Дар Тоҷикистон вебсайти нави иттилоотӣ-таҳлилӣ бо номи nuqta.tj ба кор шуруъ кард. Ҳадаф аз таъсиси сомона ба гуфтаи муассисонаш, нашри матлабҳои таҳлилӣ ва омода кардани таҳлилгарон аст. Вебсайт дар шароите ба кор шуруъ мекунад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз маҳдудтар шудани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Читать далее Дар матбуоти тоҷик «Нуқта»-назари нав пайдо шуд.
Все записи автора nansmit
Филми рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷашнвораи филмҳои мустанади Русия роҳ ёфт
Филми «Шуроб” соли гузашта дар толори кинотеатри “Зебуниссо” ба намоиш гузошта шуд.
Читать далее Филми рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷашнвораи филмҳои мустанади Русия роҳ ёфт
Шиносоии рӯзноманигорон бо Маркази таълимии КҲФ
Созмони ҷамъиятии “Хома” барномаеро роҳандозӣ кардааст, ки рӯзноманигорон метавонанд бо роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ вохӯрда, ба суолҳои хеш посух гиранд. Чунин нишастҳо, ба фарқ аз нишастҳои матбуотие, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар як сол ду маротиба ба нақша гирифта мешавад, дар худи ниҳодҳои давлатӣ баргузор гардида, илова бар ин, рӯзноманигорон бо фаъолияти рӯзмарраи онҳо шинос мешаванд. Читать далее Шиносоии рӯзноманигорон бо Маркази таълимии КҲФ
Ба наздикони Далер Шарифов иҷоза доданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд
Ӯ дар ин мулоқот як хоҳиш кардааст: «Барояш китоб бифиристанд»
Читать далее Ба наздикони Далер Шарифов иҷоза доданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд
Сирру асрори қатли журналистон дар Тоҷикистон. Гунаҳкоронро накофтанд ё наёфтанд?
Пайвандони баъзе аз журналистони кушташуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) бо гузашти қариб се даҳсола ҳанӯз дар бораи омилон ва фармоишгарони қатли онҳо маълумот надоранд. Тафтишот рози куштори онҳоро то кунун ошкор накардааст. Читать далее Сирру асрори қатли журналистон дар Тоҷикистон. Гунаҳкоронро накофтанд ё наёфтанд?
Далер Шарифов шомили маҳбусоне, ки Эмомалӣ Раҳмон бахшид, нашуд
Ӯ то поёни давраи маҳбасӣ, се моҳи дигар дар зиндон хоҳад буд.
Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки рӯзи 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт ва 16-уми апрели имсол аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохта шуд, миёни 378 маҳбусе, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуданд, нест.
Саида Қурбонова, ҳамсари Далер, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Далер се моҳи дигар дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон мемонад. Ба гуфтаи Қурбонова, онҳо умед доштанд, ки номи Далер Шарифов низ дар рӯихати бахшидашудагон шомил мегардад, чун муҳлати адои ҷазои хеле кам дорад.
“Умед доштем, ки номи Далер низ дар рӯихати бахшидашудагон аст, вале мутаассифона набудааст. То ҳол сабаби ворид нашудан ба рӯихатро намедонем, вале бо муҳлати адои ҷазое, ки ӯ дорад бояд озод мешуд”, — илова кард Саида Қурбонова.
Дар мавриди чаро шомил нашудани ному насаби Далер Шарифов ба рӯихати бахшидашудагон Давлатмурод Хоҷаев сардори Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон аз суҳбат худдорӣ кард.
Ба гуфтаи ҳамсари рӯзноманигори зиндонӣ, рӯзи 22-юми сентябр вобаста ба рад шудани пешниҳоди пеш аз муҳлат озод кардани Далер Шарифов ба Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амният ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дархост пешниҳод намуда буданд, вале баъдан ҷавоби рад гирифтанд. Қаблан низ рӯзи 18-уми сентябр, дархости Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон барои пеш аз муҳлат озод кардани Далер Шарифов аз сӯйи Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи кишвар рад шуда буд.
Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.
Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.
Ёдрас мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ ба унвони дигарбора интихоб шудан, фармони аввали худро дар бораи бахшидани 378 нафар маҳкумшуда ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.
Аммо то кунун барои расонаҳо маълум нест, ки 378 нафари бахшидашуда киҳоянд ва чаро маҳз онҳо бахшида шудаанд. Талошҳои «Азия-Плюс» то ин дам барои дарёфти иттилои бештар дар бораи ин 378 нафар бенатиҷа будааст.
Даргузашти Маҳмудҷон Дадобоев рӯзноманигори варзида дар вилояти Суғд
Ба гуфтаи пайвандонаш чанд рӯзи ахир дар беморхонаи сироятӣ бистарӣ буд.
Читать далее Даргузашти Маҳмудҷон Дадобоев рӯзноманигори варзида дар вилояти Суғд
Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳи ҷавонро барои «шикоят» ҷарима бастаанд
Як тарроҳи ҷавони тоҷикро, ки қаблан аз озору азият шудан аз тарафи коршарикаш Тоҳир Иброҳимов шикоят карда буд, ду ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан 200 доллар ҷарима бастаанд. Читать далее Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳи ҷавонро барои «шикоят» ҷарима бастаанд
Хабарнигори маҷруҳи Радиои Озодӣ дар Қазоқистон аз ташхиси тиббӣ мегузарад
Сония Тойкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки аз сӯи пулис маҷруҳ карда шуд, рӯзи 26 октябр аз ташхиси судиву тиббӣ мегузарад. Ин хабарнигор ҳангоми инъикоси гирдиҳамоии осоиштаи сокинони шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи шанбеи гузашта мавриди ҳамла қарор гирифт.
Тойкен тасмим дорад, аз рӯи ҳодисаи расонидани ҷароҳати вазнин, монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ, берун рафтан аз ваколатҳои хизматӣ аз сӯи пулис, ба додситонӣ шикоят барад. Читать далее Хабарнигори маҷруҳи Радиои Озодӣ дар Қазоқистон аз ташхиси тиббӣ мегузарад
Парвандаи ҷиноӣ зидди рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев қатъ шуд
Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори мустақил аз Узбекистон дар «Фейсбук» хабар дод, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати вай қатъ шудааст. Читать далее Парвандаи ҷиноӣ зидди рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев қатъ шуд