Все записи автора nansmit

15 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?

Пагоҳ, 15 июл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар  нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ доир менамоянд. Читать далее 15 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?

Коршинос: Ҷарима барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ сафи аккаунтҳои “беном”- ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меафзояд

Назари коршиносон дар мавриди таъсири тағйирот ба Кодекси қонунвайрокунии маъмурӣ нисбати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва журналистон. Читать далее Коршинос: Ҷарима барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ сафи аккаунтҳои “беном”- ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меафзояд

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон шикояти шаҳрвандон дар мавриди гарониву сустии суръати интернети мобилиро дар кишвар шарҳ дод

Читать далее Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Бо талаби Вазорати адлия фаъолияти «Зеркало»-ро барои ду моҳ манъ карданд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти ташкилоти «Зеркало», яке аз фаъолтарин марказҳои назарпурсии мустақилро ба муддати ду моҳ манъ кардааст. Вазорати адлия ташкилоти «Зеркало»-ро ба риоя накардани қонунгузорӣ муттаҳам мекунад. Аммо масъулини ин ташкилоти ҷамъиятӣ на ҳама эродҳои мақомотро дуруст меҳисобанд. Читать далее Бо талаби Вазорати адлия фаъолияти «Зеркало»-ро барои ду моҳ манъ карданд

Пешниҳоди боздоштани фаъолияти МТИ “Зеркало” аз суд

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт пешниҳод кардааст, ки фаъолияти Маркази тадқиқоти иҷтимоии “Зеркало” боздошта шуда, инчунин фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Operation Mercy манъ карда шавад. Читать далее Пешниҳоди боздоштани фаъолияти МТИ “Зеркало” аз суд

14 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?

Пагоҳ, 14 июл Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияташон  нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ доир менамоянд. Читать далее 14 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ мегузаронанд?

Посухи радди ВКД. Мақомот гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимояи давлатӣ эҳтиёҷ надорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба дархости зери ҳимояи давлатӣ гирифтани Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавони тоҷик посухи рад додааст. Вакили дифоъ қаблан аз ВКД хоста буд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ду дафъа латукуб шудааст, таҳти ҳимояти давлатӣ гирифта шавад. Читать далее Посухи радди ВКД. Мақомот гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимояи давлатӣ эҳтиёҷ надорад

13 июл кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?

13 июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияташон дар нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее 13 июл кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?

Сензура ба хотири субот ё қонуни нав ба кори рӯзноманигорон чӣ таъсир мегузорад?

Президенти Тоҷикистон сарфи назар аз нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, иловаҳои воридшуда ба қонун дар мавриди нақзи низоми ниқобпӯшӣ ва нашри иттилооти носаҳеҳро пуштибонӣ кард. Коршиносон аз бадтар шудани вазъи бе ин ҳам нобасомони рӯзноманигорон дар кишвар бар пайи тафсири ҳар гунаи қонун ҳарос доранд. Аммо мақомот бовар доранд, ки чунин ҳаросҳо беасосанд. Читать далее Сензура ба хотири субот ё қонуни нав ба кори рӯзноманигорон чӣ таъсир мегузорад?

Тоҷикистон: Ҷаримаи бениқобон ва «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус қонунӣ шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бисту ду қонунро ба имзо расонд, ки дар байни онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” диққати мардумро бештар ба худ ҷалб мекунад. Читать далее Тоҷикистон: Ҷаримаи бениқобон ва «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус қонунӣ шуд