Як созмони ҳомии озодии баён дар Фаронса ҳукумати Тоҷикистонро барои тамдид накардани иҷозаи кори Анӯшервон Орипов, хабарнигори телевизиони “Настояшее Время” танқид кард. Читать далее RSF ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳрум кардани Анӯшервон Орипов аз ҳаққи кор танқид кард
Архив рубрики: Хабарҳо
Иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни II -юми минтақавии MediaCAMP Award муайян шуданд
Панҷ маводи интихобшуда аз гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аст.
Читать далее Иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни II -юми минтақавии MediaCAMP Award муайян шуданд
Ду хабарнигори Радиои Озодиро аз Беларус ихроҷ карданд
Ду хабарнигори бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки рӯзи 21-уми август дар Беларус боздошт шуда буданд, аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Читать далее Ду хабарнигори Радиои Озодиро аз Беларус ихроҷ карданд
Чӣ хел “фейкӣ” будан ё набудани видеоро метавон санҷид?
Мувофиқи омор дар YouTube давоми як дақиқа 500 соат видео пахш мешавад, ҳамчунин дар дигар сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар дақиқа ҳазорҳо видео пахш мешаванд. Читать далее Чӣ хел “фейкӣ” будан ё набудани видеоро метавон санҷид?
ниШАСТ
Чунин менамояд, ки нишастҳои матбуотии раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо бештар аз суолу ҷавоб бо хабарнигорон ба як пиар — компанияи раисбобо монанд аст. Вале афсӯс, ин спектакл хеле беҳунарона гузошта мешавад. Читать далее ниШАСТ
Баҳси иҷозаи кор ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баргашт
Масъалаи иҷозаи кор ба рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд дар Тоҷикистон мавзуи баҳси доманадоре боқӣ мондааст. Коршиносон акредитатсия ва ё иҷозанома барои корро василае барои фишор ба рӯзноманигорони мустақил ва тақвияти худсензура медонанд. Читать далее Баҳси иҷозаи кор ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баргашт
Дарсҳои 10 дақиқаина тариқи ТВ “Баҳористон” – тасдиқгари омода набудани кӣ ё чӣ?
Дар Тоҷикистон ду рӯз қабл аз расман тасдиқ кардани мавҷудияти коронавирус, муассисаҳои таълимии умумӣ ба таътили пеш аз мӯҳлат баромаданд. Ва ҳанӯз қабл аз эътирофи расмии вирус дар кишвар, Вазорати маориф ва илми кишвар (ВМИ) эълон карда буд, ки дар сурати зарурӣ, омода аст дарсҳоро тариқи онлайн баргузор намояд. Аммо ВМИ нагуфт, ки ин дарсҳо кай сар мешаванду бо кадом тартиб пахш мешаванд. Читать далее Дарсҳои 10 дақиқаина тариқи ТВ “Баҳористон” – тасдиқгари омода набудани кӣ ё чӣ?
Баъд аз гузорише дар бораи Раҳмон, хабарнигори «Настоящее Время» бе парвонаи кор монд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони «Настоящее Время», як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро аз аккредитатсия ё парвонаи кор маҳрум кард. Дар ин бора мақомот рӯзи 4-уми август намояндаи дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе расман огоҳ намуданд. Читать далее Баъд аз гузорише дар бораи Раҳмон, хабарнигори «Настоящее Время» бе парвонаи кор монд
30 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?
Пагоҳ, 30 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2020 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд. Читать далее 30 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?
Вежагиҳо ва тазодҳои YouTube-канали шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон
Аз 14 шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон 11-тои он ва аз 15 шабакаи телевизиони мустақили кишвар 13-тои он YouTube-канали худро таъсис додаанд. Аммо дар пасманзари ин нишондиҳандаҳои хуби миқдорӣ чӣ гуна мушкилоти сифатӣ ниҳон аст ва оё мубриза барои ба даст овардани дили муштариёни шабакаҳои телевизионӣ дар муҳити тоҷикии YouTube чӣ навъ сурат мегирад? Мо кӯшиш кардем, то дар ин матлаб ба ин масъалаҳо андаке бошад ҳам, рӯшноӣ андозем. Читать далее Вежагиҳо ва тазодҳои YouTube-канали шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон