Дар шаҳри Душанбе Панҷумин ҷашнвора байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» ба анҷом расид.
Мавзуъи ҷашнвораи имсола “Телевизион барои атфол дар кишварҳои ИДМ ва Ховари Миёна” буд. Душанбе муддати чанд рӯзи охир мизбони беҳтарин барандагон ва таҳиягарони барномаҳо барои кӯдакон дар паҳномаи Шӯравии собиқ буд.
Дар ин ҳамоиш роҳбари бадеии маҷаллаи телевизионии “Ералаш” Борис Грачевский баҳсеро дар мавзӯи «Бо атфол бо кадом забон бояд ҳарф зад” баргузор кард. Инчунн, коргардони маъруф Александр Карпиловский филми «Частное пионерское-2»-ро намоиш дод ва президенти фонди “Академияи телевизиони Русия” Александр Акопов як шарҳи васеъ дар бораи телевизиони кӯдак дар Русия ироа дошт
Дар ин ҷашнвора дар мавзуъи “Телевизион барои атфол-омӯзишдиҳанда аст ва ё хушдилкунанда” мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар он Сергей Шитов, Лайло Сенгирбекова (Қазоқистон), ва Дилафрӯз Амирзода (директори телевизиони “Баҳористон”-и Тоҷикистон) ширкат карданд.
Барномаҳои машҳури “Афсонаи ҷаззи Воқиф Мустафозода” (Озарбойҷон), “Мултикник” (Арманистон), «Шоу-барномаи профессор Откривашкин» (Беларусия), «Гуногунрангии Гурҷистон” (Гурҷистон), «Қаҳрамон” (Қазоқистон), «Пять плюс» (Қирғизистон), «Бо ҳам мехонем” (Латвия), «ART-Time» (Украина), «Бо мо бисоз, худ бисоз” ва “Гунҷишкаки сафед” (Тоҷикистон), “Хоби ширин, хурдтаракон!” (Русия) барандагони ҷашнвора буданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷашнвораи имсолаи «ТЭФИ-Содружество» 54 барнома аз Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Гурҷистон, Латвия, Литва, Молдова, Узбакистон, Украина ва Русия ширкат карданд.