Ду сол муқаддам, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар ин росто директори муассисаи мазкур Зинатулло ИСМОИЛЗОДА дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ифтихори ҷомеаи журналистони Тоҷикистон аст, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Дар рӯзи ифтитоҳи ин маркази омӯзишиву такмили касб — 1 марти соли 2016 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва бо ҳузури аҳли эҷоду таҳқиқ вазифаҳо, самтҳои фаъолияти муассисаи мазкур ва ВАО-ро дар маҷмӯъ мушаххас намуданд. Читать далее Дар шароити феълӣ мутахассиси ҳирфаӣ, навиштаи хуб ва ҳунари асил харидори худро доранд. Ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида мешавад
Все записи автора nansmit
МАТБУОТИ ТОҶИК 106-СОЛА ШУД!
11 март матбуоти тоҷик 106-сола шуд. Читать далее МАТБУОТИ ТОҶИК 106-СОЛА ШУД!
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дили покизатар аз булӯр, нигоҳи гарм ва хушбинона ба инсонҳо дошт. Эҳдо ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Ҳар гоҳе ки сухан дар бораи матбуот меравад, пеши назар симои гарму нуронии устоди зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ падидор мегардад. Мавсуф солҳои зиёд дар рӯзномаи маъруф «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ҳамроҳи аҳли қалам — Нурмуҳаммад Табаров, Ғуломҳайдар Муродалиев, Раҷаб Мардон, Абдулҳамид Самад, Набӣ Каримов, Садриддини Ёрзод, Мӯсо Мавлавӣ ва дигарон фаъолияти пурсамар намудааст. Читать далее Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дили покизатар аз булӯр, нигоҳи гарм ва хушбинона ба инсонҳо дошт. Эҳдо ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Зуҳуров: «Боҷуръат бошед. Дар бораи нафақаву ришва нависед»
“Ватанро бо ақли пиру кунд, забони баста ва чашми нобино дӯст доштан мумкин нест. Замони дӯстдории кӯркӯрона гузаштааст. Иди матбуоти тоҷик ба онҳое, ки ақли ҷавону тоза доранд, забонашон гӯёст ва чашмашон мебинад, муборак!” Ин паёми Раҷаби Мирзо, хабарнигори маъруфи тоҷик, дар рӯзи 106-солагии “Бухорои шариф” ва Иди матбуоти тоҷик аст.
«Нафаси матбуоти озодро гулӯгир кардаанд»
Иди матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11-уми март таҷлил мешавад, имсол на бо нишасти якҷояи журналистону намояндагони мақомот ва натиҷагирӣ аз кори расонаҳо, балки изҳороти ҷудогонаи хабарнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз ёфт. Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори дигари тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук навишт,“мегӯянд, дар кишварҳои демократӣ президент кишварро чаҳор сол идора мекунад ва ҳукмронии матбуоти озод беинтиҳост. Аммо дар кишвари мо… нафаси матбуоти озодро гулӯгир кардаанд.”
Имсол иди матбуот ба рӯзи якшанбе рост омад ва мақомот гуфтанд, маҷлиси идона 12-уми март баргузор хоҳад шуд. Аммо рӯзи шанбе Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба чанде аз сардабирони нашрияҳо медали 100-солагии матбуотро тақдим кард ва аз он пештар Маҷлиси Намояндагон низ нишасте баргузор намуд.
Раиси порлумон: Масъалаи нафақа ҳаст, фасод ҳаст
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, дар ин нишаст аз хабарнигорон хост, ки фаъолу боҷуръат бошанд ва дар инъикоси мавзуъҳои муҳим саҳм бигиранд. Ӯ гуфт, рӯзноманигорон дар навиштани масъалаҳо набояд тарсанд ва аз ҳеч ҷонибе таҳти фишор қарор нахоҳанд гирифт.
“Баъзе расонаҳое ҳастанд, ки як хабар пайдо мекунанд ва рӯи он сарлавҳаи ҳангоматалабона гузошта, фикр мекунанд, коре барои ҷомеа карданд. Имрӯз дар ҷомеа камбудҳо беҳад зиёд аст. Бибинед, ҳадди миёнаи нафақа 272 сомонӣ ҳаст ва бознишаста танҳо метавонад бо ин маблағ ба ҷои кораш раваду баргардад. Ришватситонӣ аз масъалаҳои муҳими дигари ҷомеа аст. Инъикоси ин ҳама аз журналистҳо ҷуръат мехоҳад”, — афзуд ӯ.
Хабарнигорон хостанд, мабуот аз андоз озод шавад
Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи “Миллат”, дар ин нишаст пешниҳод кард, ки Маҷлиси Намояндагон масъалаи аз андоз озод кардани матбуотро дар миён бигузорад.Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кард ва гуфт:
“Тайи чанд соли охир бар асари мушкили молӣ бархе аз нашрияҳо аз фаъолият ва рӯзноманигорони ҳирфаӣ бекор монданд. Андозе, ки аз ҳисоби нашрияҳо ба даст меояд, дар баробари молиёти корхонаву ширкатҳое, ки аз пардохти андоз озод шудаанд, хеле ночиз аст. Бекор кардани молиёти матбуот кори сангине ҳам ба назар намерасад.”
Мушкилҳои баъди ҳодисаҳои соли 2015
Матбуоти Тоҷикистон даврони мушкилеро паси сар мекунад. Созмонҳои байналмилалии муҳаққиқи озодии баён низ мегӯянд, дар Тоҷикистон баъди як қатор таҳаввулоти сиёсие назири интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2015, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва мамнуияти ҲНИТ фазо тағйир ёфт. Дар соли 2016 бо сабабҳои мухталиф ҳадди ақал чаҳор нашрия, аз ҷумла ду расонаи мунтақид баста шуд ва бархе журналистон гуфтанд, дигар дар фазои маҳдудшавии озодиҳои сиёсиву касбӣ ва ҳам дахолати сохторҳои давлатӣ кори худро озодона пеш бурда наметавонанд.
То замони касби истиқлоли Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» — нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд. Дар соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст.
Рӯзи матбуот 12-уми март таҷлил мегардад
12-уми март, соати 16:00, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад. Читать далее Рӯзи матбуот 12-уми март таҷлил мегардад
Волидони Мирсаидов дар боздоштгоҳ бо писарашон вохӯрданд
Волидони Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ҳаҷвнигорони КВН-и Тоҷикистон баъди наздики се моҳ тавонистанд бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд мулоқот кунанд. Падари Мирсаидов мегӯяд, ки бо писараш рӯзи 5-уми март мулоқот кардааст. Ҳабибулло Мирсаидов гуфт, ки саломатии писараш хуб аст ва Хайрулло умед дорад, ки парвандаи ӯ аз рӯи адолат ва бидуни фишоре баррасӣ мешавад. Читать далее Волидони Мирсаидов дар боздоштгоҳ бо писарашон вохӯрданд
Зуҳуров рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрик гуфт
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар арафаи “Рӯзи матбуот”, ки ҳамасола рӯзи 11-март таҷлил мегардад, аҳли қалами кишварро табрику таҳният намуда, ин рӯзро аз санаҳои муҳими таърихӣ арзёбӣ кардааст. Мавсуф бахшида ба ин санаи таърихии фаромӯшнашавандаи қаламбадастони тоҷик рӯзи 7-уми март дар бинои Маҷлиси намояндагон бо рӯзноманигорони кишвар мулоқот доир намудааст. Читать далее Зуҳуров рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрик гуфт
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ Овози»-ро қардшиносӣ намуд
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. Читать далее Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ Овози»-ро қардшиносӣ намуд
Шукурҷон Зуҳуров бо пайравони мактаби эҷодии «Бухорои шариф» мулоқот намуд
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз шаффофияти фаъолияти воситаҳои ахбори омма /ВАО/ истиқбол менамояд ва сухани созандаву пешниҳодҳои судманди расонаҳоро, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҷонибдорӣ мекунад. Читать далее Шукурҷон Зуҳуров бо пайравони мактаби эҷодии «Бухорои шариф» мулоқот намуд
Зангҳои видеоӣ тариқи Viber дубора фаъол шуданд
Бо фиристодани як паём аз ҷониби Viber ба муштариён гуфта мешавад, ки зангҳои видеоӣ тариқи Viber дар дохили Тоҷикистон дубора фаъол гардиданд. Читать далее Зангҳои видеоӣ тариқи Viber дубора фаъол шуданд