Все записи автора nansmit

IWPR: Озмуни “Беҳтарин инъикосгари масоили ҳуқуқи инсон дар ОМ”

Дар доираи маъракаи иттилоотии «70 рӯз то 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ озмуни “Беҳтарин инъикосгари масоили ҳуқуқи инсон дар осиёи марказӣ”-ро эълон мекунад. Читать далее IWPR: Озмуни “Беҳтарин инъикосгари масоили ҳуқуқи инсон дар ОМ”

Хабарнигор ва дастпарвари МТЖТ соҳиби ҷоизаҳои IWPR гардиданд

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Фарзонаи Умаралӣ ва дастпарвари ин марказ Баҳманёр Надиров барандаи ҷоизаҳои “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) гардиданд.   Читать далее Хабарнигор ва дастпарвари МТЖТ соҳиби ҷоизаҳои IWPR гардиданд

Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боз қатъ шуд. Ба сомонаи Asia-Plus низ

Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр ва ба сомонаи «Asia-Plus»-ро чанд рӯз пештар қатъ карданд. Дар Хадамоти алоқа ин масъаларо шарҳ намедиҳанд, коршиносон мегӯянд, ин қатъкуниҳо танҳо ба беҳбуди сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ мусоидат мекунад. Читать далее Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боз қатъ шуд. Ба сомонаи Asia-Plus низ

«Журналистҳо “ҳукумати чаҳорум”-ро аз даст медиҳанд». ВИДЕО

Расонаҳо дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мақоми рамзии ҳукумати чаҳорумро аз даст медиҳанд. Ин хулосаи як таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониёст. Лола Олимова, намояндаи созмон дар Тоҷикистон, гуфт, натиҷаи пажӯҳиши онҳо нишон дод, ки вазъи журналистика дар минтақа хуб нест. Худи рӯзноманигорҳо низ гуфтаанд, ки навиштаҳояшон дигар рӯи тасмимҳои ҳукумат чандон таъсир надорад.

Читать далее «Журналистҳо “ҳукумати чаҳорум”-ро аз даст медиҳанд». ВИДЕО

«Азия-Плюс» лоиҳаи нав оид ба саводнокӣ дар расонаҳоро роҳандозӣ мекунад

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” лоиҳаи нави худ – Мактаби саводнокӣ дар расонаҳоро роҳандозӣ мекунад, ки ба корбарон натанҳо сарфаҳм рафтанро ба ҳақиқат ё бардурӯғ будани маълумот меомӯзонад, балки барои иштирок дар озмун ва дарёфтани ҷоизаҳои арзишманд низ имкон фароҳам месозад. Читать далее «Азия-Плюс» лоиҳаи нав оид ба саводнокӣ дар расонаҳоро роҳандозӣ мекунад

Мақомот дар бораи сайтбандӣ: «Зарур бошад, раво бошад»

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ гузориши нави худ дар бораи маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро нашр кард. Муаллифони гузориш гуфтаанд, талошҳо барои сӯистифода аз иттилоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи ҳукуматҳо дар ҷаҳон бештар шудааст. Читать далее Мақомот дар бораи сайтбандӣ: «Зарур бошад, раво бошад»

Тренинги далелсанҷӣ барои журналистон

Ба журналистони ҷавон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шаҳодат Соҳибназарова дар чорчӯбаи гранти инфиродии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, тренинги серӯза доир ба “Далелсанҷӣ барои ВАО” гузаронида шуд. Читать далее Тренинги далелсанҷӣ барои журналистон

Танқид дар Фейсбук Ҷунайдуллоро ба бало гирифтор кард

Мақомоти интизомии ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров яке аз корбарони фаъоли Фейсбукро барои навиштаҳои танқидиаш дар бораи камбудиҳои ноҳия, ба “даъвати оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионӣ” муттаҳам кардаанд. Читать далее Танқид дар Фейсбук Ҷунайдуллоро ба бало гирифтор кард

“Барқ нест, гуфтугӯи телефонӣ ва интернет ҳам”

Маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ширкатҳои мобилиро ба мушкили таъмини аҳолӣ бо иртиботи телефонӣ ва интернет рӯ ба рӯ кардааст. Сокинон гуфтанд, ки бо хомӯш шудани нирӯи барқ суръати интернет ва сифати иртиботи мобилӣ “бисёр паст” ва дар баъзе ҳолат тамоман дастнорас мешавад. Читать далее “Барқ нест, гуфтугӯи телефонӣ ва интернет ҳам”

Даъвати Тоҷикистон ба хотимаи қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ

Байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳумин муколама оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар Душанбе, Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрӣ барои мубодилаи кушоду ошкоро атрофи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имконият дод. Читать далее Даъвати Тоҷикистон ба хотимаи қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ