Архив рубрики: Хабарҳо

Додситон: Парвандаи раҳбари ҳозирҷавобони тоҷик “махфӣ” нест

Додситони вилояти Суғд гуфт, ки парвандаи Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – махфӣ нест, аммо то поёни тафтиши қазия ҷузъиёт нахоҳанд дод. Ҳабибулло Воҳидов рӯзи 26-уми январ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамин ки тафтишот тамом шуд, аз натиҷааш ҳамаро хабардор мекунанд.

Боздошт баъди баҳс дар бораи «пора»-талабӣ

“Инки айбдории ӯ собит мешавад ё не, вақт нишон хоҳад дод. Мо аз натиҷаи тафтишот ҳатман ба Шумо хабар медиҳем”, — мухтасар ҷавоб гуфт додситон.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори пешини оҷонси “Азия Плюс” ва Deutsche Welle (Мавҷи Олмон), солҳои ахир раҳбари КВН – Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик буд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта, пас аз он боздошт шуд, ки як мавриди ришваталабии мансабдореро ба хабарнигорон ошкор кард. Мирсаидов гуфта буд, ин мақомдор гӯё дар ивази иҷозаи пешбурди тарҳи КВН аз ӯ 1000 доллар талаб намудааст.

Чаро «барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ»? 

Ҳоло мақомот ӯро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла исрофкорӣ ё азонихудкунии маблағ ва барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ, муттаҳам медонанд. Дар мавриди моддаи «азонихудкунии маблағ” мақомот гуфтанд, ӯ гӯё пули ҷудошуда ба фаъолияти КВН-ро ғайриқонунӣ истифода кардааст. Аммо дар мавриди инки моддаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ” аз куҷо ба ӯ часпид, шарҳе надодаанд.

Ҳабидулло Воҳидов низ дар нишасти матбуотии худ дар ин маврид чизе нагуфт, аммо таъкид кард, барои пешниҳоди ин модда аз қабл маълумоту асос доштанд. Вале Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов, баъди се рӯзи боздошти писараш гуфта буд, пешниҳоди ин модда гӯё аз як ё чанд саҳнае, ки дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон пешкаши бинандагон гардондааст, сарчашма мегирад.

Дар парванда чӣ навиштаанд?

Ӯ гуфт, “ман парвандаро каме хондам. Дар онҷо навишта шудааст, ки гӯё дастаи КВН зимни ҳунарнамоӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задааст.”

То кунун чанде аз созмонҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи журналистон боздошти Хайрулло Мирсаидовро маҳкум карда, ба озодии ҳарчи зуди ӯ даъват намудаанд. Ҳафтаи гузашта Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) аз мақомоти Тоҷикистон хоста, рӯзноманигори шинохта Хайрулло Мирсаидовро «оҷил ва бидуни шартгузорӣ” озод кунанд.

“Мирсаидов зиндонии сиёсӣ аст, ки танҳо ба хотири таҷруба кардани ҳуқуқу озодиҳояш муҷозот мешавад”, — хулоса шудааст изҳороти Афви Байналмилалӣ.

Видео. Додситони кул: Вазифдор нестем, ки дар ин бора маълумот диҳем

https://www.ozodi.org/a/prosecutor-sugd-region-about-mirsaidovs-case/29001953.html

Имсол Телевизиони «Сафина» ба таҳияи филмҳои телевезионии бисёрсериягӣ шурӯъ мекунад

Нишасти матбуотии    Телевизиони «Сафина»   доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017  бо суолу ҷавоби роҳбарияти ин муассиса бо намояндагони ВАО   оғоз гардид. Читать далее Имсол Телевизиони «Сафина» ба таҳияи филмҳои телевезионии бисёрсериягӣ шурӯъ мекунад →

Бинои ТВ “Сафина” бардошта мешавад?

“Кӯчонидани телевизиони “Сафина” аз мавқеи кунуниаш ба бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ин нақшаи генералии шаҳр аст. Бинобар ин мо дар ҳоли омодабош ва омӯзиши студияҳои телевизион дар бинои нав ҳастем. Дар ҳолати ба талабот ҷовобгӯ будан мо тайёр ҳастем телевизионро интиқол диҳем”. Читать далее Бинои ТВ “Сафина” бардошта мешавад? →

Танқид дар Фейсбук Ҷунайдуллоро ба бало гирифтор кард

Мақомоти интизомии ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров яке аз корбарони фаъоли Фейсбукро барои навиштаҳои танқидиаш дар бораи камбудиҳои ноҳия, ба “даъвати оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионӣ” муттаҳам кардаанд. Читать далее Танқид дар Фейсбук Ҷунайдуллоро ба бало гирифтор кард →

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Пагоҳ, 30 январи соли 2018 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷикагролизинг» оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд →

Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат ва «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Рӯзи душанбе, 29 январи соли 2018 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар  соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011   нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат ва «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд →

Супориши муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз амри Президент болост?

Директори маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба хизматрасонии тиббӣ Зебогул Бурҳонова аз додани иттилоот ба журналистон даст кашид ва гуфт, то муовини раиси шаҳр иҷозат надиҳад, ӯ маълумоти заруриро нахоҳад дод.  Читать далее Супориши муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз амри Президент болост? →

Ишқ дар тарозуи мегабайт. Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад? ВИДЕО

“Майлаш, ҷонам, мегабайти ман тамом шуд. Ҳоло мегабайт харам, баъд гап мезанем”. Ин ҷумлаест, ки Ҷамшед Орифови 21-сола пайваста аз забони дӯстдухтараш аз Тоҷикистон мешунавад. Читать далее Ишқ дар тарозуи мегабайт. Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад? ВИДЕО →

Бехабарӣ дар нишастҳои хабарии мақомоти Тоҷикистон

Бархе аз хабарнигорони тоҷик аз шеваи нишастҳои матбуотии раҳбарони идораҳои давлатӣ шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, нишастҳои матбуотӣ бо ҳузури шахсони аввали вазорату кумита ва оҷонсиҳо, ки ба хотири намоиши шаффофияти корашон соле ду дафъа баргузор мешавад, ба “нишастҳои хабарии бидуни хабар” табдил ёфтаанд.

  • Нишастҳои матбуотӣ дар ним сол як бор ва барои як соат баргузор мешавад. Ин танҳо имконест, ки хабарнигорон рӯ ба рӯ бо мақомот саволи худро матраҳ карда, ҷавоб мегиранд.

«Нишасти хабарӣ тамом, Худо ҳофиз»

Аммо ҳоло тасвиреро, ки мақомот мехоҳанд ҳарчӣ зудтар “як чиз бигӯянд”-у гурезанд, тақрибан дар ҳамаи нишастҳо дидан мумкин аст. Дар баъзе маврид мақомдорон бо ҷумлаи “ман муваззаф нестам, ба ин суол ҷавоб бигӯям” аз пурсиши хабарнигор фирор мекунанд. Ё мегӯянд, “муроҷиат кунанд, мо мебинем. Нигоҳ кунед, як соат шуд. Нишасти хабарӣ тамом, Худо ҳофиз.”

Бархе вазирон ва масъулони оҷонсиҳо талош мекунанд, ки нишасти матбуотиро ба ҷаласаҳои маъмулии рӯзонаи худ табдил диҳанд ва бо ироаи маълумоти соҳавӣ қисми зиёди нишасти хабариро бигиранд. Хабарнигорон мегӯянд, дар ибтидо нишастҳои хабарӣ муфассал сурат мегирифт ва ба суол посухи қонеъкунанда дарёфтан мумкин буд. Вале ҳоло ё вазир ба нишаст намеояд ё бо посухҳои нокомил ва умумӣ нишасти хабариро ба поён мерасонад.

«Ҳафтаҳо мегузарад, суол бе ҷавоб мемонад»

Рӯзи 25-уми январ Хадамоти алоқа ба масъулони чаҳор идораи худ сухан дод ва онҳо то поёни маълумотномаи худ, ки асосан аз рақамҳои умумӣ иборат буд, ним соати муҳлати нишастро кӯтоҳ карданд. Ҳамагӣ барои чанд суол ва посух вақт монду бас. Одили Нозир, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, тайи чаҳор сол аст, дар чунин нишастҳои хабарӣ иштирок мекунад. Ӯ гуфт, масъулони сатҳи аввали вазорату ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, аз посух фирор кунанд ва агар ҷавоб ҳам диҳанд, беҳад кӯтоҳ аст.

“Агар бе нишасти хабарӣ муроҷиат намоӣ, талаб мекунанд, ки ба таври хаттӣ суолҳоро фиристед. Ҳафтаҳо мегузарад, суол бе ҷавоб мемонад. Вақте дар нишастҳо суол медиҳӣ, мегӯянд, ин рақамро дар даст надорем ва дертар ҷавоб медиҳем”, — афзуд ӯ.

«Вазироне ҳастанд, ки суолро бе ҷавоб намегузоранд»

Хабарнигорони дигар мегӯянд, вақте масъулони ниҳодҳо кӯшиш мекунанд, нишасти матбуотӣ беранг сурат гирад, ба ин маъност, ки фаъолияти ин ниҳод шаффоф нест ё масъулони он аз вазъи соҳа огоҳӣ надоранд. Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, гуфт, ҷараёни баргузории нишастҳо сатҳи огоҳии вазир ва ё масъули ниҳодро бозгӯ мекунад.

“Раис ё вазире, ки ба худаш бовар дорад, ҳеч гоҳ аз посух ба суолҳо фирор намекунад. Баръакс, мекӯшад, пурра ҷавоб диҳад. Ҳатто аз хабарнигор мепурсад, ки суоли дигаре дорад? Вазироне, ки ба суолҳо посух медиҳанд, албатта, ҳастанд. Ба мисли вазири маориф, вазири корҳои дохилӣ, лекин ба сурати умум аз аксари вазоратҳо бо ҷавобҳои нокомил бармегардем”, — хулоса кард ӯ.

Нишастҳои хабарӣ. Як бор — дар ним сол

Анъанаи баргузории нишастҳои ҳатмии хабарӣ аз соли 2011 амал мекунад. Дар оғоз ҳар сохтори давлатӣ муваззаф буд, ҳар се моҳ дар баробари журналистон аз фаъолиятҳои худ гузориш диҳад. Баъди муддате ин муқаррарот то ду бор дар як сол маҳдуд шуд.

Журналистони расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити маҳдуд будани дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва мақомоти баландпоя, ҳамин нишастҳои матбуотӣ аст, ки имкони матраҳ кардани саволу пурсишҳои муҳимро бо мақомоти кишвар фароҳам меорад. Дар баробари мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар манотиқи кишвар ҳам масъулин бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ҳамингуна соле ду бор суҳбат мекунанд.

https://www.ozodi.org/a/press-conferences-in-tajikistan/28998172.html