Дар ибтидо ман бо Акбари Саттор ғоибона шинос шудам. Замоне ки ҳафтаномаи “Дайджест-пресс” аз чоп баромад. Дӯстони ман Сайёф ва Осим, ки ҳамроҳи ӯ дар Донишгоҳи давлатии Ленинград ҳамроҳ таҳсил карда буданд, гоҳ-гоҳе дар борааш гап мезаданд.
Боре дар ибтидои соли 1995 ба хонаи яке аз хешони Акбар-Алихон меҳмон шудам. Алихон ҳафтаномаи “Дайджест-пресс”-ро нишон дода гуфт, ки соҳиби ин ҳафтанома хешаш аст, барои ҳамин онро мехарад.
Дар он вақт ман дар Академияи улум кор мекардам ва аксари журналистонро шахсан намешинохтам, бинобар ин, вақте зарурати чопи як мақола ба миён омад, ба дӯсти қадимиам Саёфи Мизроб муроҷиат кардам. Ин соли соли 1996 буд ва соҳиби машҳуртарин ҳафтаномаҳо “Дайджест-пресс” ва “Чархи гардун” Акбари Саттор буд. Ба Сайёф муроҷиат кардам, гуфт, ки ӯ бо Акбар маслиҳат мекунад.
Ҳамин тариқ, 3-4 боре, ки рафтам Сайёфро пайдо накардам. Аммо дар ҳуҷраи “Чархи гардун” ду нафар ҳама вақт дар ҷои кор буданд.
Баъдтар бо эшон шинос шудам. Инҳо Нуъмон Низомӣ ва Сайфиддин Суннатӣ буданд. Ҳуҷраи кории эшон мисли китобхона буд. Қариб тамоми рӯзномаҳои Русия алоҳида дӯхта шуда буданд.
Он вақт аксар рӯзномаҳои Русия ба Душанбе намеомаданд. Кадомеаш, ки меомад, нархи гарон дошт ва бо маоши як корманди илмии Академияи улуми Тоҷикистон онҳоро харидан имкон надошт
Дар ҳамон соатҳое, ки Сайёфро интизорӣ мекашидам, бо иҷозаи Низомӣ ва Суннатӣ рӯзномаҳои чопи Русияро мехондам. Ахиран, тасмим гирифтам, ки худам ба назди Акбар даромада, мақсадамро гӯям.
Пурсидам, ки Акбар дар кадом кабинет мешинад? Суннатӣ ва Низомӣ бо ҳайрат пурсиданд, ки магар ман Акбарро намешиносам? Гуфтам, не. Низомӣ гуфт, ки ҳамин нафаре, ки ҳар лазҳа даромадаву баромада супориш медиҳад, Акбар аст.
Пешаш даромадам, мақсадамро гуфтам. Мавзуъ ва муҳтавои мақоларо ҳам баён кардам. Акбар гуфт, ки биёр чоп мекунем ва аз ҳамон рӯз дӯстии мо оғоз шуд ва 20 сол давом кард.
Соле баъд аз шиносоӣ, ман ба журналистика гузаштам. Рӯзи чопи ҳафтаномаҳо, субҳи аксар журналистон аз идораи Акбар шуруъ мешуд, зеро ӯ ҳафтаномаҳояшро ройгон ба ҳамкасбон медод.
Акбар аслан инсони хоксор буд, вале барои касоне, ки бо доираҳои журналистӣ шиносоӣ надоштанд, ӯ дастнорас ҳисоб меёфт, вале дар асл, ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки то ҳадди имкон ба корафтодагон ёрӣ расонад.
Аҷиб ин буд, ки ӯ касеро ҳатто дар тиҷорати расонаҳо ҳачун рақиб ҳисоб намекард. Аксар ҳафтаномаҳои навтаъсис ба ӯ муроҷиат мекарданд, ки барояшон коғаз ва ё пластина фурӯшад ва ё нася диҳад.Гузашта аз ин, сардабирони чандин ҳафтаномаҳое, ки баъдҳо таъсис ёфтанд, кормандони собиқи худи Акбар буданд, аз ҷумла, Сайёфи Мизроб ва Хуршеди Атовулло.
Сайёф дар ибтидо, соли 1997 ҳафтаномаи “Самар”-ро таъсис дод ва ба ман пешниҳолд кард, ки кори Академияи улумро бас карда, журналист шавам. Маҳз ҳангоми кор дар ҳафтаномаи “Самар” Акбарро ҳамчун инсон ва роҳбар шинохтам. Азбаски бо Сайёф ҳамроҳ хонда буданд, рафтуомади ман бо “Чархи гардун” ва “Дайджест -пресс” шуруъ гардид. Дар “Дайджест-пресс” асосан русҳо ва ё русзабонҳо кор мекарданд.
Ҳамон вақт буд, ки Акбар ба ман пешниҳод кард, ки барои “Дайджест-пресс” мақола нависам. Ба сардабири ҳафтанома маро шинос кард ва супориш дод, ки мақолаҳои маро чоп кунанд.
Акбар дар ҳамон солҳои вазнини гуруснагӣ садҳо муйсафедону кампирон ва афроди камбизоатро соҳиби як луқма нон кард. Аммо бештар ифтихор мекард, ки мардумро аз нав газетахон кард.
Дуруст аст, ки на ҳама аз мавзуъ ва муҳтавои ҳафтаномаи “Чархи гардун” розӣ буданд, Онҳо мегуфтанд, ки ин ҳафтаномаи занҳои бекору бозорнишин аст, на интеллектуалҳо.
Боре яке аз дӯстон ин мавуъро нохун кард. Ман гуфтам, ки дар ин масъала баҳс карданӣ нестам, чун ман асосан масоили сиёсиро инъикос мекунам. Вале барояш як ривоятеро қисса кардам.
Мардуми деҳае намоз намехонданд. Муллои муҳоҷире ба ин деҳа кӯч баста, оҳиста-оҳиста сокинони он деҳаро намозхон кардааст. Баъди чанд сол мулло аз онҷо кӯчидааст ва мардум як муллои дигарро оварданд.
Аз ин миён чанд вақт мегузарад, ки муллои нав ба хонаи муллои куҳна меояд ва эътироз мекунад, ки чаро ба мардуми он деҳа намозхониро ёд додиву таҳорат карданро не?
Муллои пештара мегӯяд, ки ҳазрат ба мардуми он деҳа, ки аслан намоз намехонд, ман намозхониро ё додам, акнун ту таҳорат карданро ёд деҳ.
Манзури ман ин буд, ки Акбар мардумро газетахон кард, агар ту ҳунар дошта бошӣ, сатҳи дониши мардумро болотар бардор, ки рӯзномаҳои ҷиддитарро хонад.
Аз ҳамон оғози рӯ овардан ба журналистика дарк кардам, ки ӯ аслан танҳо хӯрок намехӯрад. На субҳ, на чошт ва на шом. Ӯ ҳамеша ягон нафар ва ё чанд нафарро даъват мекард, ки ҳамроҳаш хӯрок хӯранд ва зиёфат ҳам аз ҳисоби худи ӯ буд.
Акбар воқеан инсони шӯхтабиат буд, бинобар ин, баъзан шӯхӣ мекард, ки “сағира”-ҳо, рӯзи чопи газета намуред, ки ман ҷанозаатон рафта наметавонам”. Дар асл, ҳамеша дар тамоми маросимҳои азои дӯстон ширкат мекард. Ба журналистони бемору дармонда ёрӣ мерасонд, ки инро аксарият дар доираҳои журналистӣ медонанд.
Боре пешаш даромадам, ки гуфт, ки яке аз ҳамкасбон беморхона афтидаасту ягон нафари хабаргир надорад, бинобар ин, ӯро рафта хабар гирифтан даркор. Азбаски худи Акбар бояд дар кадом ҷаласаи муҳиме ширкат мекард, хоҳиш кард, ки ману Наҷмиддин равем. Сипас ронадааш Юрий Степановичро даъват кард, ки моро беморхона бурда, баргашта орад. Вақти рафтан дар як конверт пул дод, ки ба ҳамкасби беморамон расонем.
Шоҳид ҳастам, ки агар ягон кормандаш бемор мешуд, кӯшиш мекард, ки пеши ягон духтури хуб равонаш кунад, дар ҳолатҳои зарурӣ барои хариди дору аз кисаи худаш пул ҳам медод.
Воқеан Акбар латифаву анекдоти зиёд медонист ва ҳар гоҳ, ки чизи ҷолибро мешунид, маъмулан дар бар қисса мекард. Боре қисса кард, ки аз Хуҷанд бояд ба Душанбе парвоз мекард. Азбаски шаб дар кадом ресторане нишаста буданд, бинобар ин даҳонаш бӯи арақ кардааст.
Кормандони фурудгоҳ бо ин баҳона гуфтанд, ки ба ӯ иҷозаи савор шудан ба ҳавопайморо намедиҳанд. Акбар шӯхӣ карда мегӯяд, ки вай нияти идора кардани ҳавопайморо надорад, балки дар салон ором менишинад
Тобистони соли 1999 ҳамроҳи Акбар ба Амрико сафар доштем. Дар фурудгоҳ қабл аз савор шудан ба ҳавопаймо қисса кард, ки Мақсудҷон Ҳусейнов, ки воқеан аз беҳтарин репортерҳои тоҷик буду дар “Чархи гардун “кор мекард, гуфтааст:
-Шеф, агар дар болои уқёнус яке самолёт афтад, парво накунед, дар поён наҷотдиҳандаҳо ҳастанд, шуморо наҷот медиҳанд.
Дар Амрико ман Акбарро хеле хуб шинохтам. Инсоне буд самимӣ ва хайрхоҳ. Як субҳ ба мо гуфтанд, ки бояд барвақт аз хоб хезем ва омодаи сафар ба шаҳри Сан-Франсиско шавем. Ҳамроҳи Акбар соати наздик ба 6-и субҳ, ба назди даромадгоҳи меҳмонхона баромадем, аз пешамон як марди сиёҳпӯст, ки либоси варзишӣ дар тан дошт, давида гузашт. Баъди чанд дақиқа боз баргашт ва вақте ки моро дид, омада салом кард, пурсид, ки киему аз куҷоем.
Тарҷумони мо профессор Краснов гуфт, ки инҳо аз Тоҷикистон ва меҳмони ҳукумати Амрико мебошанд. Марди сиёҳпӯст гуфт, ки агар инҳо меҳмони ҳукумати кишвари мо бошанд, пас меҳмони ман ҳам ҳастанд. Пурсидем, ки чӣ гуна? Гуфт, ки ман андозсупор ҳастам ва ҳукумат аз ҳисоби мо андозсупорандагон фаъолият мекунад.
Дар тӯли қариб як моҳ мо бо расонаҳои зиёде вохӯрдем ва Акбар кӯшиш мекард, ки ҳарчӣ бештар аз таҷрибаи ВАО-и амрикоиҳо биомӯзад ва дар Тоҷикистон тадбиқ кунад.
Барои Акбар идораи яке аз рӯзномаҳои бонуфузи амрикоӣ хуш омад. Дар ин идора хабарнигорон дар як толори калон менишастанд ва масъулон бидуни кадом мушкил аз кабинети шишабандӣ шудаи корӣ онҳоро метавонистанд наззора кунанд.
Баъди баромадан аз идораи ин расона гуфт, ки офиси идораашро ҳамин хел мекунад. Ӯ ҳамон ҷо тасмим гирифт, ки теъдоди ҳафтаномаҳояшро зиёд кунад. Ба ҳамин хотир ба маблағи қариб ҳазор доллар диктофону суратгир ва ғайра харид. Фурӯшанда гуфт, ки дар се моҳи ахир ин ягона нафаре аст, ки ба чунин маблағи нақд ашё мехарад.
Маъмулан аксар мусоҳибони мо намедонистанд, ки Тоҷикистон дар куҷост. Мо мегуфтем, ки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Мепурсиданд, ки кадом минтақаи Иттиҳоди Шӯравӣ. Боз ҳам кӯшиш карда мегуфтем, ки фалон минтақааш.
Вақте ки дидем намешавад, роҳи осонашро пайдо кардем, гуфтем, ки ҳамсарҳади Афғонистонем. Он вақт ҳукумати Амрико барои пайдо кардани иттилоот дар бораи Усома бини Лодини дар Афғонистон паноҳ бурда миллионҳо доллар ваъда карда буд.
Дар ҳамин сафар Акбар ба ман гуфт, ки сардабири як рӯзномаи русзабон маро таъин мекунад, аммо гуфтам, ки ман ҳоло таҷрибаи зиёди кори журналистиро надорам, бинобар ин, барои сардабирӣ тайёр нестам, аммо ҳамкорӣ мекунам.
Барои мо ҷолиб ин буд, ки амрикоиҳо дар навбати аввал ба хабарҳои шаҳру ноҳияи худ таваҷҷуҳ мекунанд, бинобар ин, ба хабарҳои байналмилалӣ алоқаи зиёд нишон намедоданд.
Баъди бозгашт Акбар ҳафтаномаи як замон машҳури “Вечерний Душанбе”-ро харид. Ин ҳафтанома муфлис шуд ва кормандонаш ба ӯ муроҷиат намуданд, ки онро аз нобудшавӣ наҷот диҳад.
Акбар ҳафтаномаро харид ва сардабири он Сайдалӣ Сиддиқро таъин кард. Ман тибқи ваъда бо он ҳамкорӣ мекардам. Баъдҳо ӯ пешниҳод кард, ки бо ҳафтаномаи “Дайджест-пресс” ҳамкориро ба роҳ монам.
Ин ҳамкорӣ беш аз 5 сол идома ёфт ва ман ҳар ҳафта муҳимтарин воқеоти сиёсиву иҷтимоии кишварро таҳлил мекардам.
Акбар наздики 10 сол раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд ва дар тӯли ин солҳо зиёд кӯшиш кард, ки мустақилияти ин созмонро нигоҳ дорад. Ба ҳамин хотир, мо бо шӯхӣ баъзан ӯро раис ва ё вазири журналистон меномидем.
Акнун наздики якуним сол мешавад, ки Акбари Саттор дар миёни мо нест, аммо ёди ӯ ҳамеша бо мост.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/farhang/13067-akbare-ki-man-meshinokhtam.html