Баррасии масъалаи тамоку ва нос дар Тоҷикистон

Бюрои минтақавии аврупоии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои 30-юм ва 31-уми март барои журналистон семинари омӯзишӣ баргузор намоянд.

«Пурзӯр намудани тавонмандии ВАО дар Тоҷикистон» дар мубориза бо истеъмоли тамоку, нос, қалён ва дигар намудҳои он, ки ба саломатии инсон зараровар мебошанд, аз мазӯъҳои асосии ин семинар мебошад.

Тина Кяер, Челси Хедквист — таҳлилгарони Бюрои аврупоии минтақавии ТУТ, Дмитрий Янин ва Артём Гил — мушовирони ин ташкилоти байналмилалӣ дар ин муддат роҳҳои кам кардани истеъмоли тамоку дар Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани истифодаи он миёни шаҳрвандони сину соли мактабиро баррасӣ хоҳанд кард.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13468-barrasii-mas-alai-tamoku-va-nos-dar-to-ikiston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *