Все записи автора nansmit

Эҳтимоли ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани Далер Шарифовро баррасӣ доранд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон эҳтимоли аз зиндон ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани хабарнигори тоҷик Далер Шарифовро баррасӣ доранд. Читать далее Эҳтимоли ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани Далер Шарифовро баррасӣ доранд

Ӯзбекистон: Президент ба журналисти боздоштшуда хона туҳфа кард

Журналист Бобомурод Абдуллоев соҳиби хонаи сеутоқа гардид. Онро ба вай Президент Шавкат Мирзиёев тӯҳфа кард. Ин хона дар маҷмӯаи «Green Park»-и шаҳри Тошканд воқеъ гаштааст.  Читать далее Ӯзбекистон: Президент ба журналисти боздоштшуда хона туҳфа кард

Озмуни ҲАТ бо ҳазинаи 10 ҳазор сомонӣ ҷамъбаст шуд

Имрӯз, 17-уми октябр, дар шаҳри Душанбе озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки бахшида ба 15-солагии таъсисёбии ҳизб, байни рӯзноманигорон эълон шуда буд, бо хазинаи 10000 сомонӣ ҷамъбаст гарид. Читать далее Озмуни ҲАТ бо ҳазинаи 10 ҳазор сомонӣ ҷамъбаст шуд

Мавлуда Рофиева, рӯзноманигоре, ки то охир ба рисолаташ содиқ монд.

Ҷасади Мавлуда Рофиева, хабарнигори оҷонси иттилоотии «Азия-Плюс»-ро рӯзи 14-уми октябр зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дар оромгоҳи шаҳри Гулистон дафн карданд. Ӯ, ки пештар бо нишонаҳои «илтиҳоби шуш» дар шифохонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар 56-солагӣ даргузашт.

Пайвандону дӯстонаш гуфтанд, ки қаблан натиҷаи ташхиси ӯ аз COVID-19 манфӣ буд, вале рӯзҳои ахир аз сулфа ва ҳарорати баланд шикоят дошт. Читать далее Мавлуда Рофиева, рӯзноманигоре, ки то охир ба рисолаташ содиқ монд.

Даргузашти Мавлуда Рафиева

Мавлуда Рафиева, намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ва хабарнигори “Азия плюс” дар синни 57 солагӣ даргузашт. Бино ба гуфтаи наздиконаш ӯ чанд рӯзи ахир аз дарди гулӯ ва ҳарорати баланд шикоят дошт. Читать далее Даргузашти Мавлуда Рафиева

Вадим Садоншоев директори “Интернюс”-и Тоҷикистон шуд.

Вадим Садоншоев аз соли 2018 менеҷери барномаҳои Internews-и Тоҷикистон буд, ки дар ин мақом ба ҷойи Абдумалик Қодиров интихоб шуд. Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст. Читать далее Вадим Садоншоев директори “Интернюс”-и Тоҷикистон шуд.

ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои июл, август ва сентябри соли ҷорӣ ба як қатор вазорату идораҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад. Читать далее ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?

Озмуни ҲАТ барои журналистон

Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақомои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон кардааст, ки дар он тамоми журналистон ва кормандони ВАО ширкат кардан метавонанд. Читать далее Озмуни ҲАТ барои журналистон

Дума қонуни бастани сомонаҳои «экстремистӣ» бидуни қарори додгоҳро баррасӣ дорад

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуне пешниҳод шуд, ки дар сурати қабул шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иҷозат медиҳад, бидуни муроҷиат ба додгоҳ сомонаҳои «экстремистӣ»-ро банданд.

Читать далее Дума қонуни бастани сомонаҳои «экстремистӣ» бидуни қарори додгоҳро баррасӣ дорад