Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо нашри як номаи дастаҷамъӣ аз даргузашти ҳамкасбони рус бар асари суқути ҳавопаймо изҳори тасаллият баён намудаанд. Читать далее Ҳамдардии созмонҳои журналистии Тоҷикистон
Архив рубрики: Хабарҳо
IWPR ба журналистон роҳҳои мубриза бо ифротгароиро омӯхт
Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба 14 нафар журналисти ҷавони шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон аз 21 то 24 декабри соли равон дар мавзуи «Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон» семинар-тренинги омӯзишии 4 рӯза баргузор намуд.
Мақсади асосии баргузории ин силсила тренингҳо омода намудани мақолаҳои таҳлилии дар доираи касбӣ дар мавзуи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон, инчунин фароргирии ҳуқуқҳо ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз маводи мултимедиявӣ ва технологӣ арзёбӣ мегардад.
Лола Олимова ва Аҳлиддин Салимов тренерони дар тӯли 4 рӯз ба журналистон Меъёрҳои байналмилаии журналистӣ, тарзи пешниҳоди мақолаи таҳлилӣ, пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тандгаро ва ҳамзамон кор бо смартфонҳо тариқи барномаҳои интернетии хеле ҷолиб омӯзониданд.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.
Мавриди зикр аст, ки чунин давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби ташкилоти мазкур ҳамзщамон дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Суиқасд ба хабарнигори “Тоҷикистон”
…Субҳи рӯзи 21 декабр хабарнигори суратгири ҳафтанома Дидор Саъдуллоев, ки бояд дар ҳамоиши муҳимме аз ҷониби редаксия ширкат меварзид, ба кор ҳозир нашуд. Мо, ки ба масъулиятшиносии хабарнигор одат карда будем, аз дер мондани ӯ нигарон шуда, ба Дидор занг задем. Пас аз зангҳои дурудароз ниҳоят телефонашро бардошта, бо овози хаста гуфт:
-Узр, ки ман сари вақт ба кор ҳозир нашудам, имшаб маро қариб кушта буданд…Ҳоло дар ташхисгоҳи ВКД қарор дорам ва илоҷе карда, пас аз ним соат ба ҷои кор меравам.
Бесаброна омадани Дидорро интизор шуда, ҳар кӣ дар идораи газета тахмину гумонҳои худро баён мекард:
-Шояд барои суратҳое, ки дар он мушкилоти обро дар маҳаллаи Ховарон нақл мекард, ягон мансабдор ӯро “заказ” карда бошад?- тахмин намуд мудири шуъбаи иҷтимоиёт.
-Не, барои ин сӯиқасд намекунанд, мумкин барои гузоришаш дар мавриди савдои кӯчагӣ дар “Садбарг” бошад…,-андешаи худро баён намуд мудири бахши иқтисод.
-Аз ҳама гузориши фошкунандаи ӯ дар бораи сӯхтор дар кӯчаи Шоҳтемур буд. Шояд маҳз ҳамин гузориш ба касе маъқул нашудааст? –савол ба миён гузошт сеюмӣ. Аммо чун тафсилоти ҳуҷум ба хабарнигорро намедонистем, аз тахмину гумонҳои минбаъда даст кашидем.
Вақте ки Дидор ба идора омад, дасту рӯи варамида ва кафидаи ӯ, чеҳраи рангпаридаашро дида, баробар саволборон кардем. Аммо ӯ ба саволҳои ҳама баробар ҷавоб надоду ҳамкоронро ба сабр даъват намуд ва тафсилоти ҳуҷумро чунин нақл кард:
-Бегоҳӣ, тақрибан соатҳои ҳафт аз ҷои кор баромада, мисли ҳамешагӣ ба истгоҳи таксиҳо, ки ба тарафи маҳаллаи Ховарон мерафтанд, омадам. Он ҷо чанд нафар дар назди таксиҳои интизори мусофирон меистоданд. Маълум набуд, ки мусофиранд ё ронандаи таксӣ. Ман ба яке аз таксиҳое, ки ронандааш дар дохили мошин буд, нишастам ва асбобҳои суратгириамро дар паҳлуям гузоштам. Ронанда ба ман нигариста гуфт,ки курсиҳои қафо пур шаванд, равон мешавад. Ин вақт дари тарафи ронанда боз гардид ва ду ҷавон дар баробари он рост истоданду нафари пешистода аз ронанда пурсид, ки киро бурда истодааст. Ронанда ба тарафи ман нигоҳ кард ва ман гуфтам, ки хабарнигори “Тоҷикистон” ҳастам, агар раванда бошанд, ба курсии қафо шинанд, зудтар ба роҳ дароем. Аммо онҳо ба ҷои иҷрои ин хоҳиш, аз тарафи дари ман омада, “ҳоло ту ҳамон журналистам гӯй” гуфта, маро аз мошин ба берун кашиданд ва бе пурсиш ба лату куб даромаданд. То метавонистам, муқобилият намудам, вале онҳо маро афтонда зери мушту лагад гирифтанд. Коре карда аз зери дасташон халос шудаму ба тарафи шуъбаи милиса давидам. Вақте бо азоб он ҷо расидам, дидам, ки бинои шӯъбача равшан аст, вале дар он ҷо касе нест. Роҳравон ба бародаронаму ҷиянҳоям телефон карда, онҳоро аз ҳодиса огоҳ намудам ва ба гумони он ки нафарони суиқасднамуда аз он ҷо рафтаанд, боз ба истгоҳ омадам. Зеро дастгоҳҳои суратгирию наворбардориам дар таксӣ монда буданд. Аммо баробари расидан ба истгоҳ он нафарон боз аз ким куҷо пайдо шуда, ба ҳуҷум гузаштанд ва ин бор маро дар рӯи замин якеашон зер карда медошту дигараш бо лагад мезад. Нафари зананда доим сарамро нишон мегирифт ва то метавонистам бо дастонам сару рӯямро эҳтиёт мекардам. Агар яке аз он зарбаҳо ба сарам бармехӯрд, ҳоло дар назди шумо наменишастам. Бадбахтӣ дар он буд, ки на ронандагони таксӣ ва на мусофирони интизори нақлиёт ба кумакам намерасиданд ва талоши халос кардани маро надоштнд. Онҳо аз паси шишаҳои мошин оқибати ин корро интизор буданд. Вақте ки наздиконам ба ҷои ҳодиса расиданд, ҳуҷумкунандагон рӯ ба гурез ниҳоданд ва маро ақрабоям гирифта, ба назди бинои ВКД оварданду он ҷо ба таври расмӣ ариза навиштам. Бо маслиҳати кормандони милиса субҳи барвақт, ҳарчанд маҷоли ҳаракат надоштам, ба ташхисгоҳ омадам ва то ҳол натиҷаи ташхисро интизорам. Натиҷа бошад, худатон дида истодаед…
-Ба гумонат, онҳо роҳи туро мепоиданду туро мекофтанд ё ин як тасодуф буд?
-Аз рӯи рафторе, ки онҳо карданд, шояд ҳамин тавр бошад. Зеро саволи аввалинашон ба ронандаи таксӣ ин буд, ки “киро бурда истодаӣ…?” Ба ин пурсиш бояд сохторҳои салоҳиятдор ҷавоб гӯянд…
АЗ ИДОРА: Инак, ба хабарнигори “Тоҷикистон” сӯиқасд сурат гирифт. Ин тасодуф буд ва ё барқасдона, танҳо тафтишот муайян хоҳад кард. Боварӣ дорем, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ гунаҳгорон ва омилони ин ҳуҷумро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аксҳои ҷинояткорон ва ҳолати ҷабрдида бозгӯи ҳоланд.
http://tajikistantimes.tj/tajikistan/sui-asd-ba-habarnigori-to-ikiston/
Вокуниш ба сомонаи Faraj.tj: Маводро дар ҷояш мавриди санҷиш қарор додем (АКС)
Корхонаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ба матолиби сомонаи Faraj.tj, ки санаи 15:12:2016 таҳти унвони «Шиква аз «хизмати хирсона»-и Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе» http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12557-shikva-az-khizmati-khirsona-i-shabaka-oi-garmidi-ii-dushanbe-aks.html нашр гардидааст, вокуниш ирсол намуд. Читать далее Вокуниш ба сомонаи Faraj.tj: Маводро дар ҷояш мавриди санҷиш қарор додем (АКС)
«Одил соз»: Таъқиби озодандешон афзоиш ёфтааст
«Одил соз», як созмони ҳимоят аз матбуот гуфтааст, ки шумори парвандаҳои марбут ба озодии баён дар Қазоқистон то рафт афзоиш меёбад. Читать далее «Одил соз»: Таъқиби озодандешон афзоиш ёфтааст
Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи сабабҳои фурӯрезии айвони “Шарқи озод”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сабаби фурӯрезии қисмате аз айвони бинои Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод”-ро шарҳ додааст.
Торнамои ин ниҳод мегӯяд, дар пайи чаппа шудани пораи девори бетонӣ дар ин бино гуруҳи вижаи корӣ созмон дода шуд: “Баъди ошноӣ ва омӯхтани маълумотҳои гирдомада гуруҳ ба натиҷа расид, ки сабабҳои сарозер шудани девори бетонӣ инҳо будааст:
— тӯли замони истифодаи бино сохтусозҳои металии он зери таъсири метереорлогӣ хӯрда шудаанд;
— ба сабаби шамол ва боришот плитаи девор дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи афтиши плитаи бетонӣ сохтори айвонҳои ошёнаҳо, ки қаблан ҳам оҷилан бояд таъмир мешуд, зарар дид”.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло наҷотдиҳандаҳои кумита ба бартараф сохтани хатари ҳодиса дар ошёнаҳои поён машғуланд: “Бояд зикр кард, ки ҳамаи корҳо дастӣ анҷом мешаванд. Баъди ба даст овардани хулосаи комиссияи ташхисӣ корҳои аз байн бурдани хавфу хатар ин вайронӣ оғоз карда хоҳанд шуд”.
Ба гуфтаи муҳофизони бинои “Шарқи озод” қисмате аз айвони ошёнаи 12-и бино нимашаби 18 ба 19 декабр фурӯ рехтааст. Пораҳои он рӯйи боми дафтари “Авесто” рехта, онро хароб кардааст. Кормандони ин хабаргузорӣ ҳоло муваққатан дар дигар утоқи бино фаъолият мекунанд.
Маҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод”, ки аксари нашрияҳои давлативу хусусӣ ва чопхонаҳо онҷо фаъолият мекунанд, охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-и асри гузашта ба истифода дода шудааст.
Журналистон 10-гонаи беҳтарин варзишгарони соли 2016-ро муайян карданд
20 декабр Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) чемпиони олимпӣ Дилшод Назаровро дар садри феҳристи 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016 ҷой дод. Читать далее Журналистон 10-гонаи беҳтарин варзишгарони соли 2016-ро муайян карданд
АКС: Пирӯзии “Озодагон” дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Дастаи “Озодагон” мақоми аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи мизро ба худ ихтисос дод. Читать далее АКС: Пирӯзии “Озодагон” дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Шумораи 20 000-уми «Халқ овози» аз чоп баромад
Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Халқ овози» чанде пеш шумораи 20 000-уми худро ба нашр расонид. Читать далее Шумораи 20 000-уми «Халқ овози» аз чоп баромад
Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет аз кор монд. САДО
Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон пас аз 13 соли фаъолияташ аз кор монд. Давоми ин солҳо анҷуман танҳо созмоне буд, ки аз маҳдудияти Интернет, қатъи ногаҳонии он ва нақзи ҳуқуқи корбарон интиқод карда, аз вуҷуди амрҳои пасипардагии мақомот барои бастани вебсайтҳо низ хабар медод. Читать далее Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет аз кор монд. САДО