Архив рубрики: Хабарҳо

«Тоҷпромбонк»: «Кока-кола» аз мо нест!

Раёсати «Тоҷпромбонк» ба маводи хабарнигори Faraj.tj Ҷамила Мирбозхонова бо номи «Умеди кормандони «Тоҷпромбонк»: «Кока-Кола» маошашонро зиёд мекунад», ки рӯзи 2-юми октябр дар сомонаи Faraj.tj пахш шуда буд, ҷавоб навиштааст Читать далее «Тоҷпромбонк»: «Кока-кола» аз мо нест! →

Бозхонди пеш аз муҳлати се узви КМИР Тоҷикистон

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир мегардад, масъалаи бозхонди се узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо пешниҳоди президент мавриди баррасӣ қарор мегирад. Читать далее Бозхонди пеш аз муҳлати се узви КМИР Тоҷикистон →

Хидматгори беминнат. Расонаҳои мустақил дар ҳоли суқут қарор доранд

Нимаи дуюми моҳи сентябр вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳисоботи солонаи дипломатияи мардумӣ ва расонаҳои хориҷиаш дар соли 2014 дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро расонаӣ кард. Тибқи он, ИМА барои буҷаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар соли 2014 1 миллиону 603 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Барои пахши барномаҳо маблағи иловагӣ дар ҳудуди 80 ҳазор доллар пардохт мешавад. Читать далее Хидматгори беминнат. Расонаҳои мустақил дар ҳоли суқут қарор доранд →

Пешниҳоди бозхонди Ҷамолиддин Маҳмудов ва Акбари Саттор ба Маҷлиси намояндагон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22 октябр пешниҳоди бозхонди се аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ ирсол намудааст. Читать далее Пешниҳоди бозхонди Ҷамолиддин Маҳмудов ва Акбари Саттор ба Маҷлиси намояндагон →

Бозхонди узвияти Акбари Саттор ва Ҷалолиддин Маҳмуд дар КМИР

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки узвияти се нафар аз аъзои Комиссияи марказии интихобот раъйпурсӣ бозхонд карда шавад. Читать далее Бозхонди узвияти Акбари Саттор ва Ҷалолиддин Маҳмуд дар КМИР →

Анонс: Брифинг барои намояндагони ВАО

23-юми октябри соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар барои намояндагони ВАО доир ба сафари расмии Синдзо Абэ, сарвазири Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  брифинг баргузор мегардад. Читать далее Анонс: Брифинг барои намояндагони ВАО →

Пули “Озодӣ” аз ҳамаи расонаҳои тоҷикӣ зиёдтар аст

Ҳукумати ИМА хароҷоти солонааш барои “Озодӣ”, бахши тоҷикии радиои “Аврупои Озод – Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки маблағи он аз буҷаи расонаҳои кишвар чанд баробар  бештар аст. Читать далее Пули “Озодӣ” аз ҳамаи расонаҳои тоҷикӣ зиёдтар аст →

Буҷети радиои “Озодӣ” — 1 миллиону 603 ҳазор доллар

Ҳукумати ИМА хароҷоти солонааш барои “Озодӣ”, бахши тоҷикии радиои “Аврупои Озод – Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки маблағи он аз буҷаи расонаҳои кишвар ба маротиб бештар мебошад. Читать далее Буҷети радиои “Озодӣ” — 1 миллиону 603 ҳазор доллар →

Баъди Акбари Саттор киро раиси Иттифоқи журналистон дидан мехоҳед?

Наздик ба 50 рӯз мешавад Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва яке аз соҳибрасонаҳои муваффақ миёни мо нест. Тамоми ҷомеаи журналистӣ аз Акбари Саттор ба некӣ ёд мекунад. Соҳибназарон мегӯянд, ӯ Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт, дубора зинда кард. Ҳанӯз раҳбари нави Иттифоқи журналистон муайян нашудааст. Бархеҳо ба ин суол ҷавоб мехоҳанд, ки раҳбари нав ин ниҳодро метавонад дар сатҳи замони раҳбарии Акбари Саттор нигоҳ дорад ё онро ба “асли хеш” бармегардонад? Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибрасонаҳо, раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва рӯзноманигорони маъруф пурсид: КИРО РАИСИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДИДАН МЕХОҲЕД?

Читать далее Баъди Акбари Саттор киро раиси Иттифоқи журналистон дидан мехоҳед? →

Орзу Исоев: Зевар Давлатзода ягон касро аз кор нарондааст

Тайи чанд рӯзи охир сарусадо нисбати маҷбуран аз кор ронда шудани 50 нафар кормандони ТВС аз ҷониби роҳбари ин шабакаи телевизионӣ Зевар Давлатзода вирди забонҳост. Читать далее Орзу Исоев: Зевар Давлатзода ягон касро аз кор нарондааст →