Архив рубрики: Хабарҳо

Конфронс оид ба мақоми ВАО баргузор шуд

Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»- нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Мақоми васоити ахбори омма дар пешрафти ҷомеа» конфронси илмӣ доир гашт. Читать далее Конфронс оид ба мақоми ВАО баргузор шуд →

ГЖК-мероси ларзонаки Шӯравӣ

Субҳи 19 декабр кормандони Маҷмааи табъу нашри марбут ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон “Шарқи озод”, ки дар байни мардум бо номи “ГЖК” машҳур аст, бо ҳарос ба коргоҳи худ медаромаданд. Читать далее ГЖК-мероси ларзонаки Шӯравӣ →

«Бинои ГЖК-ро нимтайёр ба истифода дода буданд». АКСУ САДО

Дар пайи фурӯ рафтани қисмате аз айвон ё «балкон»-и бинои «Шарқи озод», муассисаи таҳти идораи дастгоҳи иҷроияи президент, дафтари хабаргузории «Авесто» хароб шудааст. Ғафур Ҳасанов – посбони бинои «Шарқи озод» – рӯзи 19 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ҳодиса тақрибан соати 11 шаби гузашта рух дод». Ӯ афзуд, «аз ошёнаи 12-ум «бетон» ба боми ошёни дувум афтода ва онро сӯрох кардааст. Дар ошёнаи чорум низ як бетони дигар афтода, вале зиён нарасондааст. Сабаби афтоданашро намедонам.» Читать далее «Бинои ГЖК-ро нимтайёр ба истифода дода буданд». АКСУ САДО →

Хабаргузории “Авесто”-ро муваққатан ба ҷойи нав кӯчондаанд

Масъулини Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” барои кормандони хабаргузории “Авесто”, ки дафтари кориашон дар пайи фурӯрезии қисмате аз айвони бино хароб шуд, утоқи нави корӣ ҷудо кардаанд. Читать далее Хабаргузории “Авесто”-ро муваққатан ба ҷойи нав кӯчондаанд →

Айвони «Шарқи озод» фурӯ рафт. АКС

Бар асари фурӯравии қисмате аз айвон ё «балкон»-и бинои нашриёти «Шарқи озод» дафтари хабаргузории «Авесто» хароб шудааст. Абдураҳмон Раҳмонов, корманди ин хабаргузорӣ, рӯзи 19 декабр гуфт, ҳодиса соати 12-и шаби гузашта рух дода ва ба ҳамин далел талафоти ҷонӣ надоштааст. Раҳмонов гуфт, шаби гузашта гурӯҳи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ин фалокат даъват шуда, вале то ҳол ин гурӯҳ ба маҳалли ҳодиса нарасидааст. Читать далее Айвони «Шарқи озод» фурӯ рафт. АКС →

Зарари ба хабаргузории “Авесто” расида ҳисоб мешавад

Масъулини хабаргузории “Авесто” мегӯянд, кормандони Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” ба ҳисобу китоби хисороти аз фурурезии айвон расида шурӯъ кардаанд. Читать далее Зарари ба хабаргузории “Авесто” расида ҳисоб мешавад →

Муллораҷаб ҷойи аввалро гирифт

Дар озмуни беҳтарин тадқиқоти журналистӣ, ки аз сӯи намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон (IWPR) баргузор гашт, Муллораҷаб Юсуфӣ сазовори ҷойи аввал гашт. Читать далее Муллораҷаб ҷойи аввалро гирифт →

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон (IWPR) ғолибони озмуни беҳтарин тадқиқоти журналистиро эълон кард. Читать далее Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС ) →

Академияи илмҳо ҳисоботи солонаашро дод

16 – уми декабри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солона бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон ва муовинони директорҳо, котибони илмӣ, кормандони илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, президентҳои Академияи илмҳои соҳавӣ, вазорату муассисаҳои давлатии дахлдор ва ВАО баргузор гардид. Читать далее Академияи илмҳо ҳисоботи солонаашро дод →