Все записи автора nansmit

Анонс: Нишастҳои матбуотии Вазорати тандурустӣ, Телевизиони Сафина ва Палатаи савдо

13-уми январи соли равон нишастҳои матбуотии панҷ ниҳод бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Вазорати тандурустӣ, Телевизиони Сафина ва Палатаи савдо →

Анонс: Нишасти матбуотии Академияи илмҳо

Рӯзи 14–уми январи соли 2016 соати 09:00 нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Читать далее Анонс: Нишасти матбуотии Академияи илмҳо →

Имомзода эътироф кард, ки журналистика устодони хуб дорад

Ректори Донишгоҳии миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҳоло факултаи журналистика устодони хуб дорад ва ниёз ба ҳамкори бо Донишгоҳи Маскав нест. Читать далее Имомзода эътироф кард, ки журналистика устодони хуб дорад →

Маълумоти провайдерҳо ба волидон бобати дар кадом сомонаҳо будани фарзандон

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи масуълияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон ирсол намуд. Читать далее Маълумоти провайдерҳо ба волидон бобати дар кадом сомонаҳо будани фарзандон →

Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи дин, Саридораи геология ва Агентии хизмати давлатӣ

12-уми январи соли равон нишастҳои матбуотии се ниҳод бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи дин, Саридораи геология ва Агентии хизмати давлатӣ →

Таъхири нишасти хабарии Шӯрои адлия

Нишасти хабарии Шӯрои адлия Тоҷикистон, ки мебоист имрӯз, 11 январ бо ҳузури раиси ин ниҳод, Дустмурод Муродзода баргузор мешуд, ба таъхир уфтод. Читать далее Таъхири нишасти хабарии Шӯрои адлия →

«Дарвозабон»-и Интернети Тоҷикистон кист?

Маҳдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро ба маҳдудияти нерӯи барқ монанд мекунанд. Ҳанӯз як ҳафта аз боз шудани шабакаҳои Фейсбук, Ютуб, Одноклассники ва ВКонтакте нагузашта, зуҳри 7-уми январ ин шабакаҳо дубора баста шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон даст доштани худро дар бастани шабакаҳо рад мекунанд ва дастнорас гардидани саҳифаҳои алоҳидаро  ё иллати техникӣ мегӯянд ва ё профилакӣ. Қатъ шудани таъмини барқ низ ба ҳамин баҳона монанд аст —  «авария» дар хатҳои барқдиҳӣ.

Дар соли 2015 шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабаргузорӣ пушти сари ҳам борҳо барои муддатҳои кӯтоҳ ва баъдан дар ҳолатҳои вежа боз шуданд. Ҳамон гунае, ки дар фасли сармо барқ дар рӯзҳои хосса дода мешавад ва баъдан ба лимити муқарраршуда бармегардад.  Ахиран тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ дар чанд рӯзи пахши сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Каъба боз шуданд ва баъдан дубора ба дарҳои онҳо қуфл зада шуд.

​Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мегӯяд, “агар  Хадамоти алоқа пушти ин сайтбандиҳо набошад ҳам, ҳамчун ниҳоди танзимкунанда бояд аз ширкатҳои интернетрасон талаб кунад, ки чаро сайтҳову сомонаҳо баста шудаанд?”

Ҳамчунин ба қавли Асомиддин Атоев, бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, ки боиси кам шудани шумораи истифодабарандагони интернет гардидааст, ҳам ба буҷаи кишвар ва ҳам ба буҷаи ширкатҳо зиён дорад.

Аммо намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз баставу боз шудани шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори бехабарӣ карда, айбро ба гардани ширкатҳои мобилӣ мезанад.

Алихон Бекназаров, намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд:“Бо иқдоми кӣ кушода шудани шабакаҳи иҷтимоиии Фейсбук, Ютуб ва Одноклассникиро намедонем. Аз ҷониби Хадамоти алоқа ягон  фармоишу супориш дода нашудааст. Умуман бастану хомӯш кардан дар мо нест. Сабаби боз шудани ин шабакаҳои иҷтимоиро мо шарҳ дода наметавонем.Чунки он моликияти ширкатҳои таъмини интернетист. Мехоҳанд — мекушоянду мехоҳанд — мекушанд.”

Ҳарчанд ҷаноби Бекназаров аз баставу боз шудани шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори беиттилоӣ мекунад ва ин амалро кори дасти худи ширкатҳои интернетӣ медонад, аммо масъулони ширкатҳои мобил мегӯянд, онҳо берун аз дастурҳои ин хадамот амал намекунанд.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Babilon Mobile” ба Озодӣ гуфт:“Мо дар доираи қонунҳои давлат кор мекунем. Берун аз қонун кореро анҷом намедиҳем.”

Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан дар ҳолатҳое, мисли шӯриши генерал Назарзода ва ё нооромиҳоия чанд соли пеш дар Бадахшон баста шуданд. Аммо моҳҳои ахир ин пойгоҳҳо бидуни ҳеҷ сабаб низ масдуд мешаванд.

​Муҳайё Нозимова, хабарнигори мустақили тоҷик ва корбари фаъоли Фейсбук мегӯяд, ин суол беҷавоб мондааст, ки чаро ширкатҳои мобилӣ, ки ногузир амри бастани сомонаҳоро иҷро мекунанд, мушкили худро шарҳ намедиҳанд? Ва чаро мардум бояд бовар кунанд, ки ин кори Хадамоти алоқа аст?

Боз шудани  шабакаҳои иҷтимоӣ  дар чанд рӯзи гузашта ба сафари президент ба Арабистони Саудӣ рост омад ва Муҳайё мегӯяд: “Ин ба  маъноест, ки мақомот тарзи дурусти рекламаро ёд гирифтаанд. Дар рӯзҳои хос шабакаҳои иҷтимоиро боз мекунанд ва дар дигар маворид — не.”

Ҳоло сокинони кишвар барои таъмини ҳамешагии барқ дар хонаҳои худ «прокси» пайдо накардаанд, аммо бахши умдаи онҳо, махсусан ҷавонон, даҳҳо қуфлшиканро дар компютеру телефонҳои худ насб кардаанд, ки қуфлҳои гузоштаро ба осонӣ мешикананд ва ба сомонаҳои дилхоҳи худ ворид мешаванд.

 

http://www.ozodi.tj/content/who-ban-and-open-access-to-social-media-in-tjk/27477114.html