Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд талаб кардааст, парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ алайҳи ӯро қатъ кунад. Читать далее Қамари Аҳрор аз додгоҳ хост парвандаашро қатъ кунад
Архив рубрики: Хабарҳо
Ифтитоҳи студияи телевизион дар назди кафедраи журналистикаи ДДХ
Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров студияи телевизионии замонавӣ ба кор оғоз мекунад. Читать далее Ифтитоҳи студияи телевизион дар назди кафедраи журналистикаи ДДХ
Машварати ҳуқуқии ТВ «Пойтахт»
14 августи соли 2014 аз соати 20.00 то соати 21.00 дар барномаи мустақими ҳуқуқии «Инсон ва қонун» тариқи эфири Телевизиони «Пойтахт» машварати ҳуқуқӣ барои бинандагони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Ёвон ва Файзобод дар мавзӯи «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд» гузаронида шуд. Читать далее Машварати ҳуқуқии ТВ «Пойтахт»
Рӯзноманигорони ҷавони Хатлон меъёрҳои байналхалқии журналистикаро омӯхтанд
Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони ҷавони вилояти Хатлон меъёрҳои байналхалқии журналистикаро омӯзонд. Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), рӯзҳои 21 -22 августи соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 13 нафар журналистони ҷавони минтақаи Хатлон меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро таълим дод. Читать далее Рӯзноманигорони ҷавони Хатлон меъёрҳои байналхалқии журналистикаро омӯхтанд
Орзу Исоев раъйи Шӯрои расонаҳо алайҳи худро ғайримунсифона хонд
рзу Исоев, рӯзноманигори шинохта, раъйи Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон алайҳи худро дар иртибот бо шикояти масъулони ширкати мавсум ба «Кюнет» ё «Квестнет»-и собиқ ғайримунсифона медонад. Читать далее Орзу Исоев раъйи Шӯрои расонаҳо алайҳи худро ғайримунсифона хонд
Дастрасӣ ба Facebook бо забони тоҷикӣ
Акнун шабакаи машҳури иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ дастрас шуд. Яъне дар баробари 50 забони гуногуни ҷаҳон, забони тоҷикӣ низ дар он ҷой гирифт. Читать далее Дастрасӣ ба Facebook бо забони тоҷикӣ
Аз Шўрои ВАО-и ҶТ
Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ аз 15 августи соли 2014, шикояти директори Намояндагии дорои масъулияташ маҳдуди «Квеснет» (БВО) дар Тоҷикистон Маҳмудов С. А. дар нисбати барандаи барномаҳои барномаи «Баҳси рӯз»-и радиои «Имрӯз» Орзу Исоевро баррасӣ намуд. Бояд гуфт, ки бинобар ҳаҷман калон будани маводи барномаи «Баҳси рӯз», ҷаласаи Шӯрои ВАО дар ду давр (18 июл ва 15 августи соли ҷорӣ) баргузор гардид. Читать далее Аз Шўрои ВАО-и ҶТ
Се варианти «сулҳ»-и «Азия-Плюс» бо зиёиёни тоҷик
Ҳафтаномаи «Азия Плюс» ба хотири ҳалли баҳсаш бо гурӯҳи зиёиёни тоҷик 3 варианти раддия пешниҳод кардааст, вале даъвогарон мегӯянд, нашрия бояд аз онҳо узр бихоҳад. Читать далее Се варианти «сулҳ»-и «Азия-Плюс» бо зиёиёни тоҷик
“Айбдор” шудани Орзу Исоев ва тавсияи Шӯро ба Радиои “Имрӯз”
Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев, муаллифи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро, ба нақзи муқаррароти чаҳор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кардааст. Масъулони ин Шӯро мегӯянд, агарчӣ Орзу Исоев аз кор дар “Имрӯз” канор рафтааст, аммо онҳо бо ирсоли номае ба роҳбарияти Радиои Имрӯз машварат додаанд, ки хабарнигоронашон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд. Читать далее “Айбдор” шудани Орзу Исоев ва тавсияи Шӯро ба Радиои “Имрӯз”
Пан Ги Мун ДИИШ-ро барои буридани сари хабарнигор маҳкум кард
Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал, қатли хабарнигори амрикоӣ ба дасти ҷангиёни Давлати Исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ)-ро маҳкум карда, онро ҷинояти зишт хондааст. Ӯ гуфтааст, “чунин иқдом ниёз ба мубориза бо ДИИШ-ро пеш аз пеш мавриди таъкид қарор медиҳад”. Читать далее Пан Ги Мун ДИИШ-ро барои буридани сари хабарнигор маҳкум кард