Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар — Human Rights Watch аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар мавриди ҷаримабандии ҳафтаномаи мустақили Азия Плюс ва хабарнигори он Олга Тутубалина интиқод карда, хостааст, то ин ҳукм дар зинаҳои болоии додгоҳӣ лағв шавад. Бо нашри як изҳорот дар сомонааш созмони Human Rights Watch, рӯзи 2-уми июн гуфтааст, ки «набояд як нашрия барои мустақил буда ҷарима шавад ва ҳукумати ин кишвар бояд меъёрҳои озодии баёнро риоя кунад.» Читать далее Изҳороти HRW аз ҳукми додгоҳ нисбати Азия Плюс ва хабарнигори он
Архив рубрики: Хабарҳо
Сарчашмаҳои давлатӣ дастнорасанд?
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар сомонаи худ гузорише пахш намуд. Дар он, АМВАОМТ дар мавриди дастрасии расонаҳои мастақил ба сарчашмаҳои хабарии давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунад. Читать далее Сарчашмаҳои давлатӣ дастнорасанд?
Суди Суғд ба журналист Исмоилов раҳм накард
Раёсати Суди вилояти Суғд, қарори Суди Олиро барои бозбинӣ ва кам кардани мӯҳлати ҳабси Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳаллӣ дар ноҳияи Ашт беасос дониста, рад кардааст. Читать далее Суди Суғд ба журналист Исмоилов раҳм накард
Вакили дифоъ: «Тамаъҷӯии Исмоилов исбот нашудааст»
Раёсати додгоҳи вилояти Суғд қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар мавриди бозбинии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори зиндонӣ ва камтар кардани мӯҳлати ҳабси ӯро рад кардааст. Читать далее Вакили дифоъ: «Тамаъҷӯии Исмоилов исбот нашудааст»
ҲУКМИ ХАБАРНИГОР МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ БЕТАҒЙИР МОНД
Раёсати Суди вилояти Суғд қарори Суди Олии Тоҷикистонро дар мавриди бозбинӣ ва кам кардани мӯҳлати ҳабси хабарнигор Муҳаммадюсуф Исмоиловро беасос дониста, рад кардааст. Читать далее ҲУКМИ ХАБАРНИГОР МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ БЕТАҒЙИР МОНД
Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ
Сарфи назар аз қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№ 961 аз19 марти соли 2013)ва ворид намудани механизми мукаммали дастрасӣ ба иттилоот, ҳамоно вазъи дастрасӣ ба иттилоот нигаронкунанда боқӣ мемонад. Гурӯҳи мониторингии АМВАОМТ (НАНСМИТ) тасмим гирифт, ки ба расонаҳо ташриф оварда, мушкили ҳар яки онҳоро барои дастрасӣ ба иттилоот бифаҳмад. Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ
Нахустин маҷалла барои бонувони зери 18-сола дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нахустин маҷалла барои бонувони аз 10 то 18-сола таъсис шудааст. Читать далее Нахустин маҷалла барои бонувони зери 18-сола дар Тоҷикистон
Конфронси илмӣ-амалӣ дар Иттифоқи журналистон
22-юми май, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии «Нақши Субҳон Раҳматов дар журналистикаи тоҷик» бахшида ба 80-солагии устоди каломи бадеъ ва арбоби сухан, корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ Раҳматов Субҳон баргузор мегардад. Читать далее Конфронси илмӣ-амалӣ дар Иттифоқи журналистон
Шикояти рӯзномафурӯш аз монеагузории нозир
Бо як тамоси телефонӣ ба faraj.tj Давлатбекова Гулнора аз рафтори ношоиста ва дағалонаи як нозири минтақавӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки барои фурӯши рӯзномаҳо монеагузорӣ кардааст, шикоят намуд. Читать далее Шикояти рӯзномафурӯш аз монеагузории нозир
Зангҳои таҳдидомез ба Орзу Исоев, муҷрии “Баҳси имрӯз”
Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, тӯли тақрибан даҳ рӯзи охир афроди ношинос барояш занг зада, ӯро мавриди таҳқиру таҳдид қарор додаанд. Ба қавли Орзу, ин афрод ҳатто дар ҳаққи модараш дашномро раво дида, ба ӯ гуфтаанд, “алафи худро паст чарида гард”.
“Намехоҳам, аз пашша фил созам. Дар аввал чандон таваҷҷӯҳ надоштам, аммо баъдан ин авҷ гирифт. Чанд рӯз пеш дар як тӯй баромад доштам, ки ба ман занг зада, дар ҳаққи модарам дашноми зиёд карданд”,-афзуд ӯ.
Орзу Исоев мегӯяд, аз сабаби зиёд ворид шудани зангҳои телефонӣ натавонистааст, ҳамон рақами таҳдидкардаро ҳифз намояд ва аз болояш расман ба мақомот шикоят кунад. Ин хабарнигори тоҷик давоми 2 моҳи охир аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз барномаи “Баҳси имрӯз”-ро ба шунавандагон ба таври мустақим тақдим мекунад, ки бештар дар он мардум дарди дили худро ошкоро баён мекунанд. Чунин баҳсҳо дар бораи “облава”-и ҷавонон, маъюбии Шаҳбол Мирзоев ва марги мармузи бархе аз шаҳрвандон шуда буд.
http://www.ozodagon.com/16199-zangoi-tadidomez-ba-orzu-isoev-murii-basi-imrz.html