Муҳиддин Идиев барандаи Ҷоизаи Муродуллоҳ Шерализода шуд

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо баргузории як озмун бо номи «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» номи барандаи онро, ки Ҷоизаи Муродулоҳ Шерализода унвон шудааст, дар маросими ботантана эълон кард.

Ҷоизаи махсус — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода шоми 6-уми май дар чорабинии мутантан дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси Душанбе» ба рӯзноманигор Муҳиддин Идиев тақдим карда шуд.

Ин Ҷоиза соли 2016 аз ҷониби Гурӯҳи муассисон ва мушовараи  ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таъсис ёфта, бори аввал ба баранда супорида мешавад.

Зимни суханронӣ сармуҳаррир ва раиси гурӯҳи мушовирони «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур иброз намуд, ки ҷоизаи мазкур барои гиромидошти хотири журналистони қурбоншуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, соле як маротиба ба беҳтарин қаламкаш супорида мешавад. Аввалин озмун барои дарёфти ин ҷоиза зери унвони «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» тӯли ду моҳ тариқи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» идома ёфт.

Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода, ки аъзои ҳайати ҳакамони озмун буд, зимни супоридани ҷоиза ба ғолиб қайд кард, ки ташаббуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» барои таъсиси чунин як ҷоиза сутуданист: «Мавзӯи озмун, яъне «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» ҳам дар замони муосир бисёр акталӣ аст. Вақте матлабҳоро мехондам, ба хулосае омадам, ки решаҳои одамгарӣ ҳанӯз дар ҷомеаи мо устувор аст. Албатта ҳамаи маводҳои нашршуда махсусияти худро доштанд ва моҳирона навишта шуда буданд, аммо чӣ илоҷ, ки ғолиб ҳамеша якест».

Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода нишони сарисинагӣ буда, ҳамасола бо эълони озмун  дар мавзӯи мушаххас ва натиҷагирӣ аз он ба ғолиб эъто мегардад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13815-mu-iddin-idiev-barandai-oizai-murodullo-sheralizoda-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *