Все записи автора nansmit

Тоҷикистон: Мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои мустақил ва ВАО бояд ба озодии баёни андешаҳо эҳтиром гузоранд

Тоҷикистон ба гузарондани интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон), ки рўзи ё марти соли 2015 барпо мегардад, омодагӣ мебинад, бо ҳамин сабаб Артикл 19, АМВАОМТ (Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон), «Одил Соз» (Фонди байналмилалии ҳимоияи озодии сухан «Одил соз», Қазоқистон) ва ИМП (Пажўҳишгоҳи сиёсати расонаҳо, Қирғизистон) Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи Марказии интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатии Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-ро даъват менамоянд, ки ҳуқуқ ба озодии баёни андешаҳоро дар арафа ва замони барпошавии интихобот эҳтиром ва ҳимоя кунанд. Читать далее Тоҷикистон: Мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои мустақил ва ВАО бояд ба озодии баёни андешаҳо эҳтиром гузоранд

ДИДҲБ/САҲА миссияи нозиронро дар робита бо интихоботи парлумонии Тоҷикистон огоз менамояд

ДУШАНБЕ, 20-уми январи соли 2015 — Дафтари институтҳои демократи ва ҳукуки башари Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо (ДИДҲБ) ба таври расми Миссияи  Нозирони Интихобот (МНИ) – ро  барои интихоботи парлумони дар санаи  1-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда боз намуд. Сафарбарсозии миссияи нозирон дар асоси даъват аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон суръат гирифтааст. Читать далее ДИДҲБ/САҲА миссияи нозиронро дар робита бо интихоботи парлумонии Тоҷикистон огоз менамояд

Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қурғонтеппа соли равон соҳиби маҷалаи илмӣ мешавад

Муҳаммади Шодиён, ректори донишгоҳи номбурда имрӯз — 20 январ дар нишасти матбуотиаш ба хабарнигорони расонаҳои вилоят ва ҷумҳуриявӣ гуфт, ки “Паём”, маҷалае хоҳад буд, ки дар он мақолаҳои илмии устодон, донишҷӯён ва олимони донишгоҳ интишор мешавад. Читать далее Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қурғонтеппа соли равон соҳиби маҷалаи илмӣ мешавад

Нашри маҷаллаи нав бо номи «Марворид»

Маҷаллаи нав бо номи «Марворид» таъсис дода шуд, ки муассиси он Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбарияти вилояти Хатлон мехоҳад, ки ҳафтаномаҳо хонданибоб бошанд

Аз дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба намояндагони АМВАОМТ дар Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки онҳо талош доранд, ки ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳӣ хонданибоб бошанд.

Тасмим ва пешниҳоди хонданибоб намудани ҳафтаномаҳо баъди нишасти матбуотии Давлатшо Гулҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, ки рӯзи 9 январ гузаронида шуд, ба сармуҳаррирони рўзномањои шаҳру навоҳӣ расонида шудааст.

Дар ин нишасти матбуотӣ Давлатшо Гулаҳмадзода пешниҳод кард, ки мунтазири обунаи маҷбурӣ нашавед ва кӯшиш кунед, ки бо нашри мақолаҳои ҷолиб, гузоришҳои таҳлилӣ ва хабарҳои саривақтӣ хонандагони худро пайдо намоед, ки пушти дукон мунтазири ҳафтаномаҳоятон бошанд.

“Имрӯз обуна коҳиш ёфтааст ва мардум хабару гузоришҳои хубро аз тариқи шабакаҳои интернет пайгирӣ мекунад, ба ҳамин хотир барои хонандаи худро ёфтан кушиш кунед”-гуфт Давлатшо Гулаҳмадзода.

Дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳафтаномаҳое ҳастанд, ки дар як моҳ ду маротиба ва гоҳо як бор нашр мешаванд, ки қарор, ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва элону суханрониҳоро интишор мекунад.

Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.

 

“Муфтӣ, Абдуҷаббор Раҳмон ва Ҷаноби Олиро таҳкир кардаанд, ки…»

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе бори дигар мушкили мутаваққиф шудани ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро шарҳ дод. Читать далее “Муфтӣ, Абдуҷаббор Раҳмон ва Ҷаноби Олиро таҳкир кардаанд, ки…»

“Муфтӣ, Абдуҷаббор Раҳмон ва Ҷаноби Олиро таҳкир кардаанд, ки…»

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе бори дигар мушкили мутаваққиф шудани ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро шарҳ дод.  Читать далее “Муфтӣ, Абдуҷаббор Раҳмон ва Ҷаноби Олиро таҳкир кардаанд, ки…»

ТАЪСИСИ МАҶАЛЛАИ ҶАДИД БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

«Раёсати донишгоҳ тасмим гирифта, ки маҷаллаеро таъсис диҳад, то дар он танҳо осори барҷаста ва гаронарзиши адибони хориҷӣ  интишор ёфта, асарҳои нигорандагон бояд аз ҷониби донишҷӯён тарҷума гарданд».  Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Носирҷон Салимов дар нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод. Читать далее ТАЪСИСИ МАҶАЛЛАИ ҶАДИД БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Нашри маҷаллаи нави тиббӣ дар Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу руй маҷаллае бо номи “Марворид” таъсис додааст, ки шумораи нахустини он бо теъдоди 600 нусха аз чоп баромад. Читать далее Нашри маҷаллаи нави тиббӣ дар Тоҷикистон