Субҳи имрӯз анҷумани 14 –уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба робита бо ҷомеа ҳусни оғоз бахшид.
Сипас аҳли маҷлис барои поси хотири журналистони аз олам гузашта дақиқаи хомӯширо ихтиёр кардаву кори анҷуманро шурӯъ намуданд. Дар ин анҷуман ҳудуди 170 вакил ширкат меварзанд.
Дар назар аст, ки дар Анҷуман, масъалаи интихоби Раиси нави ИЖТ ва аъзои раёсати он баррасӣ гардад.
Ёдовар мешавем, ки 28-уми августи соли 2015 собиқ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, ки аз бунёдгузорони матбуоти замони истиқлол ҳисоб мешавад, ба таври ногаҳонӣ аз дунё гузашта буд.
http://faraj.tj/news/12111-an1207umani-ittifo1179i-zhurnaliston-o1171oz-shud.html