Маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Чумҳурии Тоҷикистон», ки тайи ду соли охир роҳбарияшро журналист Хуршеди Атовулло (Ниёзов) ба зимма дошт, субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон” ба кори худ оғоз кард. Читать далее Шаҳло Акобирова раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд
Все записи автора nansmit
«Мусичаи бегуноҳ»-и Ховалинг
Мудири бахши зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Гулҷаҳон Сафарова, ки дарлатукӯби сармуҳаррири газетаи «Ҳақиқати Ховалинг» Назарова Мавлуда ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ мутаҳҳам дониста мешавад, дар ҷаласаи судӣ, ки таҳти раёсати раиси суди ноҳияи Ховалинг Раҳмонзода Шариф Файз баргузор шудааст, худро гунаҳгор наҳисобидааст. Читать далее «Мусичаи бегуноҳ»-и Ховалинг
Нақши устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик назаррас аст
Устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард. Ин нуктаро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Нақши устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик» доир гардид, баён дошт. Читать далее Нақши устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик назаррас аст
Ато Ҳамдам, муаллифи китобҳои «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» ва «Спитамен»: «Маҳз журналистика роҳи маро ба сӯи адабиёт боз намудааст…»
Журналист бо қалам ва суханаш бояд барои пешрафти ҷомеа хизмат расонад, зеро вазифаи асосии журналист созандагӣ аст, на сӯзандагӣ. Ин матлабро журналист, драматург ва тарҷумони тоҷик Ато Ҳамдам 23 ноябр зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён дошт. Номбурда дар оғози суҳбат таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба нақши таърихӣ доштани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар, хусусан аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ҷалб намуд. Ба андешаи номбурда, маҳз Иҷлосияи мазкур сабаб гардид, ки коршиносони кишварҳои гуногуни олам ба таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон баҳои баланд дода, сулҳи тоҷиконро «сазовори омӯзиш» донистаанд. Читать далее Ато Ҳамдам, муаллифи китобҳои «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» ва «Спитамен»: «Маҳз журналистика роҳи маро ба сӯи адабиёт боз намудааст…»
21 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион. Аз «оинаи нилгун» — то телевизиони рангаи рақамии HD
Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар ҷаҳон 21 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day) ҷашн гирифта мешавад. Читать далее 21 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион. Аз «оинаи нилгун» — то телевизиони рангаи рақамии HD
Имрӯз рӯзи телевизион аст
Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар ҷаҳон 21 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day) ҷашн гирифта мешавад. Читать далее Имрӯз рӯзи телевизион аст
Чаро журналист ё ВАО-ро ба ҷавобгарӣ мекашанд?
Айни ҳол дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинар-тренинг дар мавзӯи “Хусусиятҳои баррасии парвандаҳои судӣ бо иштироки ВАО ва рӯзномагорон” баргузор шуда истодааст. Читать далее Чаро журналист ё ВАО-ро ба ҷавобгарӣ мекашанд?
Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон дар радио садо медиҳанд
Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд. Читать далее Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон дар радио садо медиҳанд
Пахши садоии китобҳои президент дар шабакаҳои давлатӣ ва хусусӣ
Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд.Ҳарчанд мақомот чунин иқдомро барои боло бурдани эҳсоси худшиносиву ватандӯстии сокинон муҳим мешуморанд, аз тарафи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад.
Асарҳои президент дар “Хазинаи тиллоӣ”
Бар асоси қарори Кумитаи телевизион ва радио аз 26-уми октябр Радиои Тоҷикистон муваззаф шудааст, бо ҷалби ровиёни хушовоз асарҳои раиси ҷумҳурро, ки теъдодашон ба беш аз 20 мерасад, сабти аудиоӣ кунад. Фаррух Зиёев, мудири Радиои Тоҷикистон, рӯзи 18-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои анҷоми ин кор ҳунарпешаҳои театр ва ровиён ҷалб мешаванд.
Ӯ гуфт, алакай ду асарро сабт кардаанд: «То ин қарор мо ду китоби раиси ҷумҳурро сабт кардем ва онҳо дар эфир садо доданд. “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Забон ҳастии миллат” дар хазинаи тиллоии мо сабт шуд. Бар замми ин, супориш шудааст, ки асарҳои дигарро низ ба Шӯрои бадеӣ пешниҳод кунем, ки ҳамаи онҳо ба навбат хонда мешаванд”.
Ин масъули Радиои Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин, китобҳое, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон навишта шудаанд, барои шунавонидани ба сокинон сабти аудиоӣ хоҳанд шуд.
“Фарқ миёни расонаҳои хусусӣ ва давлатӣ намемонад”
Соли гузашта пораҳое аз китоби “Аз Ориён то Сомониён”-и президент дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо наворҳои таърихӣ пахш шуда буд, вале ҳоло тасмим аст, тамоми асарҳои ӯ тариқи радиоҳои маҳаллӣ хонда шаванд. Масъули як радиои хусусӣ 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба тозагӣ аз Бозрасии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизиону радио дастур гирифтанд, ки дар баробари пахши ахбори радиои давлатӣ, ичунин хониши бадеии китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро низ ба роҳ монанд.
Ӯ гуфт, “дар сурате, ки мо хабарҳои радиои давлатӣ ва хонишҳои бадеиро пахш кунем, фарқе миёни мову расонаҳои давлатӣ намемонад. Ба он хотир радиои моро гӯш мекунанд, ки бо пахши мусиқӣ ва хабарҳои дигар аз радиоҳои давлатӣ фарқ мекунем. Баъдан, хонишҳои бадеӣ ба ҳадде дароз ҳастанд, ки шунавандаҳоро мегурезонад. Аммо вақте супориш аст, ба хотири аз даст надодани иҷозатнома маҷбурем, ки пахш кунем”.
Масъулони телевизионҳои мустақил низ гуфтанд, ки алакай пас аз ин супориш ба бознашри барномаҳои, ба истилоҳ, ватандӯстии телевизонҳои давлатӣ оғоз карданд.
Мӯҳлати пахши хонишҳои бадеӣ аз даҳ то ним соатро дар бар мегирад.
“Мансабдорон хидмати мардумро фаромӯш кардаанд”
Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, пахши “хонишҳои бадеӣ” мероси замони Шӯравист, ки дар шароити феълӣ мардумро аз радио дур мекунад. Ӯ гуфт, шояд дар замони Шӯравӣ чунин хонишҳо натиҷа медод, чун сокинон роҳи алтернативии шунидани мусиқӣ ва иттилоъро надоштанд.
Ҳарчанд, ба гуфтаи Мамамдшоев, мақомот чунин иқдомашонро ба боло бурдани худшиносиву ватандӯстӣ рабт медиҳанд, аммо аз тарафи дигар он метавонад натиҷаи баръакс дошта бошад. Ӯ гуфт, “такрори як ҳарф аз тамоми расонаҳо дилбазан аст. Вақте китоби президент ҳаст ва барои нафаре лозим бошад, онро пайдо карда мехонад. Ҳоло дар Тоҷикистон аксари мансабдорон фақат талош мекунанд, то бо иқдоме ба президент хидмат кунанд. Тамоми идеяҳо марбут ба ин аст, ки кӣ беҳтар метавонад, хушомад гӯяд. Хидмати мардумро фаромӯш кардаанд. Пахши хонишҳои бадеӣ низ аз ҳамон гуна иқдом аст. Барои мардум дар ҳоле ки шароити зисташ мушкил аст, ниёзе ба шунидани хониши бадеӣ надорад. Бовар надорам, ки мардум чунин барномаҳоро ҳам гӯш кунад”.
Қурбони Собир, ҳунарпешаи тоҷик аз ҷумлаи афодест, ки барои хонишҳои бадеии асарҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷалб шудааст. Ӯ гуфт, хонишҳои бадеӣ ҳанӯз шунаванда доранд: “Ғазалҳои Ҳофизу рубоиҳои Хаёмро хондаам, ки мардум хеле писандиданд. Одамҳои зиёди китобхон ҳастанд, ки чашмҳояшон хира шудааст, вале имкони китоб хондан надоранд. Бисёриҳо ронанда ҳастанд ва ҳангоми ронандагӣ гӯш мекунанд. Дар Радиои Ховар пораҳои беҳтарине аз асарҳои президенти кишварро мехонам. Ҷойҳои хеле муҳиме аз ин асарҳоро, ки барои мардум, барои миллатсозӣ заруранд, пешкаш мекунем.”
Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми ноябр аз замони ба қудрат расиданаш ҳамчун “Рӯзи президент” таҷлил мешавад, 25 сол боз раҳбари аввали Тоҷикистон аст. Дар 25 соли раҳбариаш, тақрибан ҳар соле як китоб навиштааст, ки бо теъдоди зиёде нашр ва миёни сокинон тақсим шудаанд. Мавзӯи асарҳои президенти Тоҷикистон таърих, забон ва сиёсатро дар бар мегирад.
https://www.ozodi.org/a/audio-book-tajik-president/28861231.html
Журналистон фарҳанги муошират ва рафторро такмил медиҳанд
Дар толори меҳмонхонаи «Атлас» дар шаҳри Душанбе барои 30 нафар журналистон-кормандони васоити ахбори омма аз манотиқи гуногуни кишвар тренинги омӯзишӣ доир ба ташаккули фарҳанги муошират ва рафтор идома дорад. Читать далее Журналистон фарҳанги муошират ва рафторро такмил медиҳанд