Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори «Фараж», дар мавриди вуҷуд доштани саҳифаи иҷтимоияш дар шабакаи Facebook, гуфт, ин «фейки падарлаънат»-ро ҳарчанд ҳамроҳи писараш Анис ҷустуҷӯ кардааст, пайдо накардаанд. Читать далее Норозигии Шабдолов аз Фейсбук
Архив рубрики: Хабарҳо
Намоиши навори маҳрамонаи имоме аз Лолазори Фархор дар ТВ-ҳои давлатӣ
Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шоми 19 августи соли ҷорӣ навореро намоиш доданд, ки аз равобити маҳрамонаи Асомуддин Саркоров, имоми масҷиди деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, бо як зан ҳикоят мекунад. Дар ин навор гуфта шуд, Саркоров раҳбарии яке аз ташкилоти ибтидоии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар баробари имоматӣ ба дуохонӣ ва табобати сокинон низ машғул будааст. Читать далее Намоиши навори маҳрамонаи имоме аз Лолазори Фархор дар ТВ-ҳои давлатӣ
Хадамоти оташнишонӣ барои танқид таъқиб мекунад
17 август соати 10 дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр манзили истиқоматие оташ гирифт. Дар баробари мошинҳои Хадамоти Оташнишонии шаҳри Кӯлоб мухбири «Пайк» ҳам баҳри адои вазифаи хизматӣ ба ҷои ҳодиса расида омад. Сардори Хадамот Мудассир Раҳматов барои адои вазифаи хизматӣ ба мухбири 18-солаи «Пайк» монеа эҷод кард. Читать далее Хадамоти оташнишонӣ барои танқид таъқиб мекунад
Додгоҳ парвандаи хабарнигори «Tojnews»-ро баргардонд
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрор – хабарнигори маҳаллии Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ”-ро ба далели комил набуданаш баргардондааст. Читать далее Додгоҳ парвандаи хабарнигори «Tojnews»-ро баргардонд
Ҷаримаи «Пайк» барои танқиди Хадамоти оташнишонӣ
Хадамоти оташнишонии Кӯлоб ҳафтаномаи «Пайк», ягона нашрияи мустақил дар Хатлонро ҷарима баста, дари яке аз утоқҳои кориашро бастааст. Читать далее Ҷаримаи «Пайк» барои танқиди Хадамоти оташнишонӣ
Қатъи пахши ҳадисҳои паёмбар дар “Имрӯз” ва истеъфои Орзу Исоев
Дар пайи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми раҳбари ширкати “Ориёно-Медиа” пахши ҳадисҳои Муҳаммад (с), паёмбари Ислом, дар Радиои Имрӯз қатъ шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз “Имрӯз” ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод ва афзуд, инчунин, аксар роликҳову барномаҳоеро, ки бо садои Рустами Ҷонӣ сабт шудаанд, аз пахш гирифтаанд. Читать далее Қатъи пахши ҳадисҳои паёмбар дар “Имрӯз” ва истеъфои Орзу Исоев
БАРКАНОРИИ РУСТАМИ ҶОНӢ АЗ РАҲБАРИИ ОРИЁНО-МЕДИА
Рустами Ҷонӣ аз вазифаи мудири кулли ширкати “Ориёно-Медиа” барканор карда шуд Читать далее БАРКАНОРИИ РУСТАМИ ҶОНӢ АЗ РАҲБАРИИ ОРИЁНО-МЕДИА
Шикояти Қамари Аҳрор аз болои Зафар Суфиев ба додситонӣ
Қамари Аҳрор — хабарнигори Оҷонси иттилотии “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” дар вилояти Суғд аз болои Зафар Суфиев — муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ба додситонии ин минтақа шикоят бурдааст. Ин хабарнигор дар аризаи шикоятии худ ба унвони Қурбон Мирзозода – додситони шаҳри Хуҷанд гуфтааст, кормандони пулис, аз ҷумла Зафар Суфиев — муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ҳангоми иҷрои фаъолияти касбияш ба ӯ монеа эҷод карда, ҳуқуқашро поймол кардаанд. Читать далее Шикояти Қамари Аҳрор аз болои Зафар Суфиев ба додситонӣ
Дар Тоҷикистон Facebook-ро бастанд?
Боздошти Қамари Аҳрор барои «халал» расондан ба сардори пулис
Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилотии “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” дар Хуҷанд, шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардидааст. Ин хабарнигори тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ — Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард. Читать далее Боздошти Қамари Аҳрор барои «халал» расондан ба сардори пулис