Все записи автора nansmit

«Дилам ба нашрияҳое месӯзад, ки соатҳо дар берун меистанду зард мешаванд» ВИДЕО

Рӯзи 11-уми март дар Тоҷикистон иди матбуотро ҷашн гирифтанд, ки чанд сол боз вазъияти нохуберо паси сар мекунад. Чанде аз нашрияҳо аз кор монда, бархе аз хабарнигорон дар хориҷа паноҳанда шудаанд. Соҳибони нашрияҳо аз чоп мондани рӯзномаҳои озодро ба фишори мақомот рабт медиҳанд. Мақомот мегӯянд, ки онҳо ба сабаби мушкили молӣ баста шудаанд. Дар ин рӯз аз кору зиндагии як рӯзноманфурӯз гузориши видеоӣ омода кардем. Читать далее «Дилам ба нашрияҳое месӯзад, ки соатҳо дар берун меистанду зард мешаванд» ВИДЕО

Мушкилоти матбуоти тоҷик аз назари се хабарнигори ҷавон

Дар иди матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11-уми март таҷлил мешавад, аксар хабарнигорон аз мушкилу маҳдудиятҳо гуфтанд. Читать далее Мушкилоти матбуоти тоҷик аз назари се хабарнигори ҷавон

ВАО-и ҳукуматӣ ҷоизаборон шуданд, расонаҳои мустақил чӣ?

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик шоми 11-уми март дар Театри давлатии ҷавонони ба номи  Маҳмудҷон Воҳидов, бо  иштироки  собиқадорони матбуот ва намояндагони васоити ахбори оммаи давлативу мустақил чорабининии идона баргузор гардид. Читать далее ВАО-и ҳукуматӣ ҷоизаборон шуданд, расонаҳои мустақил чӣ?

Андешаҳои рӯзноманигорон оид ба вазъи матбуоти тоҷик

Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола 11-уми март дар кишвар таҷлил мешавад. Соли 1912 аввалин шумораи “Бухорои Шариф” маҳз дар ҳамин рӯз чоп шудааст. Читать далее Андешаҳои рӯзноманигорон оид ба вазъи матбуоти тоҷик

Рӯзноманигорони тоҷик ҷашни касбиро таҷлил мекунанд

Имрӯз, 11-уми март дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешавад. Читать далее Рӯзноманигорони тоҷик ҷашни касбиро таҷлил мекунанд

«Бухорои шариф» ва оғози худшиносии миллӣ

Бешак, таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф» далели равшани худшиносии миллӣ мебошад. Зеро танҳо миллати хештаншинос аз пайи таъсиси рӯзнома мешавад. Яъне, боз ба қавли маъруфи «Бухорои шариф», «миллати берӯзнома миллати безабон аст». Читать далее «Бухорои шариф» ва оғози худшиносии миллӣ

Бобоҷон Икромов: Айб аст, ки журналист тамаъ ҷӯяд

Ҳамасола санаи 11 март дар кишвари мо “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҷашн гирифта мешавад. Барномаи чорабинӣ ҳамасола якхела: Суханронӣ, табрикоти раиси вилоят ва қадрдонии собиқадорону фаъолони матбуот. Аммо ҳамасола ягон даъвату пешниҳод ё эроде аз ҷониби пирони кор баён мегардад, ки камтар бошад ҳам якрангии чорабиниро рангин мекунад. Читать далее Бобоҷон Икромов: Айб аст, ки журналист тамаъ ҷӯяд

Мушкилоти баргузории нишатҳои матбуотӣ

Инак 15 сол аз рӯзи ба  имзо расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (№ АП-1677 аз 04.03.2005) сипарӣ гардид, вале то ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба иттилоот барои ВАО ва рӯзноманигорон рӯзмарра аст.  Читать далее Мушкилоти баргузории нишатҳои матбуотӣ

Хабарнигори “Тоҷикистон” соҳиби ҷоиза шуд

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ВАО ва собиқадорони соҳа Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Читать далее Хабарнигори “Тоҷикистон” соҳиби ҷоиза шуд

Хатлон: Дар 108-солагии матбуоти тоҷик 108 нафар қадрдонӣ шуданд

Дар вилояти  Хатлон бо ширкати раиси вилоят ва раиси Итифоқи журналистони Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, ки дар он ба 108 нафар намоядаи ВАО, собиқадорони соҳа аз ҷониби раиси вилоят бо сипоснома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Читать далее Хатлон: Дар 108-солагии матбуоти тоҷик 108 нафар қадрдонӣ шуданд