Шикояти рӯзноманигор аз пешниҳоди порагирии корманди ВКД

Маҳдӣ Собиров, рӯзноманигори тоҷик бо нашрия як нома ба вазири корҳои дохилии кишвар, Раҳимзода Рамазон Ҳамро муроҷаит карда мегӯяд, ки як корманди ин ниҳод бо пешниҳоди пора кори ӯро ҳал кардан мехост.

Ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навиштааст:

«Ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Рамазон

Ҷанби вазир! Дирӯз бояд барои 2 фарзандам маълумотномаи Маркази ахборотии ВКД-ро мегирифтам. Ба ин хотир ба ин ниҳод қадам ранҷа кардам. Ба ман яке аз кормандони ин ниҳод гуфт, ки ҳоло мо бояд 10 ҳазор нафарро аз тафтиш гузаронем. Баъди 20 рӯз навбати Шумо мерасад. Агар хоҳед, ки коратон дар 1 рӯз ҳал шавад 300 сомонӣ дихед. Пагоҳ омада маълумотномаҳоро гиред.

Муҳтарам Вазир! Ин пеншниҳоди кормнди ин мақомот маро хеле ҳайратзада кард. Зеро мо солҳо боз барои сохтани як давлати демократӣ-ҳуқуқбунёд ва дунявӣталош карда истодаем. Дар кишварҳои пешрафта ҳар як шаҳрванд чунин маълумотномаро бе ягон маблағ аз тарқи компютер дар манзили зисташ мегирад. Зеро онҳо кайҳо ниҳодҳои худро ба ҳукумати электронӣ пайваст кардаанд. Шумо кай бо чунин шеваи кор мегузаред, ки мо дигар афту андоми ришвахоронро набинем? Дигар ин ки мо, рӯзноманигорону таҳлилгарон пайваста дар бораи ришваю баландии нарх дар бозорҳо мегӯему менависем. Вале бинетон, ки дар яке аз қанатҳои муҳими ВКД ба корафтодаҳо чӣ гуна муносибат мекунанд? Ин амалу бархурди онҳо нобоварии мардумро нисбати мақомоти милиса бедор мекунад.

Ҷаноби Вазир! Боварӣ дорам, ки фаъолияти ин ниҳодро зери назорати қатъӣмегиред.

Ба ҳамаи кормандони ин мақом хизмати шоиста ба миллат тамано дорам.

Бо эҳтиром Аълочии Фарҳанг ва Матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Маҳдӣ Собиров».

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14098-shikoyati-r-znomanigor-az-peshni-odi-poragirii-kormandi-vkd.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *