Архив рубрики: Хабарҳо

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 13 июл оғоз мешаванд

Аз 13 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли 2020 оғоз мегарданд. Читать далее Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 13 июл оғоз мешаванд →

Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои апрел, май ва июни соли ҷорӣ ба як қатор вазорату корхонаҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Читать далее Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад →

Маҷлиси миллӣ ҷазо барои пахши «ахбори ғалат»-ро қабул кард. Талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ рад шуд

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тасвиб кард, ки бар асоси он барои пахши «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус ҷарима муқаррар шудааст. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чанд рӯз қабл аз аъзоёни Маҷлиси миллӣ талаб карданд, то аз тасвиби тарҳ худдорӣ кунад. Читать далее Маҷлиси миллӣ ҷазо барои пахши «ахбори ғалат»-ро қабул кард. Талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ рад шуд →

Аз Раҳмон хостанд, нагузорад, ки касе барои пахши ахбори «ғалат» ҷазо гирад

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хост, ки тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо накунад. Дар ин тағйирот барои пахши «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Манзур аз «ахбори ғалат» чист ва онро чӣ гуна муайян мекунанд, маълум нест. ​Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муроҷиатномае гуфтаанд, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад. Читать далее Аз Раҳмон хостанд, нагузорад, ки касе барои пахши ахбори «ғалат» ҷазо гирад →

Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YouTube аз рӯи миқдори муштариён

Дар ин феҳрист мо ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои омории шабакаҳо, аз қабили теъдоди муштариён, миқдори видеоҳо дар шабака, миқдори умумии тамошои видеоҳо ва ғайра таваҷҷуҳ кардаем. Боздиди охирини мо аз шабакаҳо дар таърихи аз 13 то 15 июни соли ҷорӣ сурат гирифтааст ва омори овардашуда ба ҳамин давра мутобиқат мекунад. Читать далее Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YouTube аз рӯи миқдори муштариён →

МУРОҶИАТНОМАИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВАО

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ

Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Ба вакилони Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Читать далее МУРОҶИАТНОМАИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВАО →

Дархости салоҳиятноки иттилоот боиси беҳбуди сифати рӯзноманигорӣ мешавад

Қонунгузории Тоҷикистон барои дархости иттилоот ҳам барои рӯзноманигорон ва ҳам барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дарёфти иттилоот имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ба манзури расондани кӯмак ба мутахассисони расонаҳо ҷиҳати мурури қонун, беҳтар кардани сифати дархостҳо ва ба ин тартиб, беҳбуди сифати матнҳои рӯзноманигорӣ, Thomson Media дар ҳамкорӣ бо АМВАОМТ давраи онлайнии омӯзиширо таҳти унвони «Дастрасӣ ба иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ кардааст. Читать далее Дархости салоҳиятноки иттилоот боиси беҳбуди сифати рӯзноманигорӣ мешавад →

Раиси Бемористони Ибни Сино: Рӯзноманигори соҳавӣ надорем

Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Синои Душанбе Абдухалил Холиқзода идомаи ёддоштҳои худро аз рӯзҳои аввали хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон нашр кард. Дар ин қисми хотираҳои худ Холиқзода аз набудани рӯзноманигорони касбии соҳавӣ (манзур соҳаи тиб) ва таҳлукаи беҷои аҳолӣ суҳбат кард. Читать далее Раиси Бемористони Ибни Сино: Рӯзноманигори соҳавӣ надорем →

Даъват ва тафтиш. Чаро рӯзноманигорони тоҷик нигаронанд?

Пас аз сафари дастаҷамъона ба ноҳияи Хуросон дар пасманзари латукӯб шудани корманди «Азия-Плюс» Абдулло Ғурбатӣ ва нашри чанд матлаб бо ҳимоят аз озодии матбуот чанде аз рӯзноманигорони Тоҷикистон ба ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ даъват ва ҳадафи «суҳбати дӯстона» қарор гирифтаанд. Читать далее Даъват ва тафтиш. Чаро рӯзноманигорони тоҷик нигаронанд? →

Фишор ба хабарнигорон ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир мегузорад?

Вақтҳои охир фишори равонӣ ва ҷисмонӣ нисбати журналистони тоҷик зиёд ба назар мерасад. Намунаи онҳо қазияи хабарнигор  Далер Шарифов, дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқири хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа ва лату кӯби хабарнигори «Азия плюс»  Абдуллоҳи Ғурбатӣ аст. Мо аз журналистон пурсидем, ки чунин қазияҳо ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир гузошта метавонанд? Читать далее Фишор ба хабарнигорон ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир мегузорад? →