Аскар Турсунов – вакили дифои рӯзноманигор ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов – рӯзи 11-уми декабр, баъди мулоқот бо нафари таҳти ҳимояташ, вазъи ӯро хуб арзёбӣ кард. Читать далее Вакили Хайрулло Мирсаидов: Сирри тафтишотро фош намекунам
Все записи автора nansmit
Хайрулло Мирсаидов барои нақзи чор моддаи КҶ гумонбар эълон шуд
Додгоҳи Хуҷанд бо дархости мақомоти додситонӣ қарор кард Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») ва пешина хабарнигори “Азиа Плюс” ва “Мавҷи Олмон” замони тафтиши парвандааш дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта шавад. Читать далее Хайрулло Мирсаидов барои нақзи чор моддаи КҶ гумонбар эълон шуд
Хайрулло Мирсаидов боздошт шуд
Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») аз рӯзи 5-уми декабр ба ин тараф дар боздошт аст. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми декабр гуфтанд, ки Мирсаидов дар робита ба баҳси сарфу харҷи пули ҳукумати вилояти Суғд барои ҳунарнамоии тими ҳозирҷавобон дастгир шудааст. Читать далее Хайрулло Мирсаидов боздошт шуд
«Симо» тавонист беҳтарин эҷодкорони кишварро ба ҳам биёрад- бардошт аз маросими ҷоизасупории аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад дар Душанбе
Маросими ҷоизасупории аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «Симо», ки дар доираи Соли ҷавонон аз тарафи Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» эълон гардида буд, шоми дирӯз дар «Кохи Наврӯз» баргузор гардид. Читать далее «Симо» тавонист беҳтарин эҷодкорони кишварро ба ҳам биёрад- бардошт аз маросими ҷоизасупории аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад дар Душанбе
Журналисти “фальшивый” беш аз 8 сол ҳукм гирифт
Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Ҳуқуқ” Ойбек Алиев, сармуҳаррири нашрияи хусусии “Ҳуқуқ” ва падари ӯ – Турсуналӣ Алиевро дар содири ҷиноятҳои “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” гунаҳкор дониста, писарро ба мӯҳлати 8 солу 10 моҳ паси панҷараи маҳбас равон кард. Аммо бо вуҷуди дар силсилаҷиноятҳо даст доштани нафақахӯр, Турсуналии 70-сола додгоҳ ӯро ба додгоҳ нафиристода, 2 сол муҳлати санҷишӣ таъин кард. Читать далее Журналисти “фальшивый” беш аз 8 сол ҳукм гирифт
Сафири Тоҷикистон ва Раиси Агентии иттилоотии Саудӣ масоили иттилоотиро баррасӣ карданд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Агентии иттилоотии Саудӣ Абдуллоҳ ибни Фаҳд Ал-Ҳусайн мулоқот намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи иттилоот ва ахбори омма баррасӣ шуданд.
Дар Суғд сармуҳаррири «Ҳуқуқ» маҳкум ба зиндон шуд
Додгоҳе дар вилояти Суғд сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Ҳуқуқ” ва падари ӯро ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба ҳабс маҳкум карда, вале иҷрои ҷазои падарро бинобар солхӯрдагии ӯ мавқуф гузошт. Мавқеи худи маҳкумшудаҳо ба ин қазия маълум нест. Читать далее Дар Суғд сармуҳаррири «Ҳуқуқ» маҳкум ба зиндон шуд
Шаҳло Акобирова раиси тозаинтихоби Шӯрои ВАО
Шаҳло Акобирова, раиси тозаинтихоби Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, гуфтааст, ки тарафдори ҳарчи бештари озодии расонаҳо дар кишвар аст. Ӯ гуфт, “ин далел собит шудааст, ки як зина поин рафтани мизони озодии баён ба 5 дарсад боло рафтани фасод баробар аст”. Акобирова рӯзи 2-юми декабр раҳбари нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ин мақом Хуршеди Атовуллоро иваз кард. Хуршеди Атовулло тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмонро бар дӯш дошт. Читать далее Шаҳло Акобирова раиси тозаинтихоби Шӯрои ВАО
Падари Мирсаидов: «Писарам худро гунаҳкор намешуморад»
Аз шароитҳои нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ рӯзноманигор шикоят надоштааст.
Читать далее Падари Мирсаидов: «Писарам худро гунаҳкор намешуморад»
Шаҳло Акобирова раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд
Шаҳло Акобирова, раиси тозаинтихоби Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, гуфт, ки тарафдори ҳарчи бештари озодии расонаҳо дар кишвар аст. Ӯ гуфт, “ин далел собит шудааст, ки як зина поин рафтани мизони озодии баён ба 5 дарсад боло рафтани фасод баробар аст”. Акобирова рӯзи 2-юми декабр раҳбари нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ин мақом Хуршеди Атовуллоро иваз кард. Хуршеди Атовулло тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмонро бар дӯш дошт. Читать далее Шаҳло Акобирова раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд