Все записи автора nansmit

Ҷавонони вилояти Хатлон аз ин баъд ҳафтаномаи “Ҳамқадам” мехонанд

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар соли нав тасмим гирифтаааст, ки барои ҷавонони ин вилоят ҳафтаномаи “Ҳамқадам”-ро таъсис диҳад. Читать далее Ҷавонони вилояти Хатлон аз ин баъд ҳафтаномаи “Ҳамқадам” мехонанд

Иттифоқҳои касабаи кормандони ВАО вилояти Хатлон таъсис дода шуд

16 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, Кумитаи иттифокхои касабаи кормандони ВАО ба хайати Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон  шомил гардид Читать далее Иттифоқҳои касабаи кормандони ВАО вилояти Хатлон таъсис дода шуд

Ноиби Убайдуллоев “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмонро “хандаовар” хонд

Руқия Қурбонова, собиқ ноиби сарвазир ва муовини феълии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иддаои “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизионро “хандаовар” хонда, раҳбарияти ин Кумитаро дар беҳурматӣ нисбат ба судҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад.  Читать далее Ноиби Убайдуллоев “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмонро “хандаовар” хонд

Шаҳрдори Душанбе “беғаразӣ”-и ТВТ-ро “хандаовар” медонад

«Беғаразӣ»-и барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро шаҳрдории Душанбе «хандаовар» номид. Читать далее Шаҳрдори Душанбе “беғаразӣ”-и ТВТ-ро “хандаовар” медонад

Нигаронии маъмурияти вилояти Хатлон аз вазъи сомонаҳои шаҳру навоҳии вилоят

Ҳукумати вилояти Хатлон аз фаъолияти сомонаҳои мақомоти иљроияи њокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят, ки сари вақт хабару гузоришҳо интишор намешавад ва аксарияти онҳо чаҳор моҳи қабл хабар интишор кардаанд, нигаронӣ мекунад. Читать далее Нигаронии маъмурияти вилояти Хатлон аз вазъи сомонаҳои шаҳру навоҳии вилоят

Кумитаи телевизион бо фиристандаҳои рақамӣ бозори минтақаро аз худ карданист

Дар Тоҷикистон бори аввал истеҳсоли фиристандаҳои рақамиро бо ширкатҳои аврупоӣ ба роҳ монда шудааст. Читать далее Кумитаи телевизион бо фиристандаҳои рақамӣ бозори минтақаро аз худ карданист

Таҳқири Муҳаммад (с) бадтар аз амали террористӣ аст

Ҳаркӣ аз гуфтани сухани ҳақ дар мавриде, ки бояд бигӯяд, хомӯш меистад, шайтони гунг ва безабон аст (Абуалии Даққоқ)

ТВ: Дорухона ё дӯкони «памперс»?

Ба таваҷҷӯҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ

Телевизион оинаи давлату миллат ва фарҳанги ӯст. Оинаест, ки симои зебои миллат дида ва ба дигарон инъикос карда мешавад. Албатта, ин дар гуфтор як чизи маъмулист, аммо як нукта — то куҷо ин оина, яъне телевизионҳои кишвар нақши «миллатнамоӣ»-и худро дуруст иҷро карда метавонанд, ҳанӯз норавшан аст. Читать далее ТВ: Дорухона ё дӯкони «памперс»?

дилЗАНАК

Хуршед Атовулло

Моҳи январ шояд ягона даврае бошад, ки қалби вазирону раисонро ба ларза медарорад. Махсусан дар ҳоле ки он якҷо бо нишастҳои матбуотӣ, ҷаласаи солонаи Ҳукумат, «бадарға» -и баъзе мансабдорон ба парлумон сурат мегирад.

Ҳой омаду ҳой омад, ёр, ёр, ёроне,

«Об аз боло лой» омад, ёр, ёр, ёроне.

Оби қонун гилолуд, ёр, ёр, ёроне,

Аз парлумон сой омад, ёр, ёр, ёроне.

Яке буду гадо буд, ёр, ёр, ёроне,

Вазир шуду бой омад, ёр, ёр, ёроне.

…Аз бебарқӣ нанолед, ёр, ёр, ёроне,

Вақте маҳи мой омад, ёр, ёр, ёроне.

(Исфандиёри Назар)

Ниҳоят, мавсими дӯстдоштаи журналистон, нишастҳои матбуотие, ки тибқи фармони Президент бояд бо ширкати нафарони аввали вазоратхонаҳою кумитаҳо, раисону директорҳо сурат гиранд, фаро расид. Чун баъзе роҳбарон хостаю нахоста андеша ё ҷумлаи аҷибе аз даҳонашон мебарояд ё дар ҷавоб ба суоли ягон журналисти хира маълумоти тозае медиҳанд, ин амал барои хабарнигорон «нони даҳон», яъне хабару мавзӯи ҷолиб мешавад. То ҷое медонам, собиқ Прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов аз хабарсозтарин чеҳраҳо дар нишастҳои матбуотӣ буд. Мисли дигарон аз посух додан наметарсид, мисли бархе раҳбарони имрӯз дар он рӯз баҳонаҳои «Президент даъват карданд», «беморанд», «дар сафари хидматӣ ҳастанд» — ро зердастонаш пеш намеоварданд.

Ин буд, ки тамоми нишастҳои матбуотӣ бо ширкати вай аз ҳама роҳбарони дигар дида, зиндатар, серодамтар мегузашт.

Аммо, имрӯз аксар журналистон мегӯянд, ки баъзе вазирон аз нишастҳои матбуотӣ бо баҳонаҳои дар боло зикршуда мегурезанд ва ҷонишини ҷонхарид ҷойи онҳо посух мегӯяд, ки посухи онҳо, худи онҳо чун чеҳраи хабарсоз, журналистонро қонеъ намекунанд.

Мавсими навбатии нишастҳои матбуотӣ бошад, барои журналистон душвортар омад: Чун ин мавсим пешорӯи ҷаласаи солонаи Ҳукумат ва табиист тағйироти навбатии кадрӣ — фасли «дилзанак» аст, роҳбарони тақдири мансабашон зери суол, аввал мекӯшанд аз нишастҳо «гурезанд», агар нашуд, «сухан дониста мегӯянд, то дӯстро душман нагардонанд». Ба болои «мурда сад чӯб», навакак давраи пешниҳоди номзадҳои ҳизби ҳоким дар ҳавзаҳои якмандатӣ оғоз шудаасту мансабдорони баландпояи қурби вазифаашон аз вакилӣ баланд, даст болои дил, тарси бадарға ба парлумонро доранд. Дар ин рӯзҳо сахт эҳтиёт мекунанд, ки бо камтарин «гуноҳ» мабодо ҷазо набинанд.

Вале, аввалин тағироти кадрӣ дар сатҳи раисони ноҳияҳо нишон дод, ки воқеан дар кишвар кадр намондааст: Аз панҷ раиси ноҳияи сабукдӯшшуда, чор нафараш ба мансабҳои нав таин шуданд. Шояд кадри навбину навгӯ зиёд бошаду кадри «содиқ» кам? Намедонам.

Аммо, бо назардошти тағйироти нахустин, мехоҳам ин маротиба мансабдорони муҳтарамеро, ки даст болои дил доранд, тасалло диҳам:

— Натарсед! Муҳим, афтодан ба «корзинаи кадрӣ» аст! Кам андар кам мешавад, ки шахси ба «корзина» афтода, то охири умр ё то ба ҳафтод бевазифа монад! Тавре мегӯянд: «Главное внимание»!

Ин ки аз вазифаи серравған ба вазифаи камравған меравед, даҳшат нест, чунки ҷамъкардаҳо ба ҳафт пуштатон мерасад!

Аммо… ақаллан сӣ фисад дар фикри мардум ҳам бошед! Мардум, ин ҳамон нафароне, ки аз равзанаи утоқи кабинети Шумо мисли мӯрчаҳои серкор равуо мекунанд.

Ҳууу ана, халтаю сумкаю ароба доранд… бӯи хоку бӯи оғил, бӯи арақи ҷабину бӯи хазон мекунанд!

Дидед? Офарин! Ана ҳамонҳо мардум ном доранд!

Кам –кам аз ҳоли онҳо ҳам хабар гиред ва ҳарфи дили онҳоро низ гӯш кунед. Танҳо ба «валидол» умед мабандед, ки баъзан он ҳам наметавонад дармон бахшад. Мардуми оддӣ беҳтарин роҳҳои табобати халқиро медонад, ки дар мавсими «дилзанак» ҷонатонро метавонад харад.

Аз ҷумла гиёҳи шифобахши фараж.

http://faraj.tj/editorial/7682-dilzanak.html