Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо баҳонаи “дер омадед” ба чанд хабарнигор ба нишасти хабарии вазир роҳ надодаанд.
25-уми январ соати 10:00 дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишасти хабарии Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор мешавад. Посбонҳои назди дари ВКД бо баҳонаи он, ки чанд хабарнигор “дер кардаанд” ба нишаст роҳ надодаанд.
Хабарнигори TojNews мегӯяд, ки ҳанӯз соати 09:56 бо чанд тан аз хабарнигорони дигар дар назди дари вазорат будем, посбонҳо гуфтанд, ки вазир алакай ба нишаст даромадаанд, пас аз он кас ворид шудан иҷозат нест. Бори нахуст аст, ки дар соли равон ба хабарнигорон иҷозати вуруд ба як нишасти хабариро намедиҳанд.