Все записи автора nansmit

Президент қонуни ҷазо барои «бениқобӣ» ва хабари «носаҳеҳ»-ро имзо кард

Сарфи назар аз даъвати созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи хабарнигорон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл ризоят дод, ки барои нашри «ахбори носаҳеҳ» дар бораи коронавируси нав сокинону хабарнигорон ва расонаҳоро ҷарима банданд. Читать далее Президент қонуни ҷазо барои «бениқобӣ» ва хабари «носаҳеҳ»-ро имзо кард

CPJ аз Эмомалӣ Раҳмон хост, тарҳи баҳсбарангезро имзо накунад

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, бо пахши изҳороте гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон набояд тарҳеро имзо кунад, ки озодии баёнро зери хатар мегузорад. Читать далее CPJ аз Эмомалӣ Раҳмон хост, тарҳи баҳсбарангезро имзо накунад

СММ: «Бархе кишварҳо дар аҳди COVID-19 озодии расонаҳоро нақз карданд»

Мишел Бачелет, раиси ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид чандин кишвар, аз ҷумла Чин ва Русияро ба истифода аз пандемияи коронавирус барои хомуш сохтани озодии баён муттаҳам кардааст. Мишел Бачелет рӯзи сешанбе гуфт, аз ин ки Амрико бархе воқеиятҳоро дар бораи коронавирус рад мекунад, нигарон аст. Ин интиқоди ӯ пас аз он садо дод, ки шумораи зиёде дар Амрико рӯзҳои ахир ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Читать далее СММ: «Бархе кишварҳо дар аҳди COVID-19 озодии расонаҳоро нақз карданд»

Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо стресс чӣ гуна муносибат кунанд

Наргис Тоймастова, равоншинос, роҳбари маркази психологии “Алифбои шахсият”, дар вебинарии махсуси Интернюс дар Тоҷикистон, рӯзи 25 июн дар бораи тарзи рафъи стресс, ки дар ҷараёни иттилооти манфӣ ба вуҷуд меояд ва чӣ гуна эҳсосоти изтироб пайдо шуда, бо он чӣ бояд кард нақл кард. Читать далее Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо стресс чӣ гуна муносибат кунанд

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 13 июл оғоз мешаванд

Аз 13 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли 2020 оғоз мегарданд. Читать далее Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 13 июл оғоз мешаванд

Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои апрел, май ва июни соли ҷорӣ ба як қатор вазорату корхонаҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Читать далее Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад

Маҷлиси миллӣ ҷазо барои пахши «ахбори ғалат»-ро қабул кард. Талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ рад шуд

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тасвиб кард, ки бар асоси он барои пахши «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус ҷарима муқаррар шудааст. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чанд рӯз қабл аз аъзоёни Маҷлиси миллӣ талаб карданд, то аз тасвиби тарҳ худдорӣ кунад. Читать далее Маҷлиси миллӣ ҷазо барои пахши «ахбори ғалат»-ро қабул кард. Талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ рад шуд

Аз Раҳмон хостанд, нагузорад, ки касе барои пахши ахбори «ғалат» ҷазо гирад

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хост, ки тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо накунад. Дар ин тағйирот барои пахши «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Манзур аз «ахбори ғалат» чист ва онро чӣ гуна муайян мекунанд, маълум нест. ​Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муроҷиатномае гуфтаанд, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад. Читать далее Аз Раҳмон хостанд, нагузорад, ки касе барои пахши ахбори «ғалат» ҷазо гирад

Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YouTube аз рӯи миқдори муштариён

Дар ин феҳрист мо ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои омории шабакаҳо, аз қабили теъдоди муштариён, миқдори видеоҳо дар шабака, миқдори умумии тамошои видеоҳо ва ғайра таваҷҷуҳ кардаем. Боздиди охирини мо аз шабакаҳо дар таърихи аз 13 то 15 июни соли ҷорӣ сурат гирифтааст ва омори овардашуда ба ҳамин давра мутобиқат мекунад. Читать далее Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YouTube аз рӯи миқдори муштариён

МУРОҶИАТНОМАИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВАО

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ

Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Ба вакилони Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Читать далее МУРОҶИАТНОМАИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВАО