Архив рубрики: Хабарҳо

Даргузашти Мавлуда Рафиева

Мавлуда Рафиева, намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ва хабарнигори “Азия плюс” дар синни 57 солагӣ даргузашт. Бино ба гуфтаи наздиконаш ӯ чанд рӯзи ахир аз дарди гулӯ ва ҳарорати баланд шикоят дошт. Читать далее Даргузашти Мавлуда Рафиева →

Вадим Садоншоев директори “Интернюс”-и Тоҷикистон шуд.

Вадим Садоншоев аз соли 2018 менеҷери барномаҳои Internews-и Тоҷикистон буд, ки дар ин мақом ба ҷойи Абдумалик Қодиров интихоб шуд. Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст. Читать далее Вадим Садоншоев директори “Интернюс”-и Тоҷикистон шуд. →

ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои июл, август ва сентябри соли ҷорӣ ба як қатор вазорату идораҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад. Читать далее ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ? →

Озмуни ҲАТ барои журналистон

Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақомои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон кардааст, ки дар он тамоми журналистон ва кормандони ВАО ширкат кардан метавонанд. Читать далее Озмуни ҲАТ барои журналистон →

Дума қонуни бастани сомонаҳои «экстремистӣ» бидуни қарори додгоҳро баррасӣ дорад

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуне пешниҳод шуд, ки дар сурати қабул шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иҷозат медиҳад, бидуни муроҷиат ба додгоҳ сомонаҳои «экстремистӣ»-ро банданд.

Читать далее Дума қонуни бастани сомонаҳои «экстремистӣ» бидуни қарори додгоҳро баррасӣ дорад →

ИМА аз Тошканд хост, парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоевро «шарҳ» диҳад

Департаменти давлатии ИМА аз мақомоти Узбекистон даъват кард, ки айбҳои нисбат ба рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоев эъломшударо шарҳ диҳанд. Читать далее ИМА аз Тошканд хост, парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоевро «шарҳ» диҳад →

Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии “Илм ва табиат” боз мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки оид ба таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” корҳоро оғоз кунанд. Читать далее Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии “Илм ва табиат” боз мешавад →

Радиои Хатлон 24 соат пахш мешавад

Радиои Хатлон аз 1-уми сентябри соли равон, баъди 43 соли фаъолият, вақти эфирро дар ҳаҷми 24 соат ба роҳ монд, ки аз ин 12 соати вақти барномаҳоро оригиналӣ ва соатҳои боқимондаро барномаҳои такрорӣ ташкил мекунанд. Читать далее Радиои Хатлон 24 соат пахш мешавад →

Рӯзноманигори ТВ «Qazaqstan»: «Аз сиёсати дурӯғомези корӣ хаста шудам»

Ербол Мандибеки 34-сола, рӯзноманигори телевизиони давлатии «Qazaqstan» тарки кор кард. Мандибек, ки бештар аз даҳ сол дар телевизиони давлатӣ кор ва сиёсатҳои ҳукумати Қазоқистонро тарғиб кардааст, гуфт, аз сиёсати идорӣ норозӣ аст. Читать далее Рӯзноманигори ТВ «Qazaqstan»: «Аз сиёсати дурӯғомези корӣ хаста шудам» →