18-уми август суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтхат Аминҷон Гулмуродзода, сармуҳаррири бахши русии сомонаи “Фараж”-ро барои ду сол ба зиндон маҳкум кардааст.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон Аминҷон Гулмуродзодаро тибқи моддаи 340, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ “сохтакории шиноснома, бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, ҳамчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ, такроран” муттаҳам мекарданд. 17-уми август прокурор дар мурофиа талаб карда буд, ки Аминҷон Гулмуродзода ба чор зиндон маҳкум карда шавад.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат Аминҷон Гулмуродзода аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе боз шуда буд.
Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Аминҷон Гулмуродзода ба он муттаҳам мешавад, ки “гӯё соли 1989, ки ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, шодравон Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки он, ба гуфтаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, қалбакӣ мебошад. Дар идомаи парвандаи ҷиноятӣ омадааст, ки Аминҷон гӯё бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст ва онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст”.
Хуршеди Атовулло мегӯяд, “ҳарчанд мақомоти тафтишоти пешакӣ даъво пеш овардааст, ки шаҳодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминҷон таҳти №208 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд несту ин рақами қайд ба шаҳрванд И.З. тааллуқ дорад, аммо ҳангоми тадқиқоти журналистӣ исбот шуд, ки қайди акт дар бораи таваллуд таҳти №208 дар асоси маълумотномаи қалбакӣ гирифта шудааст. Зеро дар қайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роҳбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин ҷавоб дод, ки «Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи иҷрояи вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст”.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон қасд дорад, ки баъди ҳукми суд натиҷаи тадқиқоти комили хешро расонаӣ кунад.
Ҳамчунин, Хуршеди Атовулло суол мегузорад, ки муфаттишон ба суоли асосӣ посух наёфтаанд, ки оё Гулмуродзода Пайванд Гулмурод аз гирифтани шаҳодатномаи қалбакӣ фарзандашро огоҳ кардааст ё не? Чунки шаҳодатномаро аслан дар кӯдакӣ волидон барои фарзанд мегиранд ва кӯдак наметавонад аз он ки ба ӯ дар тифлӣ ба чӣ ному насаб шаҳодатнома гирифтаанд, кай ва чӣ хел гирифтаанд, чӣ ном гузоштаанд, табиист, ки огоҳ буда наметавонад ва ҳам собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Гулмуродзода Пайванд Гулмурод – падари Аминҷон чанд сол аст, ки дар қайди ҳаёт нест ва наметавонад ин талаби муфаттишонро қонеъ кунад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/aminchon-pisari-markhum-payvandi-gulmurodzoda-du-sol-zindoni-shud