Архив рубрики: Хабарҳо
БАРРАСИИ ШИКОЯТИ ХАБАРНИГОР ДАР СУДИ ШАҲРӢ
Субҳи 20-уми март Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди шаҳри Душанбе шикояти Амруллоҳи Низом, хабарнигори “TojNews”-ро аз болои қарори суди марҳилаи якум (қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт) баррасӣ мекунад. Читать далее БАРРАСИИ ШИКОЯТИ ХАБАРНИГОР ДАР СУДИ ШАҲРӢ
Ҷанҷоли ҳунармандон дар донишкадаи ҳунар
Баҳси раиси Донишкадаи ҳунарҳои зебо бо собиқ устодони ин таълимгоҳ то ба додгоҳ рафт. Читать далее Ҷанҷоли ҳунармандон дар донишкадаи ҳунар
Раҷаби Мирзо мустақилона вориди корзори интихоботӣ мешавад
Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи шумораи 39-и Восеъ, на аз тариқи ҳизбӣ, балки аз роҳи инфиродӣ вориди корзор мешавад. Читать далее Раҷаби Мирзо мустақилона вориди корзори интихоботӣ мешавад
Оғози муҳокимаи шикояти «Тоҷирон» алайҳи нашрияи «ИмрӯзNews»
Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии шикояти ширкати «Тоҷирон» алайҳи рӯзномаи «ИмрӯзNews» оғоз кард. Читать далее Оғози муҳокимаи шикояти «Тоҷирон» алайҳи нашрияи «ИмрӯзNews»
Нигаронии мақомот аз таъхир дар нашри ҳафтаномаҳо дар Хатлон
Раиси вилояти Хатлон таъхир дар нашри ҳафтаномаҳо дар вилояти Хатлон ибрози нигаронӣ кардааст. Читать далее Нигаронии мақомот аз таъхир дар нашри ҳафтаномаҳо дар Хатлон
Diyor FM — нахустин радиои интернетии тоҷикони Амрико
Дар шабакаи Интернет радиои тоҷикони Амрико бо номи Diyor FM ба фаъолият оғоз намуд. Барномаҳои радиои Diyor FM-ро мешавад тариқи онлайн, яъне тавассути Интернет гӯш кард -http://www.radiodiyor.com/. Дар сайти интернетии ин радио инчунин аксу нигораҳои муаррификунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ нашр шудаанд. Читать далее Diyor FM — нахустин радиои интернетии тоҷикони Амрико
ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА ЖУРНАЛИСТОН НЕТБУК ТӮҲФА КАРД
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик журналистони вилояти Суғд бо тӯҳфа ва Сипосномаи раиси вилоят Қоҳир Расулзода қадрдонӣ гардиданд. Ба бархе аз журналистони мустақил ва мухбирони расонаҳои ғайридавлатӣ Қоҳир Расулзода нетбук тӯҳфа кард.
Дар ин бора аз Ҳукумати вилояти Суғд ба TojNews иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 11-уми март бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода адибон, рӯзноманигорон, намояндагии расонаҳои хабарии вилоят дар Корхонаи воҳиди давлатии «Кохи матбуот» 101-солагии матбуоти тоҷик таҷлил гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси вилоят Қоҳир Расулзода рӯзноманигорон, аҳли эҷоду сухан ва ноширони матбааҳои вилоятиро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март — рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» таҷлил мешавад, табрик намуд.
Дар бораи нақши расонаҳои хабарӣ ва электронӣ дар рушду нумӯи ҷомеа изҳори ақида намуда, раиси вилоят гуфт, воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеоти рӯзгор нақши муассир доранд…
Дар ин чорабинӣ ба журналистони вилоят унвони Аълочии матбуот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Аз ҷумла, Акрамҷон Урунов, директори Ширкати телевизионӣ ва радиошунавонии СМ1 ва Саъдулло Файзиев бо унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Ҷовид Ниёзӣ бо унвони Аълочии Телевизион ва радио қадрдонӣ шуданд.
Тӯҳфаи раиси вилояти Суғд — нетбукҳо ба мухбирони ҳафтаномаҳои «СССР», Раҳим Ҳасанов, «Фараж», Қамари Аҳрор ва журналистони мустақил — Тилав Расулзода, Илҳом Ҳошимов, Абдусабури Абдуваҳҳоб ва Нуъмон Раҷабов супурда шудааст.
Маврид ба зикр аст, дар маркази вилояти Суғд 12 шабакаи телевизионӣ, 48 рӯзнома ва 6 маҷаллаи давлативу хусусӣ фаъолият мебаранд.
http://tojnews.tj/netbook-ba-journalistoni-mustakil-az-rasulzoda
ХАТЛОН: ҚАДРДОНӢ АЗ ЖУРНАЛИСТОН ДАР РӮЗИ МАТБУОТ
Cубҳи имрӯз, 11-уми март, Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик хабарнигоронро ба ҳузур пазируфт. Читать далее ХАТЛОН: ҚАДРДОНӢ АЗ ЖУРНАЛИСТОН ДАР РӮЗИ МАТБУОТ
Зуҳуров аз хабарнигорон хост, дар арафаи интихобот “дақиқкор” бошанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 хабарнигорони тоҷикро ба дақиқкорӣ хонда, таъкид намуд, ки аз афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ наҳаросанд. Читать далее Зуҳуров аз хабарнигорон хост, дар арафаи интихобот “дақиқкор” бошанд