Все записи автора nansmit

Собир ба Давлатзода: Фарҳанг аз рақсу бозӣ иборат нест

Имрӯз дар нишасти хабарии телевизиони «Сафина» коршинос Маҳдӣ Собир дар нутқи хеш изҳор дошт, ки дар ҳоле телевизиони мазкур фақат рақсу бозӣ нишон медиҳад, фарҳанг танҳо рақсу бозӣ нест. Читать далее Собир ба Давлатзода: Фарҳанг аз рақсу бозӣ иборат нест →

Зевар Давлатова: Аз қатъи барномаи Орзу Исоев то баҳси «Уребча» дар ТВС

Роҳбари муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар нишасти хабарӣ аз қатъи лоиҳаи «Маликаи хушхиром» хабар дода, масъулияти ислоҳи вожаи  «Уребча»-ро ба дӯши кумитаи ислоҳоти забон гузошт. Читать далее Зевар Давлатова: Аз қатъи барномаи Орзу Исоев то баҳси «Уребча» дар ТВС →

Зевар Давлатова: Аз қатъи барномаи Орзу Исоев то баҳси «Уребча» дар ТВС

Роҳбари муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар нишасти хабарӣ аз қатъи лоиҳаи «Маликаи хушхиром» хабар дода, масъулияти ислоҳи вожаи  «Уребча»-ро ба дӯши кумитаи ислоҳоти забон гузошт.

Читать далее Зевар Давлатова: Аз қатъи барномаи Орзу Исоев то баҳси «Уребча» дар ТВС →

ТВ «Сафина»: «Уребча»-ро Кумитаи забон ислоҳ кунад

Раҳбарияти ТВ «Сафина» мегӯянд, ки ислоҳи вожаи «уребча» ба масъулияти онҳо намедарояд ва бигзор Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар онро ислоҳ намоянд. Читать далее ТВ «Сафина»: «Уребча»-ро Кумитаи забон ислоҳ кунад →

Зевар Давлатзода: Орзу Исоев минбаъд коргардонӣ мекунад

Раҳбарияти муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” далели пахш нашудани барномаи “Маликаи хушхиром”-ро шикояту эродҳо дар расонаҳо гуфтанд. Читать далее Зевар Давлатзода: Орзу Исоев минбаъд коргардонӣ мекунад →

«Мӯрӣ»-и ягона барои сӯҳбатҳои телефонӣ бо хориҷ

Дар Тоҷикистон Маркази ягонаи коммутатсионӣ таъсис додаанд ва аз ин ба баъд сӯҳбатҳои телефонӣ бо хориҷ ва трафики Интернет ҳама бояд аз тариқи он гузарад. Читать далее «Мӯрӣ»-и ягона барои сӯҳбатҳои телефонӣ бо хориҷ →

«Растагорӣ» — маҷмӯаи нахустини Шодӣ Раҷабзод

Китоби аввалини рӯзноманигор ва нависанда Шодӣ Раҷабзод бо номи «Растагорӣ» ба табъ расидааст.

Китоби мазкур аз 210 саҳифа иборат буда, дар матбааи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Пешгуфтори китоби мазкур ба қалами олими маъруф, адабиётшинос, профессор Абдунабӣ Сатторзода тааллуқ дорад.

Дар пешгуфтори китоби мазкур профессор Абдунабӣ Сатторзода чунин нигоштааст: «Дар бист-бисту панҷ соли охир дар ҷомеаи тоҷик, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дигаргуниҳои куллие ба вуҷуд омад… Шодӣ Раҷабзод ба сифати як нависанда ва рӯзноманигор кӯшиш намудааст, ки ин дигаргуниҳоро дар мисоли зиндагии деҳот ва деҳотиён дар ҳикоя, новелла, мақола ва очеркҳояш бо тамоми пастиву баландиҳо, печутоб ва мушкилиҳояш ҳақиқатнигорона бозтоб диҳад. Ӯ анҷоми кореро ба зимма гирифтааст, ки аксарияти мутлақи адибони муосири тоҷик, чи собиқадору чи навқалам, ё аз он канора мегиранд ва ё даст зада бошанд ҳам, ғолибан ба он яктарафа ва рӯякӣ муносибат кардаанд».

Мақолаҳои Шодӣ Раҷабзод дар мавзӯъҳои гуногун дар нашрияхои «Самак» ва «Фараж» пайваста нашр мешаванд.

Айни ҳол ӯ дар нашрияи «Омӯзгор» ба ҳайси мудири шӯъбаи ҳафтанома фаъолият дорад.

 

http://faraj.tj/news/12062-rastagor1251-ma1207m1263ai-nahustini-shod1251-ra1207abzod.html