Анонс: Оғози баррасии шикояти кассатсионии парвандаи журанлист Аминҷон Гулмуродзода

Дар Суди шаҳри Душанбе баррасии шикояти кассатсионии парвандаи журналисти зиндонӣ Аминҷон Гулмуродзода шуруъ мешавад.

Аминҷон Гулмуродзода, сармуҳаррири сомонаи русии «Фараж» 18-уми августи соли равон аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастрасии моддаи 340, қисми 2 банди а КҶ ҶТ барои сохтакории ҳуҷҷат барои ду сол зиндонӣшуда буд.

Масъулини “Фараж” мегӯянд, ки баррасии шикояти кассатсионӣ дар Суди шаҳри Душанбе соати 10-00, 23-юми сентябр шуруъ мешавад.

Мақомот Аминҷон Гулмуродзодаро ба он муттаҳам мекарданд, ки дар синни шашсолагӣ барои худаш ду шаҳодатномаи қалбакӣ сохта, баъдтар дар асоси он шиноснома гирифта, онро чанд маротиба истифода бурдааст.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/anons-ogozi-barrasii-shikoyati-kassatsionii-parvandai-zhuranlist-aminchon-gulmurodzoda

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *