Акбарали Сатторовро ба хок супурданд

Акбари Саттор , раиси Иттиҳодияи журналистон ва узви Комиссияи марказии  интихоботи Тоҷикистон имрӯз, 29 август дар зодгоҳашдеҳаи  Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо ӯ Усмон Сабзов — раиси ноҳияи Ҳисор, Муродалӣ Алимардон — роҳбари “Агроинвестбонк” ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва шумораи зиёди хабарнигорон аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Акбари Саттор рӯзи 28 август дар 50-солагияш аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Акбари Саттор бар асари сактаи қалбӣ дар манзили худ ҷон додааст.

 

http://pressa.tj/article/%D0%B0%D0%BA%D0%B1%D0%B0%D1%80%D0%B0%D0%BB%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D1%82%D1%82%D0%BE%D1%80%D0%BE%D0%B2%D1%80%D0%BE-%D0%B1%D0%B0-%D1%85%D0%BE%D0%BA-%D1%81%D1%83%D0%BF%D1%83%D1%80%D0%B4%D0%B0%D0%BD%D0%B4

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *