Все записи автора nansmit

«Чаро аз Тоҷиктелеком?» Суоли чаҳор ширкати мобилӣ аз мақомот

Тселл, Билайн, Бабилон ва Мегафон – чаҳор ширкати мухобиротии Тоҷикистон – дар як номаи расмӣ аз Додситонии кул ва Хадамоти зиддимонополӣ пурсидаанд, ки тасмими фақат аз “Тоҷиктелеком” харидани Интернет то чӣ ҳад қонунист? Чанд созмони журналистӣ низ аз ин номаи ширкатҳои мобилӣ ҳимоят кардаанд.​ Читать далее «Чаро аз Тоҷиктелеком?» Суоли чаҳор ширкати мобилӣ аз мақомот

Додситон: Парвандаи раҳбари ҳозирҷавобони тоҷик “махфӣ” нест

Додситони вилояти Суғд гуфт, ки парвандаи Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – махфӣ нест, аммо то поёни тафтиши қазия ҷузъиёт нахоҳанд дод. Ҳабибулло Воҳидов рӯзи 26-уми январ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамин ки тафтишот тамом шуд, аз натиҷааш ҳамаро хабардор мекунанд.

Боздошт баъди баҳс дар бораи «пора»-талабӣ

“Инки айбдории ӯ собит мешавад ё не, вақт нишон хоҳад дод. Мо аз натиҷаи тафтишот ҳатман ба Шумо хабар медиҳем”, — мухтасар ҷавоб гуфт додситон.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори пешини оҷонси “Азия Плюс” ва Deutsche Welle (Мавҷи Олмон), солҳои ахир раҳбари КВН – Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик буд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта, пас аз он боздошт шуд, ки як мавриди ришваталабии мансабдореро ба хабарнигорон ошкор кард. Мирсаидов гуфта буд, ин мақомдор гӯё дар ивази иҷозаи пешбурди тарҳи КВН аз ӯ 1000 доллар талаб намудааст.

Чаро «барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ»? 

Ҳоло мақомот ӯро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла исрофкорӣ ё азонихудкунии маблағ ва барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ, муттаҳам медонанд. Дар мавриди моддаи «азонихудкунии маблағ” мақомот гуфтанд, ӯ гӯё пули ҷудошуда ба фаъолияти КВН-ро ғайриқонунӣ истифода кардааст. Аммо дар мавриди инки моддаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ” аз куҷо ба ӯ часпид, шарҳе надодаанд.

Ҳабидулло Воҳидов низ дар нишасти матбуотии худ дар ин маврид чизе нагуфт, аммо таъкид кард, барои пешниҳоди ин модда аз қабл маълумоту асос доштанд. Вале Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов, баъди се рӯзи боздошти писараш гуфта буд, пешниҳоди ин модда гӯё аз як ё чанд саҳнае, ки дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон пешкаши бинандагон гардондааст, сарчашма мегирад.

Дар парванда чӣ навиштаанд?

Ӯ гуфт, “ман парвандаро каме хондам. Дар онҷо навишта шудааст, ки гӯё дастаи КВН зимни ҳунарнамоӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задааст.”

То кунун чанде аз созмонҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи журналистон боздошти Хайрулло Мирсаидовро маҳкум карда, ба озодии ҳарчи зуди ӯ даъват намудаанд. Ҳафтаи гузашта Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) аз мақомоти Тоҷикистон хоста, рӯзноманигори шинохта Хайрулло Мирсаидовро «оҷил ва бидуни шартгузорӣ” озод кунанд.

“Мирсаидов зиндонии сиёсӣ аст, ки танҳо ба хотири таҷруба кардани ҳуқуқу озодиҳояш муҷозот мешавад”, — хулоса шудааст изҳороти Афви Байналмилалӣ.

Видео. Додситони кул: Вазифдор нестем, ки дар ин бора маълумот диҳем

https://www.ozodi.org/a/prosecutor-sugd-region-about-mirsaidovs-case/29001953.html

Имсол Телевизиони «Сафина» ба таҳияи филмҳои телевезионии бисёрсериягӣ шурӯъ мекунад

Нишасти матбуотии    Телевизиони «Сафина»   доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017  бо суолу ҷавоби роҳбарияти ин муассиса бо намояндагони ВАО   оғоз гардид. Читать далее Имсол Телевизиони «Сафина» ба таҳияи филмҳои телевезионии бисёрсериягӣ шурӯъ мекунад

Бинои ТВ “Сафина” бардошта мешавад?

“Кӯчонидани телевизиони “Сафина” аз мавқеи кунуниаш ба бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ин нақшаи генералии шаҳр аст. Бинобар ин мо дар ҳоли омодабош ва омӯзиши студияҳои телевизион дар бинои нав ҳастем. Дар ҳолати ба талабот ҷовобгӯ будан мо тайёр ҳастем телевизионро интиқол диҳем”. Читать далее Бинои ТВ “Сафина” бардошта мешавад?

Танқид дар Фейсбук Ҷунайдуллоро ба бало гирифтор кард

Мақомоти интизомии ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров яке аз корбарони фаъоли Фейсбукро барои навиштаҳои танқидиаш дар бораи камбудиҳои ноҳия, ба “даъвати оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионӣ” муттаҳам кардаанд. Читать далее Танқид дар Фейсбук Ҷунайдуллоро ба бало гирифтор кард

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Пагоҳ, 30 январи соли 2018 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷикагролизинг» оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикагролизинг» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат ва «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Рӯзи душанбе, 29 январи соли 2018 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар  соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011   нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Читать далее Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат ва «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Супориши муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз амри Президент болост?

Директори маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба хизматрасонии тиббӣ Зебогул Бурҳонова аз додани иттилоот ба журналистон даст кашид ва гуфт, то муовини раиси шаҳр иҷозат надиҳад, ӯ маълумоти заруриро нахоҳад дод.  Читать далее Супориши муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз амри Президент болост?

Ишқ дар тарозуи мегабайт. Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад? ВИДЕО

“Майлаш, ҷонам, мегабайти ман тамом шуд. Ҳоло мегабайт харам, баъд гап мезанем”. Ин ҷумлаест, ки Ҷамшед Орифови 21-сола пайваста аз забони дӯстдухтараш аз Тоҷикистон мешунавад. Читать далее Ишқ дар тарозуи мегабайт. Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад? ВИДЕО