Все записи автора nansmit

Расидем… Мақоми охирини Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи суръати интернет

Дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index (маълумоти моҳи октябри соли 2018) аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт. Читать далее Расидем… Мақоми охирини Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи суръати интернет

ВАО инъикосгари асосии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон

Академияи ВАО- и Тоҷикистон бо ҳамкорӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми ноябри соли равон дар толори Академияи ВАО семинари омӯзишӣ дар мавзӯи »ВАО инъикосгари асосии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон»  барои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма доир намуд.  Дар ҳамоиши мазкур ҷонишини аввали Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва журналистони ҳамаи расонаҳо , ки дар бахши сайру саёҳат мавод таҳия мекунанд ширкат варзиданд. Дар ҳамоиши мазкур Ҳабибулло Амирбекзода оиди  мавзӯъҳои гуногуни бахши сайёҳӣ ва рушду пешрафти он дар тӯли фаъолияти яксолаи Кумита ба намояндагон ВАО маълумот дода, зикр намуд:

Мо бояд натанҳо сайёҳии хориҷиро, балки дохилиро ҳам  ҷалб намоем дар ин ҳолат  соҳаи сайёҳии кишвари мо пеш хоҳад рафт, зеро соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои  пурқувват буда, барои   пешрафти кишвар нақши калонро мебозад. Кумитаи навтаъсис имрӯз ба  мутахассисони касбӣ ниёз дорад . Барои тайер намудани мутахассис  солҳо даркор аст, ки вай дар ин самт кор кунад  бо як Кумитаи сайёҳӣ соҳаро пеш бурда намешавад. Имрӯз гарчанде, ки мо  дар маҳалҳо тақрибан 44 нафар коргар дорем, аммо  дар се ,чор ноҳия ва баьзе ноҳияҳо  як бахш рост меояд, ки вай   аз уҳдаи фаъолияти кумитаи худаш ҳам намебарояд. Имрӯз мо дар ин қисмат ҳам кор бурда истодаем, ки мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳо ҳам дошта бошем.  Сайёҳӣ соҳаест, ки аз сарҳад сар  мешавад дар сарҳади баромадан боз хотима  меёбад, яьне тамоми соҳаи хизматрасонӣ ин сайёҳӣ аст,  аз хизматрасони дар дохили тайёра,  қисмади сарҳад, гумрук хизматрасонии таксӣ , меҳмонхона ва ошхона тамоми самте, ки ба сайёҳӣ равона карда шудааст.

Ҳамчунин семинари мазкур бо  саволу ҷавоби журналистон сурат гирифта, фикру андешаҳои онҳо  дар  бораи мушкилҳои ҷойдошта дар ин самт ба инобат гирифта шуд, ва то охири «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ » озмуни беҳтарин маводи  омода намудаи сайёҳӣ байни журналистон ба нақша гирифта шуд.

http://tajikistantimes.com/tajikistan/vao-inikosgari-asosii-zahira-oi-sayyo-ii-to-ikiston/

Озодии дин-2017. Тоҷикистон дар феҳристи «кишварҳои мавриди нигаронии хос»

Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико дар гузориши имсолааш Тоҷикистонро дигарбора ба феҳристи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» ворид кард. Читать далее Озодии дин-2017. Тоҷикистон дар феҳристи «кишварҳои мавриди нигаронии хос»

RWB: Тоҷикистон дар сензураи Интернет аз Чин «ибрат» мегирад

Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз шеваи бархӯрди мақомоти Тоҷикистон ба ҳодисаҳои хабарсоз дар кишвар «шигифтзада» шудааст. Ин созмон рӯзи 15-уми ноябр дар изҳороте гуфт, мақомот ба ҳама гуна мушкилот аз роҳи маҳдуд кардани интернет ва бастани вебсайтҳо ҷавоб медиҳанд. Ин ҳолат, ба навиштаи Гузоришгарони бидуни марз, ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дастрасӣ ба иттилоъ маҳдуд мекунад. Читать далее RWB: Тоҷикистон дар сензураи Интернет аз Чин «ибрат» мегирад

Дасткорӣ ё таҳриф: Адолат Мирзоеваи “Независимая газета” кист?

Дар вебгоҳи нашрияи “Независимая газета”-и Русия сар аз 17 сентябр то 12 ноябри имсол дар се мақолаи марбут ба Тоҷикистон: «Рахмон наметил спецоперацию на Памире», «Неформальные лидеры Памира угодили в ловушку» ва «Глава Таджикистана представит президенту РФ своего преемника» назари коршиносе бо номи “Адолат Мирзоева” истифода шудааст. Читать далее Дасткорӣ ё таҳриф: Адолат Мирзоеваи “Независимая газета” кист?

Интернет дар Бадахшон масдуд шудааст

Бино ба гузориши расонаҳо иртиботи интернетӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Бадахшон қатъ шуда ва ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ низ дар ин маврид тавзеҳ намедиҳанд. Сокинони ин манотиқ гуфтаанд, ки дигар наметавонанд бо бастагони хеш дар хориҷ аз вилояти Бадахшон аз тариқи паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамос бигиранд. Читать далее Интернет дар Бадахшон масдуд шудааст

“Исён мавзӯе нест, ки дар телевизиони давлатӣ пахш шавад”

Дар пасманзари хомӯшии комили мақомоти зиндонҳо дар баробари шӯриш дар маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд, Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон – гуфт, ки тарафдори шаффофияти ҳар як ниҳоди давлатӣ аст. Ӯ гуфт, “зеро ҷомеа ва мардум мехоҳанд донанд, ки дар онҷо чӣ гузашт”. Читать далее “Исён мавзӯе нест, ки дар телевизиони давлатӣ пахш шавад”

Озмун барои журналистон дар мавзӯи ВНМО

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии  масунияти одам (ВНМО) ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва ҳамкорӣ бо Барномаи ҳамоҳангсози созмони Миллали мутаҳид бо вируси норасои одам ва бемории пайдошудаи масуният санаи 1 декабр озмуни “Беҳтарин мавод”-ро барои кормандони васоити ахбори омма эълон менамояд. Читать далее Озмун барои журналистон дар мавзӯи ВНМО