Қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз кишварҳои ҳамсоя интернет харидорӣ мекарданд.
Читать далее «Тоҷиктелеком» интернетро миёни провайдерон тақсим мекунад
Қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз кишварҳои ҳамсоя интернет харидорӣ мекарданд.
Читать далее «Тоҷиктелеком» интернетро миёни провайдерон тақсим мекунад
Хизматрасонии NGN (шабакаи насли оянда) бинобар сабаби риоя нагардидани чанд талаботи қонун, аз ҷумла ғайриикмон будани назорати зангҳои телефонӣ, риоя нашудани талабти сифати алоқа, бе қайд ва шиноснома пайваст кардани муштариён, шароити зарурӣ фароҳам наовардан барои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ғайра боз дошта шудааст. Читать далее Бек Сабур куҷост? Санҷиши прокурорӣ дар Хадамоти алоқа
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки Комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар ҳоли ҳозир қонунмандии системаи мухобиротии NGN-ро месанҷад. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, ин масъала ба таври хеле ҳам ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, «мо ин масъаларо аз нигоҳи онки то куҷо ба амният хатар дорад ва то куҷо дастраси гурӯҳҳо тундрав мешавад, мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Вале дар айни замон агар басташавии он ғайриқонунӣ бошад, чораҳои зарурӣ меандешем.»
Посухи видеоии додситони кул дар инҷост:
https://www.ozodi.org/a/28998189.html
Авоили моҳи ҷорӣ дар пайи баста шудани системаи мухобиротии NGN Комиссияи вижаи ҳукуматӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон супориш дод, ин масъаларо мавриди санҷиш қарор диҳад. Дар пай, бар асоси супориши ин комиссия, додситонӣ аз ширкатҳои мухобиротӣ тақозо кард, ки низоми кор ва ҳам дурустии басташавии NGN-ро бисанҷад.
Рӯзи 18-уми декабри соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба унвони даҳ ширкати ироакунандаи хадамоти мобилӣ нома навишта, ба онҳо хабар дод, ки муҷаввизи анҷоми хадамоти NGN-и онҳо бекор карда мешавад.
Тибқи маълумоти ахир, шумораи истифодабарандагони NGN дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион нафар ҳастанд ва аксарияти онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд.
Манъи NGN мардум, бахусус муҳоҷиронро асабӣ кард. Бархе аз онҳо дар паёмҳои хаттӣ ва видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот як риштаи ҳаётӣ байни онҳову волидонашонро буридаанд.
Тафсилоти бештари мавзуъро дар инҷо бихонед:
https://www.ozodi.org/a/ngn-closing-investigation-by-tajik-officials/28996185.html
Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2017-ум 2 млн симкорти мобилӣ, аз сабаби дар давраи азнавбақайдгирии симкортҳо аз қайд нагузаштанд, баста шуданд. Читать далее 2 миллион симкорти ғайриқонунӣ баста шуд
Пагоҳ, 26 январи соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти худ дар соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи рушди маҳал, Хадамоти гумрук, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Вақтҳои охир рӯ ба рӯ ё тариқи интернет гуфтугӯ ва дастрас кардани маълумот аз мансабдорони тоҷик торафт душвортар мешавад. Читать далее Ҳарчи дуртар аз мардум
Пагоҳ, 25 январи соли 2018 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти худ дар соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Додгоҳи Хуҷанд cе масъули телевизиони “Танин”-ро муваззаф кард, ки ба як зани даъвогар 15 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунанд. Читать далее Пирӯзии «қаҳрамони» барномаи ТВ Танин дар додгоҳ
Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мулоқоти директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ баргузор гардид. Читать далее Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пагоҳ, 24 январи соли 2018 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти худ дар соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Агентии назорати маводи нашъаовар, Маркази миллии қонунгузорӣ, Маркази миллии тестӣ, донишгоҳҳои тиббӣ ва техникии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд