Вазорати адлияи Тоҷикистон ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт пешниҳод кардааст, ки фаъолияти Маркази тадқиқоти иҷтимоии “Зеркало” боздошта шуда, инчунин фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Operation Mercy манъ карда шавад. Читать далее Пешниҳоди боздоштани фаъолияти МТИ “Зеркало” аз суд
Архив рубрики: Хабарҳо
14 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?
Пагоҳ, 14 июл Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияташон нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ доир менамоянд. Читать далее 14 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?
Посухи радди ВКД. Мақомот гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимояи давлатӣ эҳтиёҷ надорад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба дархости зери ҳимояи давлатӣ гирифтани Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавони тоҷик посухи рад додааст. Вакили дифоъ қаблан аз ВКД хоста буд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ду дафъа латукуб шудааст, таҳти ҳимояти давлатӣ гирифта шавад. Читать далее Посухи радди ВКД. Мақомот гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимояи давлатӣ эҳтиёҷ надорад
13 июл кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
13 июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияташон дар нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее 13 июл кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
Сензура ба хотири субот ё қонуни нав ба кори рӯзноманигорон чӣ таъсир мегузорад?
Президенти Тоҷикистон сарфи назар аз нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, иловаҳои воридшуда ба қонун дар мавриди нақзи низоми ниқобпӯшӣ ва нашри иттилооти носаҳеҳро пуштибонӣ кард. Коршиносон аз бадтар шудани вазъи бе ин ҳам нобасомони рӯзноманигорон дар кишвар бар пайи тафсири ҳар гунаи қонун ҳарос доранд. Аммо мақомот бовар доранд, ки чунин ҳаросҳо беасосанд. Читать далее Сензура ба хотири субот ё қонуни нав ба кори рӯзноманигорон чӣ таъсир мегузорад?
Тоҷикистон: Ҷаримаи бениқобон ва «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус қонунӣ шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бисту ду қонунро ба имзо расонд, ки дар байни онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” диққати мардумро бештар ба худ ҷалб мекунад. Читать далее Тоҷикистон: Ҷаримаи бениқобон ва «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус қонунӣ шуд
Президент қонуни ҷазо барои «бениқобӣ» ва хабари «носаҳеҳ»-ро имзо кард
Сарфи назар аз даъвати созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи хабарнигорон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл ризоят дод, ки барои нашри «ахбори носаҳеҳ» дар бораи коронавируси нав сокинону хабарнигорон ва расонаҳоро ҷарима банданд. Читать далее Президент қонуни ҷазо барои «бениқобӣ» ва хабари «носаҳеҳ»-ро имзо кард
CPJ аз Эмомалӣ Раҳмон хост, тарҳи баҳсбарангезро имзо накунад
Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, бо пахши изҳороте гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон набояд тарҳеро имзо кунад, ки озодии баёнро зери хатар мегузорад. Читать далее CPJ аз Эмомалӣ Раҳмон хост, тарҳи баҳсбарангезро имзо накунад
СММ: «Бархе кишварҳо дар аҳди COVID-19 озодии расонаҳоро нақз карданд»
Мишел Бачелет, раиси ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид чандин кишвар, аз ҷумла Чин ва Русияро ба истифода аз пандемияи коронавирус барои хомуш сохтани озодии баён муттаҳам кардааст. Мишел Бачелет рӯзи сешанбе гуфт, аз ин ки Амрико бархе воқеиятҳоро дар бораи коронавирус рад мекунад, нигарон аст. Ин интиқоди ӯ пас аз он садо дод, ки шумораи зиёде дар Амрико рӯзҳои ахир ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Читать далее СММ: «Бархе кишварҳо дар аҳди COVID-19 озодии расонаҳоро нақз карданд»
Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо стресс чӣ гуна муносибат кунанд
Наргис Тоймастова, равоншинос, роҳбари маркази психологии “Алифбои шахсият”, дар вебинарии махсуси Интернюс дар Тоҷикистон, рӯзи 25 июн дар бораи тарзи рафъи стресс, ки дар ҷараёни иттилооти манфӣ ба вуҷуд меояд ва чӣ гуна эҳсосоти изтироб пайдо шуда, бо он чӣ бояд кард нақл кард. Читать далее Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо стресс чӣ гуна муносибат кунанд