Доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов муовини сармуҳаррири нашрияи ҳизбии ҲХДТ – “Минбари халқ” таъин шудааст.
Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” ба TojNews гуфт, ки бо қарори Раёсати ҲХДТ Абдулвоҳид Шамолов ба ин вазифа таъин шудаанд. 23-юми июл муаррифии ӯ дар идораи нашрия баргузор шуд. Қаблан, дар вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ кор мекард.
Абдулвоҳид Шамолов 57 сол дошта, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ ва илмӣ кор кардааст. Ҳанӯз дар замони донишҷӯияш дар охирҳои даҳаи 70-и асри гузашта дар вазифаи тарҷумон дар Афғонистон кор мекард.
Ӯ дар вазифаҳои сардори раёсат дар Кумитаи кор бо ҷавонон, муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷират, баъдан аз соли 2004 то 2009 сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ буд. Соли 2009 директори Институти фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ таъин мешавад. Соли 2011 баъд аз мутаҳид шудани Институти фалсафа бо Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ кор кардааст. Моҳи апрели соли 2015 аз ин вазифа барканор шуд.
Яке аз олимони пуркори тоҷик буда, муаллифи зиёда аз 14 монография ва 170 мақолаҳои илмӣ мебошад. Корҳои илмиаш дар Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Белгия, Аргентина ва ғайраҳо ба чоп расидаанд.
Ӯ аз ҷумлаи муҳаққиқони таърихи фалсафаи тоҷик аввалин шуда андешаҳои фалсафию иҷтимоии мактаби фалсафии Мовароуннаҳрро таҳқиқ кардааст. Инчунин, дар вазифаҳои раиси Шӯрои дифо, ҷонишини раиси Шӯрои дифо, аъзои Шӯрои дифо ва раиси Шӯрои илмии Институт будааст. Таҳти роҳбарии илмии ӯ 23 номзад ва 1 доктори илм дифои рисола намудаанд.
Аз соли 2009 то имрӯз дар филиали Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз фалсафа ва сотсиология дарс медиҳад.
Ӯ дар вазифаҳои сармуҳаррири маҷаллаҳои илмии “Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ”, “Маҷаллаи илмҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ”, муовини сармуҳаррири “Маҷаллаи академии ҳуқуқ” ва “Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Силсилаи фанҳои ҷамъиятшиносӣ” кор кардааст. Тайи шаш соли охир раисии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Туркия низ будааст.
Абдулвоҳид Шамолов дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ оид ба илму техникаи Кумитаи кор бо ҷавонони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи академик М.Осимӣ оид ба илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои ҶТ мебошад.