Аз 1 март Тоҷикистон шабакаи нави телевизиониеро бо номи «Варзиш» ба роҳ меандозад. Ин шабака махсуси пахши сирф барномаҳои варзишӣ хоҳад шуд. Читать далее ТВ «Варзиш» аз 1 март ба кор медарояд
Архив рубрики: Хабарҳо
Журналистони тоҷик аз нав сабти ном мешаванд
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзноманигорони кишварро аз нав сабти ном мекунад. Зинаттуло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 25-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз сабти дигарбора хабарнигорон, мушаххас кардани шумораи рӯзноманигорони кишвар ва вазъи кории онҳо мебошад. Читать далее Журналистони тоҷик аз нав сабти ном мешаванд
Зиёвиддин «Садои Душанбе» -ро тарк нагуфтааст
Ҳунарманд Зиёвиддин Нурзод овозаҳоро атрофи он, ки гӯё ӯ аз радиои «Садои Душанбе» рафта бошад, беасос хонда мегӯяд, ба ҳеҷ куҷое нарафтааст.
Аз он, ки вақтҳои охир ин ҳунарманд дар телевизиони «Сафина» барномаеро бо номи «Қиссаҳои боронӣ» ровигӣ мекард, овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё Зиёвиддин Нурзод аз радиои «Садои Душанбе» ба ин даргоҳ омада бошад.
Аммо, ӯ зимни як суҳбат ба faraj.tj ин овозаҳоро инкор намуда гуфт, ҳоло дар радиои «Садои Душанбе фаъолият дорад: «Айни замон дар радиои «Садои Душанбе» фаъолият дорам ва идеяи барномаи «Қиссаҳои боронӣ» аз ҷониби раҳбарияти ин муассиса пешинҳод гардида буд, ки қабулаш кардам. Он ҷо банда кор намекунам».
Ин ҳунарманд ҳадаф аз пешниҳоди барномаи «Қиссаҳои боронӣ»-ро тарбияи мардум тавассути нақлу қиссаҳо ном бурда мегӯяд, он фарогири мавзӯъҳои гуногун, сар карда аз хок то коинот ва муҳаббат то нафратро дар бар мегирад: «Бархе аз қиссаҳоро худам бадоҳатан нақл мекунам ва қисми дигарашро бошад аз саҳифаҳои интернет дастрас мекунам», мегӯяд ӯ.
Ҷаноби Зиёвиддин мегӯяд, тасмим дорад, ки дар моҳҳои май консерти ҷадидашро бо суруду таронаҳои нав ба мухлисонаш пешниҳод намояд.
Ҳунарманд Зиёвиддин Нурзод чанд сол қабл бо суруди «Парандаҳо ҳама рафтанд» ба майдони Шоу-бизнеси Тоҷикистон ворид шуда маҳз ҳамин суруд ӯро ба дилу дидаи мардум ҷой кард. Ӯ дар баробари ровигӣ дар радио, инчунин шоир ва оҳангсоз мебошад, ки аксар суруду таронаҳояшро худ эҷод мекунад.
http://faraj.tj/main/12562-zieviddin-sadoi-dushanbe-ro-tark-naguftaast.html
Сомонаи нав оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии СММ сомонаи наве (www.khit.tj)-ро ба кор даровард, ки дастрасии аҳолӣ ба маълумот дар бораи масоили риояи ҳуқуқи инсонро таъмин мекунад. Читать далее Сомонаи нав оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Гузориши Amnesty International дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Афви байналмилал ё Amnesty International мегӯяд, бар пояи нишондодҳои вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2015 ва 2016 Тоҷикистон ба гуруҳи “диққати махсус” шомил шудааст. Читать далее Гузориши Amnesty International дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Анонс: Ҳуринисо Ализода дар бораи тафаккури ҷомеа ва муҳити иҷтимоӣ суҳбат мекунад
Дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода садри маҳфил хоҳад буд. Читать далее Анонс: Ҳуринисо Ализода дар бораи тафаккури ҷомеа ва муҳити иҷтимоӣ суҳбат мекунад
Тоҷикистон дар қатори кишварҳое, ки суръати интернеташон аз пастаринҳост
Дар радабандии суръати интернет дар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар қатори кишварҳое дохил шудааст, ки дар ҷойи охир мебошанд. Читать далее Тоҷикистон дар қатори кишварҳое, ки суръати интернеташон аз пастаринҳост
Тоҷикистон дар зинаҳои охир аз лиҳози суръати дастрасӣ ба интернет
Аз лиҳози суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет миёни кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаҳои охир қарор дорад. Дар ин бора БЕЛТА бо такя ба гузориши таҳлилии ширкати канадагии SecDev Corp хабар медиҳад. Читать далее Тоҷикистон дар зинаҳои охир аз лиҳози суръати дастрасӣ ба интернет
Пажуҳиш: Суръати интернет дар Тоҷикистон аз пасттаринҳост
Ширкати «SecDev Corp»-и Канада кишварҳои ҷаҳонро аз рӯи суръати интернет раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар қатори ақибмондатаринҳо қарор додааст. Читать далее Пажуҳиш: Суръати интернет дар Тоҷикистон аз пасттаринҳост
Кумита қаҳрамонии корманди МТЖТ-ро қадрдонӣ кард
Бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода корманди МТЖТ бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. Читать далее Кумита қаҳрамонии корманди МТЖТ-ро қадрдонӣ кард