Архив рубрики: Хабарҳо

Нашрияи «ИмрӯзNews» ба додгоҳи Душанбе шикоят бурд

Нашрияи «ИмрӯзNews» аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки баҳси миёни онҳо ва Рустам Ҳукумов, писари раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро ба нафъи дувумӣ поён бурд, ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Дар ин бора ба «Озодагон» Назири Нусрат, сардабири «Имрӯз Нюс», хабар дод ва гуфт, онҳо ҳукми додгоҳи Исмоили Сомониро, ки нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба Рустам Ҳукумов масъул кардааст, қабул надоранд ва онро «ғайриқонунӣ» мешуморанд. Читать далее Нашрияи «ИмрӯзNews» ба додгоҳи Душанбе шикоят бурд →

Таманниёт ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик

Рӯзи 11 март дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай мо – журналистони тоҷик солгарди навбатии ҷашни касбиамонро таҷлил менамоем. Ҳарчанд он рӯзи таъсисёбии рӯзномаи нахустини тоҷикӣ «Бухорои шариф» аст, вале имрӯз намояндагони ҳамаи намудҳои воситаҳои ахбори омма – коркунони телевизиону радио, агентиҳои иттилоотӣ, коркунони соҳаи интишори китоб, хабарнигорони сомонаҳои интернетӣ низ онро ҳамчун рӯзи касбиашон таҷлил менамоянд. Читать далее Таманниёт ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик →

Табрикоти идонаи Раиси ИЖТ

Имрӯз мо, журналистон, онҳое, ки барои ҳам дохил ва ҳам барои хориҷи мамлакат чигунагии ҳақиқати Тоҷикистонро ҷилвагар месозем, иди касбӣ дорем. Сафҳаи навбатии таърихи журналистикаи муосири ватаниро баргардонида, ба ҳукми анъана, аз муваффақияту пешравиҳо ва инчунин мушкилоту нокомиҳои соҳа дар соли сипаришуда ёд кардан ба маврид аст. Читать далее Табрикоти идонаи Раиси ИЖТ →

«Афсӯс, озодии сухан дар мо ба дараҷаи зарурӣ нест»

Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, дар остонаи рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, дар номае вазъи матбуот, озодии баён ва таъқиби хабарнигоронро баррасӣ кардааст.  Читать далее «Афсӯс, озодии сухан дар мо ба дараҷаи зарурӣ нест» →

ИЗҲОРОТИ «ИМРӮЗНЮС» ДАР БОРАИ ДАЪВОИ ҲУКУМОВ

Субҳи рӯзи душанбеи 4-уми март, ҳайати эҷодии рӯзномаи «ИмрӯзNews» нисбат ба ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо даъвои Ҳукумов Рустам изҳорот пахш намуд. Дар ин баёния, ки ба унвонии Судии Олии Тоҷикистон, Вазорати адлия, созмонҳои журналистии Тоҷикистон ва сафоратҳои як иддаи кишварҳои ҷаҳон низ равон шудааст, аз ҷумла, омадааст: Читать далее ИЗҲОРОТИ «ИМРӮЗНЮС» ДАР БОРАИ ДАЪВОИ ҲУКУМОВ →

Даҳ соат аз барномаҳои телевизиони Пойтахтро «қайчӣ заданд»

Телевизиони “Пойтахт”, ки то як ҳафтаи пеш ҳудуди 18 соат барнома пахш мекард, ҳоло дар шабонарӯз ҳашт соат барнома пахш хоҳад кард. Ин тасмим баъд аз қатъи барномаҳои «Пойтахт» дар як ҳафтаи охир гирифта шудааст. Читать далее Даҳ соат аз барномаҳои телевизиони Пойтахтро «қайчӣ заданд» →

Додгоҳ даъвои мудири пешини «Санҷобча» алайҳи «Озодӣ»-ро беасос хонд

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе, даъвои собиқ мудири кӯдакистони «Санҷобча» алайҳи Радиои Озодиро рад кард. Читать далее Додгоҳ даъвои мудири пешини «Санҷобча» алайҳи «Озодӣ»-ро беасос хонд →

«ИМРӮЗНЮС»-РО ДАР РӮЗИ МАТБУОТ СУД МЕКУНАНД

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи судии рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро бо шикояти ҶДММ «Тоҷирон» ба 11-уми марти соли ҷорӣ — ба Рӯзи матбуоти тоҷик таъйин кардааст. Дар суд мегӯянд, ба Рӯзи матбуоти тоҷик вогузор шудани мурофиаи аввали судии ин нашрия тасодуфе беш нест.  Читать далее «ИМРӮЗНЮС»-РО ДАР РӮЗИ МАТБУОТ СУД МЕКУНАНД →

БА ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК ИНЪИКОСИ МАВЗӮҲОИ НИЗОЪРО МЕОМӮЗАНД

Меъёрҳои байналмиллаӣ дар инъикоси мавзуҳои низоъ ҳангоми иҷрои рисолати хабарнигорӣ хеле муҳим аст. Читать далее БА ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК ИНЪИКОСИ МАВЗӮҲОИ НИЗОЪРО МЕОМӮЗАНД →