Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи реклама” ҷонибдорӣ карданд.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон имрӯз, 31 май зимни муаррифии лоиҳа дар Маҷлиси намояндагон гуфт, бар асоси тарҳи қонун минбаъд сарпарастии реклама аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки машрубот ва тамоку истеҳсол мекунанд, манъ аст. Ӯ гуфт, бар асоси ин тарҳ, сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар радио ва телевизион, новобаста аз шакли фаъолияташон манъ мебошад.