳо эътибор надодааст.

Мояи дигари интиқоди Афви байналмилалӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ва ду додгоҳи пурсарусадои соли гузашта алайҳи хабарнигорон аст. Хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар ниҳоят бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир ба 3 соли зиндон маҳкум ва билофосила бар асоси қонуни афв раҳо карданд. Аммо хабарнигори “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки ибтидо 7000 доллар ҷарима баста шуда, аз ҳаққи фаъолияти журналистӣ маҳрум карда шуд, тавонист дар додгоҳи мунсифа ба лағви ҷарима ноил шавад.

Ин бор Афви байналмилалӣ як қисмати умдаи бахши Тоҷикистони гузориши солонаашро ба хушунат алайҳи занону духтарон бахшида, мегӯяд, хушунати хонаводагӣ, ки як омили аслиаш нотавонии давлат дар амри пешгирӣ аз никоҳҳои барвақтист, як мушкили ҷиддӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва танҳо аз 1-уми январ синни ҳадди ақали издивоҷи духтарон дар ин кишвар аз 17 то 18 боло бурда шуд.

Гузориш бо таассуф меафзояд, шумори паноҳгоҳҳо барои қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон хеле кам аст ва тарҳи қонуни ҳимояти иҷтимоиву ҳуқуқӣ аз хушунат дар хонавода ҳам, ки чанд сол боз муҳокима мешуд ва тирамоҳ ба дасти порлумон расид, то ҳанӯз тасвиб нашудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24591400.html

Дархости рӯзноманигорон аз ниҳодҳои интизомӣ

[b]Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар баёнияи муштараке аз ниҳодҳои интизомӣ тақозо карданд, ки қазоёъи ҳамла ба рӯзноманигронро ҷиддан таҳқиқ кунанд ва ҷомеъаро аз натоиҷи таҳқиқот огоҳ созанд.[/b]

Ин баёнияро руасони Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, созмонҳо ғайридавлатии “Медия Алиянс” ва “Журналист” ва Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз рӯзноманигрон имзо кардаанд.

Дар ин баёния ибрози нигаронӣ шуда, ки танҳо дар зарфи ду ҳафтаи моҳи ҷорӣ аз се мавриди ҳамла ба афроди марбут ба фаъъолияти журналистӣ гузориш шудааст.
Дар ин муддат Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти ӯзбакҳо дар Қурғонтеппа, пас аз мусоҳибааш бо рӯзноманигрон, сипас Далер Шарипов, хабарнигорни телевизиюни “Сафина” дар шаҳри Душанбе ва ахиран Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтаанд.

Дар баёния омадааст: “Паҳн кардани эҳсоси тарс аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноӣ метавонад ба “фирори мағзҳо” мунҷар шавад.”

Зимнан, вазорати кишвари Тоҷикистон дар сойти расмии худ хабаре мабнӣ бар дарёфти шикояти Равшани Ёрмуҳаммад дар бораи ҳамлаи афроди номаълум ба ӯро мунташир кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/05/120523_sq_media_crime.shtml

Далер Шарипов: Моро ба он хотир ғофилгирона мезананд, ки аз мо метарсанд

[b]Далер Шарипов хабарнигори телевизиони «Сафина» ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам» шоми 7-уми май тақрибан соти 22.30 дар ноҳияи Сино, наздикии бинои сафорати Русия, аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт.[/b]

Дар сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj Далер Шарипов гуфт, ки чун ҳамла ногаҳонӣ ва хело сахт буд, он шахсонро нашинохтааст, вале бовар дорад, ки қонун ҳаст ва кормандони мақомоти дохилии ноҳияи Сино дар мавриди ин қазия кор карда, ҷинояткоронро дастгир мекунанд».

«Ҳамлаи беогоҳӣ ин амали номардона аст ва моро ба он хотир ғофилгирона мезананд, ки аз мо метарсанд»,- мегӯяд рӯзноманигор.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=197]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=197[/url]

Источник:

Баёнияи муштараки созмонҳои журналистии Тоҷикистон

ш. Душанбе, 22 майи соли 2012

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ), Шӯрои оид ба ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди гиромидошт ва ҳифзи ҳукуқҳои журналистони Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии «Журналист» бо сабаби аз тарафи ашхоси номаълуми бадкирдор ҳадафи ҳамла ва лату кӯб қарор гирифтани шаҳрвандон, аз он ҷумла журналистон, изҳори ташвиш менамоянд. Созмонҳои журналистӣ аз мақомоти ҳифзи қонуни ҷумҳурӣ бо мақсади кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо талаб менамоянд, ки ҳар як воқеаи мазкурро ба таври ҷиддӣ тафтиш намуда, аҳли ҷомеаро аз натиҷаҳои фаъолияти худ оид ба устувор гардондани тартиботи қонунӣ дар мамлакат хабардор гардонанд.

Танҳо дар нимаи аввали соли 2012 воситаҳои ахбори оммаи мамлакат дар бораи се воқеаи лату кӯби одамони эҷодкор хабар интишор кардаанд. Аз воқеаи мавриди лату кӯб қарор гирифтани журналисти ТВ «Сафина» Далер Шарифов дар шаҳри Дуганбе акнун ду ҳафта гузаштааст. Қаблан дар шаҳри Қӯрѓонтеппа раиси Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов лату кӯб шуда буд. Агар нафари аввалӣ сабаби лату кӯб қарор гирифтанашро ба фаъолияти касбиаш алоқаманд донад, пас нафари дуюмӣ мусоҳибааш бо ВАО-ро сабаб медонад. Баъд аз чанд рӯз аз тарафи ашхоси номаълум нависанда Равшани Ёрмуҳаммад мавриди ҳамла қарор гирифт.

Мо итминон дорем, ки шиддат бахшидани муҳити тарсу ҳарос ва беҳимоятӣ, ки натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша аст, оқибатҳои ногувор дошта, ба он оварда мерасонад, ки шахсиятҳои баргузида тарки кишвар мекунанд. Илова бар ин, то охир анҷом наёфтани тафтишоти воқеаҳои номбаршуда ва воқеаҳои дигар ба тартиботи қонунӣ ва амнияти ҷомеаи мамлакат хатар доранд. Дар ҳолати баамаломада мувофиқи мақсад будани ташаббуси Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов дар бораи аз ҳисоби шаҳрвандони нисбатан бошуур эҳё намудани фаъолияти дружинаҳои мардумиро маъқул медонем, зеро онҳо якҷоя бо коркунони милитсия барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ ва устувор гардондани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ мусоидат карда метавонанд.

Мо ҷонибдири волоияти қонун дар ҷомеа буда, ҳамаи одамони фаъолро даъват менамоем, ки барои ба амал овардани шароити бебозгашти ҷазодиҳӣ барои поёмолсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ҷомеа саҳми худро гузоранд.

[b]Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ
Нуриддин Каршибоев, раиси АМВАОМТ
Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои оид ба ВАО ҶТ
Хуршед Ниёзов, котиби генералии МАТ
Мухтор Бокизода, раиси БГҲҲЖ
Кироншо Шарифзода, раиси СҶ «Журналист»[/b]

Источник:

Коршинос: «Ин латукӯбҳо дар маҷмӯъ ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон латма мезананд»

[b]Вақтҳои охир латукӯби чеҳраҳои шинохтаи кишвар, журналистону адибон дар кӯчаву хиёбонҳо аз ҷониби шахсони номаълум зиёд мушоҳида мешаванд. Ҳодисаҳои ахир — латукӯби хабарнигори телевизиони «Сафина» Далер Шарифов, Салим Шамсиддин — раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ва нависандаи шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад омили он гардидааст, ки сари ин мушкил андеша карда шавад.[/b]

Перомуни ин ҳодисаҳо мо бо журналист ва коршиноси минтақавии вилояти Суғд Тилав Расулзода чунин ибрози назар кард:

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=196]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=196[/url]

TojNews

Источник:

Факултаи журналистикаи ДМТ аз Вазорати умури хориҷӣ китоб гирифт

[b]Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллӣ 6 номгӯи китобро 5 донаӣ тақдим кард.[/b]

Тавре аз факултаи журналистикаи ДМТ ба Озодагон иттилоъ доданд, «Дипломатияи Тоҷикистон. Солнома. 2009», «Дипломатияи Тоҷикистон. Солнома. 2010 (аз ҷумла бо забонҳои русиву англисӣ), «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон» аз ҷумлаи асарҳои тақдимшуда аст. «Устодону шогирдони кафедра аз ин иқдоми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хеле шод гаштанд. Омода кардани журналистони забондон аз супоришҳои президент дар Рӯзи матбуоти тоҷик буд»,-афзуд манбаъ

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/5068-2012-05-21-12-09-38