Деҳаи Ширкенти Тоҷикистон ҳамагӣ чанд километр дуртар аз марзи Узбакистон воқеъ аст. Сокинони ин рустои ноҳияи Турсунзода солҳо боз бе барномаи телевизионҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Зуҳриддин, омӯзгори мактаб, ҳафтаи равон дар сӯҳбат бо хабарнигорони мо гуфт, ки чандин бор антеннаҳои гуногун харид, вале ҳатто беҳтарини онҳо телевизиони Тоҷикистонро танҳо рӯзона намоиш медиҳад.
Баъзе сокинони русто, ки мавҷпароканҳои моҳвораӣ доранд, мегӯянд, сифати пахши барномаҳо дар инҷо хуб нест. Сокини маҳаллӣ Абдунабӣ умедвор аст, ки ин мушкилро ниҳоят мақомот ҳал мекунанд. Чунки, ба қавли ӯ, аз вуҷуди он хабар доранд.
Дар наздикии ин русто аллакай “ретранслятор” насб шудааст. Аммо мавҷи он заиф буда, зуд-зуд аз кор мебарояд.
Дар хоани Абдунабӣ рӯзҳои софу беғубор садои чанд шабакаи телевизиони Тоҷикистонро шунидан мумкин аст, аммо тасвир пайдо намешавад. Мардум дар русто ба ҷуз аз тамошои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ тариқи антеннаҳои моҳвораӣ тақрибан ҳеҷ саргармие надоранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: