Архив рубрики: Хабарҳо

Интиқоди Хонаи Озодӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Тутубалина

Cозмони Хонаи Озодӣ дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи нашрияи «ASIA-Plus» ва сардабири он Олга Тутубалина ҷарима шудани ӯро «намунаи рӯшане аз сонсур» дар Тоҷикистон хондааст. Читать далее Интиқоди Хонаи Озодӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Тутубалина →

Таҳдид ба рӯзномафурӯш дар Автовокзал

Бо як тамоси телефонӣ, фурӯшандаи газета аз нуқтуи назди Автовокзали маркази Душанбе аз таҳдиди роҳбари милитсияи Сино 2-и пойтахт шикоят кард. Читать далее Таҳдид ба рӯзномафурӯш дар Автовокзал →

Вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ

Санаи 12-13 апрел бар асари боришоти шадид, ба деҳаи Одинабойӣ, ҷамоати Саричашма сел фаромада, боиси марги 13 нафар гашт. Аммо барои дастрасии иттилоот ва ҳузури кормандони васоити ахбори омма дар ҷойи ҳодиса монеа эҷод шудааст ва журналистон натавонистанд ба таври возеҳ ҳодисаро шарҳ диҳанд.  Дар пайи эҷоди мушкилӣ аз ҷониби кормандони мақомоти полис барои ворид шудани хабарнигорон ба маҳалли офати табиӣ дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, як қатор хабарнигорон тариқи телефон ба Бахши мониторингии Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)  хабар доданд.  Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ →

«ХОМА»: 60%-И СОКИНОН ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ ДАВЛАТИРО ТАМОШО НАМЕКУНАНД

Таҳлилгарони созмони ҷамъимятии «Хома» ба хулосае расидаанд, ки 49 дар сади аҳолии кишвар шабакаҳои давлатиро тамошо намекунанд, вале агар аз рўи  рейтинг хулоса барорем, натиҷа зиёда аз 60 дар садро ташкил медиҳад.

«Хома» ин матлабро дар гузорише расонаӣ кард, ки таҳти унвони «Тадқиқоти бозори телевизионии Тоҷикистон» интишор шудааст ва муаллифонаш мегўянд «новобаста аз суръати инкишоф индустрияи рекламавии мамлакат дар маҷмуъ аз дигар мамлакатҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ қафо мемонад».

Аз сўи дигар рекламаи телевизионӣ аз кулли бозори рекламаи Тоҷикистон ҳамагӣ 25,7 дар садро ташкил додааст. Даромади аз ҳама калон аз ҳисоби реклама бештар ба шабакаҳои умумиҷумҳуриявӣ ворид мешавад, зеро онҳо фарогирии васеъи пахш доранд.

Бино ба ин гузориш телевизионҳои давлатӣ рўзе аз 10 то 2,5 соат пахши реклама доранд, телевизионҳои мустақил бошанд аз 2 то 25 дақиқа вақти худро сарфи пахши реклама мекунанд.

Ва нуктаи дигар: телевизионҳои мамлакат бо панҷ забон барнома пахш мекунанд: тоҷикӣ (65%), русӣ (32%) ва узбакиву инглисиву  арабӣ, ки дар маҷмуъ 3 дар садро ташкил медиҳанд.

Хулосаи ин таҳқиқот, ки тибқи як лоиҳаи созмони ҷамъиятии «Хома» бо маблағгузории барномаи грантҳои хурди Комиссия оид ба рушди демократияи Сафорати ИМА роҳандозӣ шудааст, ахиран он дастгирии Намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон чоп шудааст.

http://www.tojnews.tj/60-fisad-television-hoi-davlatiro-tamosho-namekunand

Қаршибоев дар миёни сад ‘қаҳрамони иттилоърасонии’ ҷаҳон

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз сад фаъъоли матбӯъот ва озодии баён дар кишварҳои мухталиф ба унвони «қаҳрамонони арсаи иттилоърасонӣ» ном бурда, ки дар миёни онҳо Нуриддин Қаршибоев низ ҳаст. Читать далее Қаршибоев дар миёни сад ‘қаҳрамони иттилоърасонии’ ҷаҳон →

ТЕЗИСҲОИ маърӯзаи “Риояи меъёрҳои Қонуни нави матбуоти даврӣ дар амалияи рӯзноманигорӣ”

(Маърӯза дар асоси пурсиш ва суҳбат бо журналистони хабарсоз, коршиносону тадқиқотчиёни соҳа, муҳаррирону сармуҳаррирони ВАО, новобаста аз шакли моликият, сиёсати редаксионӣ, забони нашр ва мансубияти ҳизбӣ таҳия шудааст). Читать далее ТЕЗИСҲОИ маърӯзаи “Риояи меъёрҳои Қонуни нави матбуоти даврӣ дар амалияи рӯзноманигорӣ” →

Таҷлил аз Рӯзи озодии баён ва мушкилоти расонаҳо дар Тоҷикистон

Рӯзноманигорон ва фаъъолони созмонҳои расонаии Тоҷикистон бо баргузории як ҳамоиш ва баррасии мушкилоти озодии баён дар ин кишвар аз «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбӯъот» таҷлил карданд. Читать далее Таҷлил аз Рӯзи озодии баён ва мушкилоти расонаҳо дар Тоҷикистон →

“Asia-Plus” ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад

Додгоҳи шаҳри Душанбе зимни расидагӣ ба шикояти нашрияи «Asia-Plus» ва Олга Тутубалина, сардабири он, ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдасии ин шаҳрро таъйид кардааст. Читать далее “Asia-Plus” ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад →

Қаршибоев — шамшеру сипари журналистикаи мустақил

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии баён раҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ба рӯйхати «100 қаҳрамони иттилоотӣ» ворид гардид, ки аз ҷониби созмони «Гузоришгарони бидуни марз» тартиб дода шудааст. Читать далее Қаршибоев — шамшеру сипари журналистикаи мустақил →