Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занон дар сафорати Фаронса вохӯрии аввалини бонувони журналисти тоҷик бо сафири Фаронса, хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид. Читать далее Вохӯрии бонувони журналист бо сафири Фаронса
Все записи автора nansmit
«Гузариш ба пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин ном Кумитаи телевизион ва радио ҳамоиш доир кард
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамоиш дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъи ҷорӣ. Имкониятҳо ва пешомадҳо» доир гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, Парлумон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои ВАО иштирок доштанд. Читать далее «Гузариш ба пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин ном Кумитаи телевизион ва радио ҳамоиш доир кард
Воситаҳои ахбори электронӣ дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим доранд
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 106-солагии матбуоти тоҷик имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори электронии телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Читать далее Воситаҳои ахбори электронӣ дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим доранд
«ВАРЗИШ»-МУАРРИФИ МИЛЛАТ АСТ. Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» 2-сола шуд
Имрӯз Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» дусола шуд. 1 марти соли 2016, дар арафаи таҷлили Иди миллӣ- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти телевизиони «Варзиш» асос гузоштанд. Шодию нишоти миллионҳо нафар мухлисону дӯстдорони варзишро ҳадду канор набуд. Мушкилии асосие, ки дар замони истиқлолият дар ин самт вуҷуд дошт, дар як лаҳза ҳал гардид. Имрӯз дар қатори шореҳони ботаҷриба, дар ин телевизион гурӯҳи ҷавонон бо ҷидду ҷаҳди зиёд фаъолият доранд ва кори он бо маром пеш меравад. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми директори Телевизиони «Варзиш» Парвиз НОРОВ мусоҳиб гардид. Читать далее «ВАРЗИШ»-МУАРРИФИ МИЛЛАТ АСТ. Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» 2-сола шуд
«Чаро Тоҷиктелеком аз ширкатҳои дигар боло бошад»?
Чаҳор ширкати мобилӣ бори дигар аз Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон пурсидаанд, ки бар асоси кадом қонун «Тоҷиктелеком» — як ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқа — бояд таъминкунандаи ягонаи Интернет дар кишвар бошад? Читать далее «Чаро Тоҷиктелеком аз ширкатҳои дигар боло бошад»?
Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад
9 марти соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд. Читать далее Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад
РӮЗНОМАХОНӢ
Зумрае бар ин назаранд, ки “дар рӯзномаҳои имрӯза маводи ҷолибу хонданӣ чоп намешавад”. Суол ба онҳое, ки мегӯянд, рӯзномаҳо маводи хонданӣ надоранд: оё боре худ газета мутолиа кардаед, ки чунин даъво мекунед ва ё чӣ тавр рӯзнома нахонда, маълум кардед, ки дар он матлаби ҷолибу ба табъи шумо писанд вуҷуд надорад? Газета намехонед, баҳонаҷӯӣ лозим нест! Мутаассифона, ба мо одат шудааст, ки агар кореро иҷро накардем, дарҳол баҳона пеш меорем.
Устод Айниро боре қозикалони Бухоро ба пеши худ хонда мегӯяд: “Домулло Айнӣ, шумо одами диндор дигар газета нахонед, айб аст аҳли уламо чӣ мегӯянд. Шумо беҳтараш китобҳои динӣ хонед…” Устод Айнӣ дар ҷавоб мегӯянд: “Ман аз хондани китобҳои диниятон безор шудаам, ман мехоҳам газета хонам, аз оламу одам хабар ёбам…”. Анкун худ хулоса мекунем, ки ин бузургони илму адаб дар замони худ ба ҳамаи таъқибҳову таънаҳои рӯҳониёни замону атрофиён нигоҳ накарда, ба газетахонӣ рӯй меоварданду мардуми мо ҳоло аз он рӯй метобанд. Дар он давра мисли имрӯз рӯзномаҳо зиёд набуданд ва дастрасӣ ба он низ осон набуд, аммо ҳоло ба хонандаи тоҷик танҳо занг задан ба идораи рӯзномаву обуна шудан ва ё ба пеши дӯконҳои газетафурӯшӣ рафта харидани он кифоя аст, боқӣ дигар мушкилоте барои рӯзнома хондан пеш намеояд. Донишҷӯи факултети журналистика чор сол ихтисоси журналистикаро меомӯзаду дар имтиҳони давлатӣ савол медиҳанд, ки фалон рӯзномаро медонӣ, он радиоро боре гӯш кардаӣ ва чанд мақола навиштаӣ, дар ҷавоб сукут.
Замоне аз газета мардум рӯй гардониданд, ҳамагӣ садо баланд карданд, ки ин пешравии илму техника ва ба вуҷуд омадани шабакаи интернет аст. Дар ин миён пайдо шудани интернет-газетаҳо, оҷонсиҳо ва сомонаҳои иттилоотӣ низ сабаби камшавии теъдоди хонандаҳои матбуот гардид. Аммо, бубахшед, пешравии илму техникаи мо ҳеҷ гоҳ ба тараққиёти онлайн-журналистикаи давлатҳои ИМА, Канада, Мексика, Олмон, Британия, Фаронса, Итолиё, Ҷопон ва Чин баробар шуда наметавонад. Дар баробари амал кардани садҳо итернет-газетаву оҷонсиҳои иттилоотӣ, аммо дар ин мамолик рӯзе миллионҳо тираж газетаву маҷаллаҳо рӯйи чоп меоянд, ки ҳар яки он хонандаи худро дорад. Ҳатто дар шаҳри Мехикои Мексика рӯзномае дар як рӯз чор маротиба нашр мешавад, ки ин низ исботи сермутолиа будани мардуми дигар қитъаҳои олам аст. Аммо вақте сари газетахонӣ ба мамлакати мо меоӣ, дарҳол баҳонаи гаронии рӯзномаҳоро пеш меоранд. Дар ҷумҳуриамон ягон газетае вуҷуд надорад, ки ҳар рӯз нашр шавад, аммо теъдоди зиёдашонро ҳафтаномаҳо ташкил медиҳанд, ки барои инсони хоҳиши хондани онро дошта, маблағи гароне буда наметавонад. Наполеон гуфта буд: “Ман аз сад ҳазор найза ба ҳадде наметарсам, ки аз газета метарсам”. Омили барҳам додани бесаводиву рӯшанфикр шудани мардумро танҳо рӯзномахонӣ рафъ карда метавонад.
Озмун: Журналистон, баҳри пешгирии бемории сил саҳм гузоред
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон барои беҳтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории сил таҳти унвони «Бемории сил табобатшаванда аст» барои рӯзноманигорон озмун эълон менамоянд Читать далее Озмун: Журналистон, баҳри пешгирии бемории сил саҳм гузоред
Суди олӣ бо шарикон дастрасӣ ба маълумотро осон мекунанд
Дар бинои Суди Олӣ маросими расмии баимзорасонӣ ва роҳандозии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ барои солҳои 2018-2019» баргузор гардид. Читать далее Суди олӣ бо шарикон дастрасӣ ба маълумотро осон мекунанд
Марказҳои матбуотии Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд
Нимаи аввали имрӯз дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии баимзорасонӣ ва роҳандозии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ барои солҳои 2018-2019» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Суди Олии мамлакат иттилоъ доданд. Читать далее Марказҳои матбуотии Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд