Дар Душанбе семинар барои кормандони расонаҳо дар бораи офатҳои табиӣ ва медиа-брифинги Конфронси минтақави Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ баргузор мешавад. Читать далее Анонс: Семинар барои ВАО дар бораи офатҳои табиӣ
Архив рубрики: Хабарҳо
Беҳбуди кори “Ховар” ё монополияи ахбори расмӣ?
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз қарори нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” беҳтар кардани кори ин оҷонсӣ буд, на эҷоди маҳдудият дар роҳи нашрияҳои дигар. Читать далее Беҳбуди кори “Ховар” ё монополияи ахбори расмӣ?
Шӯрои ВАО дар ҷаласаи худ “дастури хавфнок”-ро ҳам ба баҳс мекашад
Аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ дар мавриди суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати кишвар, ки аз ҷониби коршиносони умури ВАО “дастури хавфнок” арзёбӣ шуд, изҳори назар хоҳанд кард. Читать далее Шӯрои ВАО дар ҷаласаи худ “дастури хавфнок”-ро ҳам ба баҳс мекашад
Раиси Иттиҳоди журналистон протоколи пурсарусадоро шарҳ дод
Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов изҳор дошт, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ВАО, сарфи назар аз кадом корхонаву ташкилотро намояндагӣ кардани журналист, ҳамаи мақомоти давлатӣ ва роҳбарони он ба пешниҳоди маълумот ба дархости журналист оид ба фаъолияти сохтори худ уҳдадоранд. Читать далее Раиси Иттиҳоди журналистон протоколи пурсарусадоро шарҳ дод
Анонс: Нишастҳои матбуотии Бонки миллӣ ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”
21-уми июли соли равон нишастҳои матбуотии чор муассиса бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Бонки миллӣ ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”
Протоколи ҷаласаи ҳукумат: “Дастури хавфнок” тасдиқ шуд…(АКС)
Хабаргузории “Озодагон” суратҷаласа, ё худ протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад. Читать далее Протоколи ҷаласаи ҳукумат: “Дастури хавфнок” тасдиқ шуд…(АКС)
Коршинос: Қарори дастрасии ВАО ба маълумот тариқи «Ховар» худкомагиро тақвият мебахшад
— Протоколи баимзорасида аз ҷониби ҳукумат оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар» мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ аст, — иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршинос Шокирҷон Ҳакимов. Читать далее Коршинос: Қарори дастрасии ВАО ба маълумот тариқи «Ховар» худкомагиро тақвият мебахшад
Ҳукумат ба иттилооти расмӣ монополия ҷорӣ кард
Ба назар мерасад, ки ташвишҳои васоити ахбори умум оид ба монополия шудани бозори иттилоотии кишвар беасос набудаанд. Президенти Тоҷикистон протоколеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода, сипас дигар ВАО ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар». Читать далее Ҳукумат ба иттилооти расмӣ монополия ҷорӣ кард
Додгоҳ “ИмрӯзNews”-ро аз Ҳокимшо Тиллоев “наҷот дод”
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат даъвои Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати “Тоҷик Эйр”-ро алайҳи ягона рӯзномаи мустақили кишвар “ИмрӯзNews” ба далели беасос буданаш рад кардааст. Читать далее Додгоҳ “ИмрӯзNews”-ро аз Ҳокимшо Тиллоев “наҷот дод”
Сӯҳбати Мансурзода аз узру бедор шудани «парвандаҳои хобида»
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ барои сари вақт нишон надодани вокунишҳо аз ҷониби Додгоҳии Олии иқтисодии Тоҷикистон ба мақолаҳои интиқодии расонаҳои дохилии кишвар узр пурсид. Читать далее Сӯҳбати Мансурзода аз узру бедор шудани «парвандаҳои хобида»