Баҳси ҳимояи фазои иттилоотӣ дар Хоруғ

Дар як мизи мудавваре, ки дар шаҳри Хоруғ доир гашт, масоили вобаста ба рушди соҳаи телевизион ва радио ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ ва ҳимояи фазои иттилоотии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин хусус аз бахши иттилоотӣ – таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ хабар дода афзуданд, ки ин нишаст бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахши вилоятии ҶСК «Телерадиоком», воситахои ахбори оммаи электрониву чопии вилоят доир гардидааст.

Дар оғоз мудири бахши иттилоотӣ- таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева аз зарурати гузариш ба пахши рақамӣ ёдовар гардида, таъкид дошт, ки ин раванд бояд барои пурра намудани фазои иттилоотии кишвар мусоидат кунад.

Сармуҳандиси ҶСК «Телерадиоком» дар вилоят Алимурод Шомансуров изҳор доштааст, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ чор шабакаи умумимиллии давлатӣ ва як шабакаи вилоятии телевизионӣ фаъолият мекунанд.

Сипас, раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ Зинатулло Исмоилов оид ба проблемаву мушкилоти вобаста ба гузариш ба пахши рақамӣ иттилоъ дода, зарфият ва нақши шабакаҳои мустақили телевизиониро дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бозгӯй намудааст.

Зимни саволу ҷавоб иштирокдорони мизи мудаввар масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои мақомоти давлативу ҷамъиятӣ оид ба боло бурдани маърифати аҳолӣ дар мавриди гузариш ба формати нави пахши барномаҳои телевизионӣ, пурзӯр намудани маъракаи иттилоотӣ дар ВАО-и электронӣ ва чопии вилоят, таҳияи силсилаи барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар ин мавзӯъ ва роҳҳои дарёфти кӯмак ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ бобати дастрас намудани мавҷқабулкунакҳои рақамиро баррасӣ намуда, тавсияҳои худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод сохтанд.

Зинатулло Исмоилов раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ гуфтааст, ки чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа низ доир гардида, маҷмӯи тавсияҳои иштирокдорони онҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад шуд.

 

http://faraj.tj/news/10536-ba1203si-1203imoyai-fazoi-ittilooti-dar-horu1171.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *