Нахустин китоби Зафар Аскар, муҳаққиқи ҷавони тоҷик аз чоп баромад. Читать далее Чопи китоб дар бораи таъсис ва ташаккули телевизиони “Тоҷикистон”
Архив рубрики: Хабарҳо
Шикояти сокинони Рӯшон аз қатъи дастрасӣ ба TV-ҳои давлатӣ
Сокинони деҳоти атрофи маркази ноҳияи Рӯшон аз қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шикоят доранд.
Тавре истиқоматкунандагони деҳоти Емс ва Шуҷанд дар 10-15 километрии маркази ноҳияи Рӯшон ба “Озодагон” изҳор доштанд, аз моҳи март инҷониб наметавонанд шабакаҳои “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва “Баҳористон”-ро тамошо кунанд. Ба иттилои мусоҳибон аз меъёр зиёд додани нерӯи барқ аз сӯи ширкати “Помир энержӣ” дастгоҳҳои пахши телевизионҳои давлатиро корношоям кардааст: “Масъулин дастгоҳҳоро гирифта бурданд, аммо то ҳол барқарор накардаанд. Мардум ба ғайр аз шабакаи “Тоҷикистон”, ки барқарор шуд, ба шабакаҳои дигари давлатӣ дастрасӣ надорад”.
Сокинони деҳоти Рӯшон мегӯянд, ин нахустин ҳолати аз меъёр боло рафтани нишондодҳои нерӯи барқ ва корношоям гардидани таҷҳизоти барқии мардум набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо рух додаанд.
http://www.ozodagon.tj/27601-shikoyati-sokinoni-rshon-az-ati-dastras-ba-tv-oi-davlat.html
Даҳ медали ҷашнӣ ба рӯзноманигорони «Овози тоҷик»- и Узбакистон
Даҳ тан аз беҳтарин рӯзноманигорони тоҷики Узбакситон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ин кишвар бо нишони 25-солагии истиқлолияти давлатии Узбакистон сарафроз шудаанд.
Дар ин бора рӯзноманигори маъруф Мирасрори Фарғонӣ истинодан ба сардабири нашрияи Овози тоҷик Шерпӯлод Вакилов иттилоъ додааст.
Мирасрори Фарғонӣ дар саҳифаи фейсбуки худ навишт: Имрӯз дар идораи «Овози тоҷик» сардабир Шерпӯлод Вакилов эълон кард, ки даҳ нафар кормандони ин рӯзнома ба гирифтани нишони «25-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон» мушарраф гардиданд. Ин нишонҳо ба соҳибонашон дар шакли тантанавӣ супурда шуд.
Манбаъ аз ин даҳ тан ном будааст, ки инҳо Тоҷибой Икромов, Муҳаммадҷон Шодиев, Паймон, Гулҷаҳон Кабирова, Абдулло Субҳон, Саодат Бекназарова, Амрулло Авезов ва се нафари дигар будаанд.
Узбакистон 1-уми сентябри соли равон ҷашни истиқлол дорад, вале ба иллати бемории президент Ислом Каримов тантанаҳои расмии ҷашнвора лағв шудаанд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/dakh-medali-chashni-ba-ruznomanigoroni-ovozi-tochik-i-uzbakiston
Рӯзноманигори ҷавони тоҷик аз бемории саратон вафот кардааст
Суҳроби Рустам, рӯзноманигори 28-сола тоҷик аз бемории саратон олам даргузаштааст. Читать далее Рӯзноманигори ҷавони тоҷик аз бемории саратон вафот кардааст
Ҷоизаи Мирзои Салимпур, пас аз ронда шуданаш
Мирзои Салимпур журналисти маъруфи тоҷик, ҷойизаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷиратро барои гузоришҳои беҳтарини радиоияш дар ҳоле ба даст овард, ки худаш ба як муҳоҷири корҷӯи тоҷик дар дили Аврупо табдил шудааст. Читать далее Ҷоизаи Мирзои Салимпур, пас аз ронда шуданаш
Номаи бози Файзинисо Воҳидова ба Президенти радиои «Озодӣ»
Ба Президенти RFE/RL (Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ) Читать далее Номаи бози Файзинисо Воҳидова ба Президенти радиои «Озодӣ»
Мирзои Салимпурро ҳам аз «Озодӣ» ронданд
Боз як журналисти бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” пас аз 16 соли фаъолият аз ин расона ронда шуд. Читать далее Мирзои Салимпурро ҳам аз «Озодӣ» ронданд
Пешниҳоди таъсиси осорхонаи журналистони Тоҷикистон
Дар Душанбе пешниҳод шуд, барои журналистон осорхонае таъсис дода шавад. Ин пешниҳод дар маҳфиле ба хотири ёдбуди журналистони даргузаштаи тоҷик аз сӯи Шаҳло Акобирова,раҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” садо дод. Читать далее Пешниҳоди таъсиси осорхонаи журналистони Тоҷикистон
Маҳфили ёдбуди журналистони даргузаштаи тоҷик
Имрӯз дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маҳфили ёдбуди Акбари Саттор, собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва дигар журналистони соли равон даргузашта баргузор шуд, ки дар он кормандони давлатӣ, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Читать далее Маҳфили ёдбуди журналистони даргузаштаи тоҷик
«Шарқи озод» аз журналистони фавтида ёд кард
Дар толори хурди Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” (ГЖК) дар шаҳри Душанбе маҳфили ёдбуди иддае аз журналистони шодравон баргузор шуд. Читать далее «Шарқи озод» аз журналистони фавтида ёд кард