Все записи автора nansmit

Бехабарӣ дар нишастҳои хабарии мақомоти Тоҷикистон

Бархе аз хабарнигорони тоҷик аз шеваи нишастҳои матбуотии раҳбарони идораҳои давлатӣ шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, нишастҳои матбуотӣ бо ҳузури шахсони аввали вазорату кумита ва оҷонсиҳо, ки ба хотири намоиши шаффофияти корашон соле ду дафъа баргузор мешавад, ба “нишастҳои хабарии бидуни хабар” табдил ёфтаанд.

  • Нишастҳои матбуотӣ дар ним сол як бор ва барои як соат баргузор мешавад. Ин танҳо имконест, ки хабарнигорон рӯ ба рӯ бо мақомот саволи худро матраҳ карда, ҷавоб мегиранд.

«Нишасти хабарӣ тамом, Худо ҳофиз»

Аммо ҳоло тасвиреро, ки мақомот мехоҳанд ҳарчӣ зудтар “як чиз бигӯянд”-у гурезанд, тақрибан дар ҳамаи нишастҳо дидан мумкин аст. Дар баъзе маврид мақомдорон бо ҷумлаи “ман муваззаф нестам, ба ин суол ҷавоб бигӯям” аз пурсиши хабарнигор фирор мекунанд. Ё мегӯянд, “муроҷиат кунанд, мо мебинем. Нигоҳ кунед, як соат шуд. Нишасти хабарӣ тамом, Худо ҳофиз.”

Бархе вазирон ва масъулони оҷонсиҳо талош мекунанд, ки нишасти матбуотиро ба ҷаласаҳои маъмулии рӯзонаи худ табдил диҳанд ва бо ироаи маълумоти соҳавӣ қисми зиёди нишасти хабариро бигиранд. Хабарнигорон мегӯянд, дар ибтидо нишастҳои хабарӣ муфассал сурат мегирифт ва ба суол посухи қонеъкунанда дарёфтан мумкин буд. Вале ҳоло ё вазир ба нишаст намеояд ё бо посухҳои нокомил ва умумӣ нишасти хабариро ба поён мерасонад.

«Ҳафтаҳо мегузарад, суол бе ҷавоб мемонад»

Рӯзи 25-уми январ Хадамоти алоқа ба масъулони чаҳор идораи худ сухан дод ва онҳо то поёни маълумотномаи худ, ки асосан аз рақамҳои умумӣ иборат буд, ним соати муҳлати нишастро кӯтоҳ карданд. Ҳамагӣ барои чанд суол ва посух вақт монду бас. Одили Нозир, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, тайи чаҳор сол аст, дар чунин нишастҳои хабарӣ иштирок мекунад. Ӯ гуфт, масъулони сатҳи аввали вазорату ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, аз посух фирор кунанд ва агар ҷавоб ҳам диҳанд, беҳад кӯтоҳ аст.

“Агар бе нишасти хабарӣ муроҷиат намоӣ, талаб мекунанд, ки ба таври хаттӣ суолҳоро фиристед. Ҳафтаҳо мегузарад, суол бе ҷавоб мемонад. Вақте дар нишастҳо суол медиҳӣ, мегӯянд, ин рақамро дар даст надорем ва дертар ҷавоб медиҳем”, — афзуд ӯ.

«Вазироне ҳастанд, ки суолро бе ҷавоб намегузоранд»

Хабарнигорони дигар мегӯянд, вақте масъулони ниҳодҳо кӯшиш мекунанд, нишасти матбуотӣ беранг сурат гирад, ба ин маъност, ки фаъолияти ин ниҳод шаффоф нест ё масъулони он аз вазъи соҳа огоҳӣ надоранд. Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, гуфт, ҷараёни баргузории нишастҳо сатҳи огоҳии вазир ва ё масъули ниҳодро бозгӯ мекунад.

“Раис ё вазире, ки ба худаш бовар дорад, ҳеч гоҳ аз посух ба суолҳо фирор намекунад. Баръакс, мекӯшад, пурра ҷавоб диҳад. Ҳатто аз хабарнигор мепурсад, ки суоли дигаре дорад? Вазироне, ки ба суолҳо посух медиҳанд, албатта, ҳастанд. Ба мисли вазири маориф, вазири корҳои дохилӣ, лекин ба сурати умум аз аксари вазоратҳо бо ҷавобҳои нокомил бармегардем”, — хулоса кард ӯ.

Нишастҳои хабарӣ. Як бор — дар ним сол

Анъанаи баргузории нишастҳои ҳатмии хабарӣ аз соли 2011 амал мекунад. Дар оғоз ҳар сохтори давлатӣ муваззаф буд, ҳар се моҳ дар баробари журналистон аз фаъолиятҳои худ гузориш диҳад. Баъди муддате ин муқаррарот то ду бор дар як сол маҳдуд шуд.

Журналистони расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити маҳдуд будани дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва мақомоти баландпоя, ҳамин нишастҳои матбуотӣ аст, ки имкони матраҳ кардани саволу пурсишҳои муҳимро бо мақомоти кишвар фароҳам меорад. Дар баробари мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар манотиқи кишвар ҳам масъулин бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ҳамингуна соле ду бор суҳбат мекунанд.

https://www.ozodi.org/a/press-conferences-in-tajikistan/28998172.html

«Тоҷиктелеком» интернетро миёни провайдерон тақсим мекунад

Қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз кишварҳои ҳамсоя интернет харидорӣ мекарданд.

Читать далее «Тоҷиктелеком» интернетро миёни провайдерон тақсим мекунад

Бек Сабур куҷост? Санҷиши прокурорӣ дар Хадамоти алоқа

Хизматрасонии NGN (шабакаи насли оянда) бинобар сабаби риоя нагардидани чанд талаботи қонун, аз ҷумла ғайриикмон будани назорати зангҳои телефонӣ, риоя нашудани талабти сифати алоқа, бе қайд ва шиноснома пайваст кардани муштариён, шароити зарурӣ фароҳам наовардан барои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ғайра боз дошта шудааст. Читать далее Бек Сабур куҷост? Санҷиши прокурорӣ дар Хадамоти алоқа

Юсуф Раҳмон: «Агар NGN-ро ғайриқонунӣ бастаанд, чора мебинем» ВИДЕО

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки Комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар ҳоли ҳозир қонунмандии системаи мухобиротии NGN-ро месанҷад. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, ин масъала ба таври хеле ҳам ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.​

Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, «мо ин масъаларо аз нигоҳи онки то куҷо ба амният хатар дорад ва то куҷо дастраси гурӯҳҳо тундрав мешавад, мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Вале дар айни замон агар басташавии он ғайриқонунӣ бошад, чораҳои зарурӣ меандешем.»

Посухи видеоии додситони кул дар инҷост:

https://www.ozodi.org/a/28998189.html

Авоили моҳи ҷорӣ дар пайи баста шудани системаи мухобиротии NGN Комиссияи вижаи ҳукуматӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон супориш дод, ин масъаларо мавриди санҷиш қарор диҳад. Дар пай, бар асоси супориши ин комиссия, додситонӣ аз ширкатҳои мухобиротӣ тақозо кард, ки низоми кор ва ҳам дурустии басташавии NGN-ро бисанҷад.

Рӯзи 18-уми декабри соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба унвони даҳ ширкати ироакунандаи хадамоти мобилӣ нома навишта, ба онҳо хабар дод, ки муҷаввизи анҷоми хадамоти NGN-и онҳо бекор карда мешавад.

Тибқи маълумоти ахир, шумораи истифодабарандагони NGN дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион нафар ҳастанд ва аксарияти онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд.

Зимнан, рӯзи 20-уми декабр матни як номаи Кумитаи андози Тоҷикистон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки дар он гуфта мешуд, қимати гуфтугӯҳо тариқи NGN назар ба тамоси мобилии муқаррарӣ 10 баробар арзонтар аст. Ба ин хотир, Кумитаи андоз чунин меҳисобад, ки аз ҳамин ҳисоб бахши даромади буҷети Тоҷикистон зарар мебинад.

Манъи NGN мардум, бахусус муҳоҷиронро асабӣ кард. Бархе аз онҳо дар паёмҳои хаттӣ ва видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот як риштаи ҳаётӣ байни онҳову волидонашонро буридаанд.

Тафсилоти бештари мавзуъро дар инҷо бихонед:

NGN-ро боз бастанд, қаҳри муҳоҷиронро оварданд

 

https://www.ozodi.org/a/ngn-closing-investigation-by-tajik-officials/28996185.html

 

2 миллион симкорти ғайриқонунӣ баста шуд

Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2017-ум 2 млн симкорти мобилӣ, аз сабаби дар давраи азнавбақайдгирии симкортҳо аз қайд нагузаштанд, баста шуданд. Читать далее 2 миллион симкорти ғайриқонунӣ баста шуд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи рушди маҳал, Хадамоти гумрук, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Пагоҳ, 26 январи соли 2018    мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти  фаъолияти худ дар  соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи рушди маҳал, Хадамоти гумрук, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Пагоҳ, 25 январи соли 2018  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти  фаъолияти худ дар  соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Пирӯзии «қаҳрамони» барномаи ТВ Танин дар додгоҳ

Додгоҳи Хуҷанд cе масъули телевизиони “Танин”-ро муваззаф кард, ки ба як зани даъвогар 15 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунанд. Читать далее Пирӯзии «қаҳрамони» барномаи ТВ Танин дар додгоҳ

Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Имрӯз  дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мулоқоти директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ баргузор гардид. Читать далее Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд